Принт

Пӯшидани чакан аз завқи меҳмон аст

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешниҳоди сокини ш.Душанбе Аслам Нуров, ки дар ҳафтаномаи «СССР» №48 (741) аз 01.12.2022 зери унвони «Тоқӣ ба сару чакан ба тан» рӯи чоп омадааст, чунин посух медиҳад:

-пӯшидан ва ба бар намудани либоси миллии тоҷикӣ ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба марзи Тоҷикистон ворид мегарданд, ба хоҳиш ва завқи онҳо вобастагӣ дорад.

Аз рӯи расму оини аҷдодӣ, ҳангоми пешвозгирии меҳмонони олиқадри хориҷӣ пешниҳоди намунаҳои либоси миллӣ ба онҳо, ки ифтихор аз ватану ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллиро ифода менамояд, мувофиқи мақсад мешуморам.

Д. Сафарзода,

муовини вазир

 

Матлабҳои дигар