ХАБАРИ ДОҒ

Чанд суол моро азоб медиҳад ва мо посухи онро аз раиси ҶСШК “Барқи тоҷик” бесаброна интизорем:

- Чаро ҳангоми пардохт намудани маблағи қувваи барқ дар қисмати поёни варақаи боварӣ ё ин ки расид (чек) бақияи қарз нишон дода шудааст? Ҳол он ки маблағи қувваи барқи истифодашуда пурра ва мунтазам аз тарафи аҳолии кишвар  пардохт карда мешавад. Пас бақияи қарзи барқ аз куҷо пайдо шуд?

- Оё ин ҳама маблағҳое, ки аз мардуми кишвар ситонида мешавад, ба буҷаи давлат меравад ва ё ба кисаи кормандони “Барқи тоҷик” (ба ибораи халқ “Светбинак”, контролёр)?

- Чаро кормандони сатҳи поёнии “Барқи тоҷик” зуд-зуд иваз мешаванд?

- Маоши кормандони “Барқи тоҷик” (ба ибораи халқ “Светбинак”, контролёр) чӣ қадар аст?

- Оё корманди “Барқи тоҷик” метавонад бо маоши 1 ё 2 моҳаи худ соҳиби мошинҳои гаронарзиш шавад?

- Чаро хомӯш кардани қувваи барқ ба ҳукми анъана даромадааст?

- Чаро ҳангоми вазидани шамоли сахт садамаи ноқилҳо сурат мегирад ва барқ хомӯш карда мешавад?

- Чаро сол аз сол қарзи “Барқи тоҷик” зиёд шуда истодааст?

Интизори посухи масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ҳастем! Мо Метавонем!!!

Зиёвиддин Бӯриев,

ш. Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter