ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Ҳасан Қудратзода, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз н.Кӯшониён занг зада (тел: 989050019), гила аз хизматрасонии Маркази миллии тестӣ кард.

    - Аҷиб дар он аст, ки пеш аз дохилшавӣ ба дилхоҳ донишгоҳ тариқи ММТ, ҳатман дар суратҳисоби донишгоҳ бояд 250 сомонӣ пардохт кард. Раваду фарзанди ману шумо аз имтиҳоноти тестӣ нагузарад, ин маблағ ба ҷайби кӣ меравад? Дар ҳар мавсими дохилшавӣ ба донишгоҳҳои минтақаи ш.Бохтар агар хато накунам тақрибан то 20 000 нафар довталабон бахти худро месанҷанд. Бо ҳисоби оддӣ агар 20 ҳазор 250 сомонӣ диҳанд, 5 млн сомонӣ мешавад!  Пурсиданиям, агар фарзанди ман донишҷӯй нагардад, 250 сомонӣ ба ҷайби кӣ меравад?! Оё ман ин маблағро бозпас гирифта метавонам?

Аз идора: Хонандаи гиромӣ! Ба самъи шумо мерасонем, довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ мебошанд, бояд барои хизматрасонии ММТ 240 сомонӣ пардохт кунанд, на 250 сомонӣ. Дар бораи хизматрасониҳои пулакии ММТ, чи қадар пардохт намудани маблағ ва шарту шароити бозпас гирифтани он дар матлаби мухбири мо Омирона Достиева дар саҳифаи 10, дар ҳамин шумора маълумот дода шудааст. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter