Принт

Кӯдак Рӯз дораду рӯз не!!!

 

Дарси муаллим ар бувад зам-замаи муҳаббате,

Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро…

1 июн, чун анъана Рӯзи Ҳуқуқи Кӯдакон аст! Ба таҳқиқ рӯзе, ки бояд аз он истиқбол кард. Зеро ягона инсоне, ки худ қобилияти ҳифзи ҳуқуқи хеш надорад, албатта, кӯдак аст. Вале то рӯзе, ки калон мешавад. Чу калон шуд, мисли ману ту, хонандаи ин сутур, аз кӯдаку аз ҳуқуқҳои ӯ фаромӯш мекунад. Ба забони дигар ҳамаи мо замоне кӯдак будем, вале чун калон шудем ба кӯдакон рӯз намедиҳем. Рӯзи 1 июн не, умуман рӯз намедиҳем, ба забони Бобои Ғуломи таърихиву таърифӣ «ғамашон медиҳем».

Чун сӯҳбат дар бораи бобои Ғулом рафт, бояд қайд кард, ки шахсан ӯ, яъне Бобои Ғулом ҳуқуқи кӯдаконашро ҳифз мекард. Мисол мехоҳӣ, хонанда? Марҳамат.

-Нимашабе Бобои Ғулом, ки он замон танҳо Ғулом Шарипови ордендор буд, аз кор лакоту афгор меояд. Кӯдаконаш, ба вежа Алии кӯчак, ки ҳоло бо исми гӯшнавози «Алӣ Беспредел» маъруфу машҳури шаҳри Кӯлоб аст, шаби дароз падарашро рӯз намедиҳаду саволборон мекунад:

-Ота моҳтоб чаро намеғалтад? Отаҷон, чаро ситораҳо шаб ҳастанду рӯз не. Ота-отааа, чаро офтоб шаб намебарояд???

Ба ин ҳама суолоти кӯдакона посухи Бобои Ғулом қотеъона ва файласуфона 1  буд:

-Кори Худо бачам, кори Худо…

Ахиран модари Алӣ ба дод омада, бонг мезанад:

-Хоб кун, отата ғам нате, бо саволҳои бисёрат!-ки Бобои Ғулом файласуфона аз ҳуқуқи кӯдакаш ҳифз мекунад:

-Очаи Алӣ! Ҳамин гапота дигар нагӯ! Агар кӯдак савол надиҳаду ман ҷавоб, ҷаҳонбинияш аз куҷо инкишоф меёбад???

…Шояд касе хандид? Вале 1 бор фикр кардӣ, хонанда, ки кай бори ахир бо кӯдакат суолу ҷавоб кардаӣ? Бигзор содаву примитив, аммо суолу ҷавоб охир! Бовар дорам, 99% ба андеша рафтанд, ки ин моҷаро кай иттифоқ уфтода буд. Пас мову шумо «донишмандони аср» падари хубем, ки аслан бо тифли худ гап намезанем ва ё Бобои Ғуломи содафеъл, ки ба ҳама саволоти кӯдаконаш ҲАТМАН посух мегуфт???!!!!

            Ва ана ҳамин кӯдакони мо дар ҷамъияти имрӯза, ки даъвии ҳуқуқбунёдӣ дорад, усулан ҳаққу ҳуққ надоранд! Далел мехоҳед? Марҳамат:

-Ҳамасола кӯдакони мо дар дарёҳо ғарқ мешаванд? Мешаванд! Вале касе парвое надорад, ки ин атфол ҷои оббозӣ умуман доранд ва ё на?

Бигирем Душанбеи азизро, ки соат ба соат ободу зебо мешавад. Кӯдак, ки сар аз 1 июн таътил мешавад, дар кӯҷо оббозӣ кунад? Дуруст мегӯед. Дар Аквапаркҳо!!! Вале оё медонед ҷанобони кисаварам, ки 90% атфоли тоҷик пули оббозӣ дар ин поркҳоятонро надорад? Зеро маоши волидайн, агар бисёр кӯдакдӯстдор низ бошанд, ба 2-3 рейди кӯдакашон ба ин аквапаркҳои дакаданг, хушрӯ, зебо, замонавӣ… мерасаду халос.

Хуб кардед, ки фикри кӯдакони сарватмандонро кардед. Вале андешаи атфоли камбағалро кӣ мекарда бошад?

-Ва ин аст, ки интернет пур аз гиряву нолаву доду фиғони кӯдаки тоҷик шудааст. Стоп! Муҳтарам Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон (ниг.ба акс)! Шумо, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ мебошед, чаро аз ҳуқуқпоймолкунии атфол дар интернет ҷилав намегиред? Арабшо-компанияву Дон Жуанҳои масхарабоз миллатро масхараву кӯдаконро хандахариши омма месозанду Шумо чаро хамӯшед? Чаро ин масхарабозон барои ба даст овардани 4 тангаи нангин кӯдаконро мегирёнанду ба талбандагии рӯирост тела медиҳанду шумо хомӯшед?

Оё медонед, ки ҷароҳати равонӣ (психо-травмае), ки ин атфол мебардоранд, даҳсолаҳо дар номаи аъмолашон баста мешаваду шуста не? Ягон бор дидаед, ки дар расонаҳои хориҷии дуру наздик симои 1 кӯдакро нишон дода бошанд? На дидаед ва на мебинед. Зеро дар ун кишварҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ингуна афродро дар ҷояш суд мекунад! Зеро профессионал аст. Шахсан ман, рости гап, намедонам, ҳамин мақом, яъне Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон бо чӣ кор банд ва оё умуман лозим аст, агар дар қиболи 4 масхарабоз, ҳуқуқи кӯдакони тоҷикро ҳифз карда натавонад?

Рӯиҳамрафта ман 100% бовар дорам, ки Ваколатдори арҷманди мо, ҳамарӯза ҳоли табоҳи лӯлибаччаҳоро мебинад, ки тобистону замистон урёну нимабараҳна бо талбандагӣ машғуланд ва шояд худи Миҷгона Бобоҷон худаш низ 1-2 сомонӣ ба онҳо хайр кардагист. Зеро дилаш месӯхтагист-ку бар ҳоли зертобеонаш, ба ҳоли атфоле, ки аз пушти онҳо маош мегирад! Вале чаро ин Омбудсмен пеши роҳи ин ҳуқуқшикании атфолро намегирад? Ё ҷӯгӣ одам нест-мӣ?

Ваколатдоре, ки атфоли  ҷӯгиро аз ситами волидайн ва кӯдакони тоҷикро аз масхараи 4 артист халос карда набитвонад, ба чӣ кор ояд?

Имрӯз ба фикрам соате расида, ки Ҳукумати Марказӣ оҷилан ва фавран аз ҳуқуқи атфол пуштигир шавад ва нагузорад, насли наврасро тариқи интернет ва тавассути кӯчаву хиёбон ба гадоӣ бароранд.

Ваколатдори муҳтарам бошад, фаромӯш накунад, ки кӯдак ҳам Одам аст ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак барои Давлате, ки худро соҳибистиқлол мехонад, ШАРАФ!!!

Сахт гуфтам? Мо Метавонем!

PS: Шарҳи байти болоӣ: Агар мо воқеан ба кӯдакони хеш муҳаббат дорем, онҳо ҳатман рӯ сӯи илму маърифат меоранд ва ҳатто рӯзҳои истироҳат (ҷумъа дар кишварҳои мусалмонӣ рӯзи бозор, яъне истироҳат аст), низ ба мактаб хоҳанд рафт, коре, ки атфоли талбандаву ҷӯгӣ бараксашро мекунанд…

 

Матлабҳои дигар