Принт

Душанбе: 25% то 33% ба кисаи ронанда

МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» мақолаи «Ронанда кай истироҳат кунад?»-ро, ки дар рӯзномаи СССР ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, доир ба камбудӣ ва масъалаҳои дар мақола пешниҳодгардида, чунин маълумот медиҳад.

-Тайи солҳои охир бо харидорӣ ва истеҳсол гардидани шумораи зиёди автобусу троллейбусҳои нави муосир ва сафарбар намудани чунин нақлиёти замонавӣ дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе ва инчунин бо амалишавии лоиҳаи низоми пардохти электронии ҳаққи роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти истифодаи умумии пойтахт, имкон фароҳам оварда шуд, ки сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар шабакаи хатсайрҳои мусофирбарии пойтахт, хубтару беҳтар гардад.

Бо мақсади интиқоли саривақтии мусофирон тавассути хатсайрҳои автобусӣ ва троллейбус дар пойтахт ҳамарӯза дар басти 2-юм зиёда аз 350 адад автобусу троллейбусҳо ба хатсайрҳо сафарбар гардида, ба мусофирон хизмат мерасонанд. Доир ба рӯзҳои истироҳатии ронандагон метавон зикр намуд, ки тибқи ҷадвали тартибдодаи корхонаҳои коммуналӣ дилхоҳ ронанда баъд аз басти корӣ ба истироҳат фаро гирифта мешавад. Оид ба сафарбар намудани ронандагон ба курорт ҳаминро бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Иттифоқи касабаи корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ пайваста дар ин самт тадбирҳо андешида шуда ронандагон ба курорт фаро гирифта мешаванд.

 Бояд зикр намуд, ки яке аз имтиёзҳои муҳим ва авалиндараҷае, ки барои ронандагони автобусу троллейбусҳо дар пойтахт дода шудааст ин таъмини онҳо ба хона дар хобгоҳҳои дар тавозуни корхонаҳои коммуналӣ қарордошта мебошад. Таври маълум бо амалишавиии лоиҳаи низоми пардохти электронии ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умумӣ сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ба маротиб хубтару беҳтар гардида, маоши ронандагон нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд гардидааст. 

 Бояд тазаккур дод, ки ҳама ронандагони хатсайрҳои автобусӣ ва троллейбусӣ дар пойтахт бо корти бонкии БДА «Амонатбонк» таъмин гардида, ронандагон метавонанд маоши ҳаррӯзаи худро, ки ба таври электронӣ пардохт карда мешавад, сари вақт дастрас намоянд. Маврид ба зикри хос аст, ки аз маблағи ҷамъоваришудаи ронандагон тариқи ғайринақдӣ (пардохт бо корти нақлиётӣ) ҳамарӯза ҳудуди 25% то 33% маблағи мазкур ҳамчун маоши ронанда дар корти онҳо пардохт карда мешавад, ки ин аз ғамхории муҳими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбат ба ронандагони нақлиёти истифодаи умуми пойтахт дарак медиҳад.

 Дар мавриди ҷаримабандии ронандагон ҳаминро бояд зикр намуд, ки ҳеҷ яке аз ронандагони автобусу троллейбус аз ҷониби масъулини корхонаҳои нақлиётӣ ҷаримабандӣ нагардида, балки маблағҳои ҳаққи роҳкироро, ки мусофирон ба таври нақдӣ пардохт намудаанд аз ронандагон ситонида шуда, ба суратҳисоби корхонаҳои коммуналӣ (тавассути валидатор) гузаронида мешавад.

Ҳ.Fаниев, директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»

Матлабҳои дигар