Принт

Миллатро гадо накунед!

 

Салом СССР-и азиз! Тақрибан 2 моҳ пеш тавассути саҳифаҳои иҷтимоии Инстаграм, Ютуб ва Фейсбук садамаи 1 автобусро бо 7 таксӣ дида будам. Садамаи нақлиётӣ бо айби ронандаи автомашинаи мусофиркашони ККВД "Автобус-1" хатсайри-33, рақамҳои қайди давлатиаш 5787ТТ05, шаҳрванд Назар Назарови 36-сола сар зада буд. Номбурда ҳангоми ҳаракат дар х.Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабаби кайфи нос ва рӯза будан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаҳои дар канори роҳ таваққуфбуда бархӯрдааст. Мардуми мо, ки дунболи ҳаёҳӯйанд, аз ронанда қаҳрамону қурбонӣ сохта, дарҳол суратҳисоб кушодаву пул ҷамъ карда, ба хонаводаи ронанда бурда доданду ширкатҳои хизматрасонии таксӣ таъмири мошинҳоро ба гардан гирифтанд. Ин албатта хуб аст, вале илоҷи кор нест! 
Ҳамин ронандаи автобус пас аз садама ба фикрам аз рондани нақлиёт то муддати 5 сол маҳрум гашт, бо пули ҷамъкардаи мардум шояд то 1 соли дигар зиста, хонаву дарашро обод кунад, аммо баъд чӣ? Шояд боз рӯ ба гадоӣ меоварда бошад? Зеро роҳи осони пулкоркунӣ ва нонёфтанро дид-Интернет-гадоӣ!  
Миллати мо воқеъан рӯ ба Интернет-гадоизм овардаанд. Мӯҳтарам блогерҳои хайрхоҳ, лутфан аз ин роҳи барои миллат нангин даст кашед. Бас кунед, зеро бо ин коратон миллатро ба вартаи гадоизм кашида истодаед
  • Ҳаким Назиров, ш.Душанбе

Матлабҳои дигар