ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷиталбон кай барҳам мехӯрад?

  • Чоршанбе, Май 24 2023

Теъдоди ҳоҷиён дар ноҳияи Файзобод бомаром зиёд шуда истодааст. Дар як деҳаи Фатҳободи ҷамоати 30-солагии Истиқлолият даҳҳо нафарро мушоҳида кардам, ки имрӯз, ки ҳоҷӣ шудаанд. Онҳо акнун бояд дар байни мардум вохӯриҳои судманд гузаронида, ба мардум ҳушдор диҳанд, ки аз амалҳои ношоиста, пайваст шудани ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву ифротгароӣ, тундгароӣ, мардумфиребӣ даст кашида, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҷаҳонбинию ҷаҳондонӣ, ватандӯстию ватандорӣ ободонию созандагиро пеша намоянд. Боре надидаам, ки ҳоҷиён дар ин бора ба мардум суҳбату вохӯриҳои судманд доир карда бошанд.

Тибқи қонуни танзим ҳоҷибинону ҳоҷиталбон манъ карда шудааст, аз чӣ сабаб бошад, ки шуъбаи танзими анъана ва ҷашнҳои миллии ноҳия пеши роҳи ҳоҷибинону ҳоҷиталбонро намегирад?

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter