Принт

50 дирам хариданду 3,5 сомонӣ фурӯхтанд

 

Ҷамшеди Маҳмадраҷаб, хонандаи ҳамешагии газетаи СССР аз н. Кӯшониён ба идораи СССР занг зада (тел:83222204), шикоят аз тоҷирону савдогарони бозор кард.

   - Дар хона ниҳолҳои олуча, зардолу ва олуболу дораму аз ҳосили онҳо зиндагиамро камубеш пеш мебарам. Имсол низ дарахтонам пурмева гаштаст. 1 рӯз аз боғам зиёда аз 50 кг олу чинда ба бозор бурдам. Тоҷирону савдогарони мевафурӯш 1 кг олуро бо нархи 50 дирамӣ аз ман харидорӣ карданд, ки ҳатто пули харҷи роҳкиро ҳам нашуд. Дафъаи дигар маҷбур шуда, ба бозори маркази ш.Бохтар-«Фаровон» ҳосиламро бурдам. Дар он ҷо низ бо ҳамин нарх меваҳоро савдогарон аз ман харидорӣ карданду ҳамон олуи аз ман 50 дирамӣ харидаашонро дар ҷояш 3,5 сомонӣ фурӯхтанд.

Матлабҳои дигар