ХАБАРИ ДОҒ

Асрори маслиҳатчии Кохи сафед

  • Чоршанбе, Июн 22 2022

 Воқеаҳои ахири Бадахшонро тамошо карда, ба ҷинояткорон нафратам афзуд. Тааҷубовар ин аст, ки дар чунин амали хиёнаткорона 1 нафар зан нақши асосӣ бозидааст. Дуруст мегӯянд: “Асои Худо садо надорад, агар бизанад даво надорад.” Ин зан Улфатхоним Мамадшоева аст, ки 1 бор аз оилаи солим бенасиб гашта, аз ҳукми тақдир дарси ибрат нагирифт. Ӯ ҳато эҳтироми пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Имоми замон-Оғохони 4-ро арҷ нагузошт. Ҳол он, ки ин марди шариф ба мардуми Бадахшон бетаваҷҷуҳ набуд ва аз онҳо борҳо даъват кардааст, ки қонунҳои кишвари дар он зиндагикунандаро бечуну чаро риоя намоед. Аммо он чӣ, ки дар Бадахшон гузашт хилофи ин таъкид буд ва саркардаҳо теша ба решаи худ зада, садҳо ҷавони хомхаёлро қурбони дасиса ва манфиатҳои худ ва хоҷагони хориҷиашон карданд. Ин гуна амал маънои ба мазҳаб ва эътибори Ҷаъфари Содиқ-писаронаш Исмоил, Муҳаммад, Ҳасани Сабоҳу Носири Хусрав ва билохир Имом Замон нохун заданро дорад.

Воқеаҳои Бадахшон ҳушдор медиҳад, ки кишвари мо-Тоҷикистон дар муносибат бо ВМКБ аз ҳарвақта дида бештар ҳушёр бошад то якпорчагии худро ҳифз кунад. Зеро ин минтақа аз лиҳози геополитикӣ хеле муҳим аст. Чун дар он суяш абарқудрате бо номи Чин хуфтааст ва яқин абарқудрати дигаре мехоҳад, дар таги бинии он қарор гирад. Эҳтимол ба ин хотир зодагони Бадахшон дар хориҷи кишвар дастгирӣ меёбанд. Фарзи мисол, то Қасри Сафед роҳ ёфтани 1 бадахшонидухтар чӣ маъно дорад? Чаро дар Амрико хостаанд, ҳатман аз Бадахшон маслиҳатчӣ дошта бошанд? Оё амрикоҳо то ин ҳад бесавод шудаанд, ки ба мушовирии мо ниёз пайдо карданд? 1 ҷавондухтар ба Ҷо Байдени “пири хирад” чӣ маслиҳат дода метавонад?  Зери ин косаҳо садҳо нимкоса аст, ки давлат, шаҳрвандон ва аз ҳама пеш бояд мардуми шарифу сарбаланди Бадахшон огаҳ бошанд.

Сафаров Талбони Мункӣ,
н.Вахш

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter