Принт

Сафаргуфтаи Шерозӣ...

Бо лутфи табъ мардуми Шероз, аз Камол,

Бовар намекунанд, ки гӯям хуҷандиям...

 

 Сулҳиддин ва шарофату шафоати ӯ

11.05.2023. Соат ба вақти Душанбе 18:17 дақиқа. Сулҳиддин, корманди мақомоти қудратии Хуҷанд, ки зодаи деҳаи хушманзараи Хушобаки Данғара будааст, моро бо гурӯҳи дӯстони «Файзалӣ &Co» ба шомгоҳӣ даъват намуд. Маълум шуд, ки Сулҳиддин (ростӣ насабашро намедонам) бо эҷодиёти устод Файзалӣ Ҳасан сахт алоқамандӣ доштаву мутаассуф ба консерти зиндаи устод, ки 09.05.2023 баргузор шуд, даъватнома наёфтааст. Зимнан мехост, шахсан аз 75-солагии ӯ ҷашн бигирад ва садои зиндаашро бо ҳузури дӯстонаш бишнавад.

Ин нишаст аз 2 ҷиҳат Позитив, яъне хушбинкунанда буд:

1.    Ҷавонони ҳамсолони Сулҳиддин ҳама шефтаи сухани воло ва мусиқии ноби клоссикии Тоҷик будаанд (аксарият фикр дорем, ин насли аздастрафтаи рэпу миноҳоянд);

2.    Ҳамаи онҳо кормандони мақомоти қудратӣ буданд. Яъне ин мақомот фарҳангхез аст на маданиятситез, ки фикр доштему доррремммм. Мо метавонем!

Чаро дар ин бора менависам? Зеро сафари мо ба Теҳрону Шероз аз ҳамин маҳфили Данғара-Хуҷандӣ сар шуддд...

 

 

Садои ошно

11.05.2023. Соат ба вақти Душанбе 21:30 дақиқа. Тилфонам садо дод. Чун гӯширо вардоштам, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ буд, ки аввал пӯзиш хост, ки бевақт занг мезанад ва баъдан пурсид, ки «Оё хоҳиши сафар ба Эрон ва ширкат дар ҷашнвораи Китоб»-ро дорам? Гуфтам, агар дӯстони сари ҳамин миз нишаста, ки ҳама фарҳехтагони фарҳангу ҳунар ва журналистикаи муосиранд, бо ман раванд, пас ҳа, меравам. Андаке андеша кардаву сипас гуфтанд, ки бар газетаи мардумӣ ва хондании СССР эҳтиром қоиланд ва дӯстони моро низ даъват мекунанд.

Аз ҳозирин пурсидам, кӣ мехоҳад ба Эрон равад? Аксарият гуфтанд меравем, бархе бовар накарданд, ки 1 рӯз ба баъд ва он ҳам якшанбе, дар ин фосилаи кӯчак метавон сафар кард. Хулласи калом, инҳо омодагии сафар карданд:

- Одили Нозир, Бузургмеҳри Баҳодур (журналистон) Тоҳири Назар (коргардон), Ҳотами Равшан, Файзигул Юсуфӣ, Руъё (ҳунармандон), Шоирабону, ки қаблан номнавис будааст ва каминаи камтарин.

Ҳайрати моро ҳадду ҳуд набуд, чун Ороста – консули сафорати Эрон фардо занг задаву гуфтанд, ҳамаи шуморо дар фурудгоҳ интизорем. Ба Теҳрон мепарреееддд...

 

Дар ва бо фурудгоҳ

Хизмататон арз кунам, ки хушбахтона муносиботи 2 кишвари муштаракулфарҳанги адабӣ замони ахир гарм мешавад ва омаду рафт низ қариб мушкиле надорад. Ба вежа, ки раводид ё худ Виза тақрибан расмӣ вуҷуд дораду бас. Дар ҳар сурат, на дар Душанбе ва на дар Теҳрон касе визаи моро нанигарист! Ҳоло интизорӣ меравад, ки сар аз моҳи август виза умуман лағв шавад ва сокинони 2 давлати ҳамзабон бидуни раводид ба мамлакатҳои ҳамдигарӣ сафар кунанд. 1 моҳ бе виза ва он ҳам дар 3 моҳ 1 бор. Яъне агар шумо ба Эрон ё Тоҷикистон меоед, пас бидуни виза меоед ва 1 моҳ истиқомат карда, 3 моҳи дигар ҳуқуқи равуо надоред. 3 моҳ пас метавонед боз бе виза равед. Ин хеле хуб аст...

Дар ҳавопаймо бо гурӯҳи раисони вилояти Хатлон дидор кардем, ки барои рушди ҳамкорӣ бо устони Хуросон сафар доштанд. Раисони навоҳии ин вилоят бо сарварии раиси вилояти Хатлон - Давлаталӣ Саид мерафтанд. Бо муҳтарам Давлаталӣ Саид тӯли ним соат сардабири СССР суҳбати бевосита дошт ва ба хулосае омадем, ки таҳти раёсати ӯ ин вилоят хеле рушд хоҳад кард. Зеро Давлаталӣ Саид яке аз стротегҳои хуби рушди иқтисодист ва на беҳуда ӯро ба ин устондорӣ ба кор овардаанд. Нақшаву барномаҳои устондори нави Хатлон низ хеле Позитив ва хушбинкунандаанд. Ва аммо дар бораи нақшаву тарҳу проектҳои ӯ дар ояндаи наздик суҳбат хоҳем кард. Ҳоло ҳадафи мо сафаргуфтаи эронист. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

 

Дар ва бо Теҳрон

14.05.2023. Соат ба вақти Душанбе 23:44 дақиқа. Парвоз кардем. Бе ягон мушкил. Агар ба назар нагирем, ки чанде аз кормандони мақомот бо усули дақюнусӣ ҳанӯз ҳам дар симои ҳар мусофире, ки сӯи давлатҳои хориҷӣ меравад, «хатар» мебинанд. Воқеан ҳам бо инҳо БОЯД суҳбати вежа кард. Зеро ОНҲО симои №1 барои Давлати Дунявӣ ва Демократӣ дар фурудгоҳ маҳсуб мераванд. Ва ин симо бояд поку тозаву манаққаш бо донишу сиёсати рӯз ва ҷаҳонбинии муосир бошад...

15.05.2023. Соат ба вақти Теҳрон 01:30 дақиқа. Бояд гуфт, фарқияти соат миёни 2 давлат якуним соат аст (1:30 дақиқа). Дар Теҳрон дар ҳутали Аматис AmatisHotelҷо гирифтем. Хизмататон арз кунам, ҳуруфи англисӣ расмулхатти 2-и ин давлат аст ва ҳама ҷо, агар лозим донанд, бидуни арабӣ бо лотинӣ менависанд.

15.05.2023. Соат ба вақти Теҳрон 09:20 дақиқа. Субҳона хӯрда, ба автобус нишастем. Имрӯз нишасти ифтитоҳии Ҳамоиши 34-умини Китоб ва ҳамзамон Рӯзи Фирдавсӣ буд. Аз ҷониби Тоҷикистон Гулрухсор сухан кард...

Намедонам, дар бораи Гулрухсор дигарон чӣ нуқтаи назар доранд, вале барои ману мо Ӯ имрӯз мунодии фарҳангии №1 дар олами порсигӯён буд. 1 баромади хеле ҷаззоб ва бо лаҳни ширину гуворои сирф Тоҷикона. Гулрухсор аз гӯиши Тоҷиконаи худ ифтихор мекард ва ин аст, ки ин фахраш бар мо низ асар кард ва тамомии гурӯҳ то ба охири сафар Тоҷикӣ суҳбат мекардем. Ман - ку дар ягон давру замон аз гӯиш ё худ лаҳҷаи иронӣ корбаст намекунам. Вале ҳама гурӯҳ Тоҷикона сухан мекард, ки ширинии лаҳҷаи кӯҳистони Тоҷик ҷумла ҳозиринро тасхир менамуд.

Ман 30 сол пеш низ Эрон рафта будам. Он замон 99,9% кӯшиш мекард, даҳону лаб каҷу рост карда, маҳз ирунӣ суҳбат кунад. Имрӯз вазъ тамоман дигар аст. Гуфтор Тоҷикона буд ва эрониҳои азиз ин рафтори моро истиқбол мекарданд!

 

Тасмими Шероз...

15.05.2023. Соат ба вақти Теҳрон 13:17 дақиқа. Оқои сафири Эрон, ки камари хидмати густарда бар мизбонӣ баста буд, моро ба зиёфати бошукӯҳе бурд. Ун ҷо оқои Боимонӣ ном масъули баландрутаби фарҳангии ин кишвар қарор дошт (агар хато накунам). Вале муҳим ин нест, ки мо чӣ хӯрдему чӣ бурдем. Муҳим он аст, ки хонум Гулрухсор аз сафир хоҳиш кард, ки гурӯҳи моро ба Шероз баранд. Собирӣ бо Боимонӣ масъаларо дар миён гузошт ва гуфт, агар ҷониби шумо ҳавопаймо ва роҳро бар дӯш гирад, пас мо хобу хӯри гурӯҳро таъмин мекунем. Хулласи калом сафари Шероз ин ҷо матраҳ шуд ва эълон гардид, ки шаби панҷшанбеи 18.05.2023 мо сӯи Каъбаи сонӣ - Шероз хоҳем парвоз кард. Мо Метавонем!

Ва аммо то ин дам кору бор ва дидорҳо сурат гирифт дар Теҳрон, ки мо сари онҳо низ мутамарказ мешавем. Мо метавонем!

 

Меҳмони вежа - Тоҷикистон

16.05.2023. Ба 34-умин намоишгоҳи байнулмилалии китоб-Теҳрон-2023 рафтем. Воқеан ҳам ин ҳамоиш бори дигар нишон дод, ки китобу китобхонӣ дар Эрон зинда аст!!! Ҳазорон-ҳазор, даҳҳо ҳазор ва ҳатто мутмаинан садҳо ҳазор пиру барно, зану мард, духтару писар, ҳатто кӯдакон ба ин намоишнома меомаданд ва китоб мехариданд. Теъдоди кутуби ба фурӯш гузошта аз миллионҳо адад низ бештар буд.

Гӯшае, ки барои Тоҷикистон ҷудо кардаанд, ки хеле хубтар аз дигар гӯшаҳои ин намоишгоҳ будӣ. Зеро дар ин ҳамоиш Тоҷикистон статуси хоса дошт:

- Меҳмони Вежаи Эрон!!!

Гӯшаи Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Вазири фарҳанги ҶТ - бону Зулфия Давлатзода ва сафири Фавқуллода ва Мухтори ҶТ дар ҶИЭ - Низомиддин Зоҳидӣ таҳия шуда буд, фарқкунанда будӣ. Ин ҷо на танҳо кутуби мунташири кишвари мо, ки ҳунарҳои мардумӣ низ пешкаши хосу ом мешуд. Маҳсули дасти устои гулкори шаҳринавӣ- Фозил Носири кулолгар ва Салимабону Каримоваи хуҷандӣ, оне, ки ҳатто боре ҷомаҳояшро 2 президенти кишварҳои дӯст - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба бар кардаанд, зиннати ин намоишгоҳ буданд!

Вале ин намоишгоҳ 1 хатои сиёсӣ дошт, ки шояд масъулин мутаваҷчеҳ нашуданд ва БОЯД дар оянда ислоҳ шавад:

- Ягон тоблуву шиоре бо расмулхатти расмии давлатии мо, яъне бо алифбои сириликӣ ин ҷо овезон набуд!!!

Хотиратон арз кунам, ки дар ҳамоиши адабгустарон ва академикҳои эронӣ, ки баъди чошт дар Маркази Мерос баргузор гардид, банда шадидан аз ин фориғболӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтам:

- Агар шумо Тоҷикистонро иззат мегузоред, пас расмулхат, яъне алифбои сириликасоси моро низ ҳурмат кунед ва онро омӯзед ва шиору тоблу ва кутуби ба забони Тоҷикии сириликасос дарҷшударо низ дар ин рафҳоятон гузоред! То кай олимони Эрон бояд аз рӯи баргардони осори удабои Тоҷик фарҳанги моро хонанд? Мо-ку арабӣ омӯхта, бо ҳуруфи худатон, осори шуморо меомӯзем. Пас, будьте добры, шумо ҳам сирилик омӯзед!

 

Базми Тоҷикӣ дар Теҳрон

Ҳарчанд имрӯз рӯзи ёдбуди Эмом Ҷаъфари Содиқ будӣ, тасмим гирифтем, дар ин гӯшаи вежа, чун меҳмони вежа, 1 базми вежаи ирфонӣ ороем. Устод Ҳотами Равшан, ки худ маънисарост, базмро оғозид ва мо сари овоз гирифтем. Базми ирфонии мо, ки моломол аз суруду таронаҳо бар ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ, Камолу Турсунзода будӣ, шӯре ба бор овард. Аз таҷаммуъи мардум ҷои сӯзанпартоӣ набуд!

Теҳрониҳо, ки усулан мардуми сахт ҷиддиянд, ба гуфтаи Бобои Ғулом ахиран қошу қавоқ кушоданду бо мо чак заданду ҳамовоз шуданд. Чунин базмҳо дӯстии моро мустаҳкамтар мекунад. Кор то ҷое шуд, ки ахиран Вазири хориҷии Эрон низ ба ин гӯша ташриф овард...

 

Дидор бо Кадканӣ

17.05.2023. Соат ба вақти Теҳрон 10:34 дақиқа. Гурӯҳе мураттаб аз шоирону адибон ва фарҳангиёни Тоҷик ахиран бар орзу расидем, ки бо ХУДИ Кадканӣ-легендаи зиндаи адабиёти муосири хеш дидор кардем... Ин ҷо лозим медонем, ки барои хонандаи хеш ин Шахсиятро муаррифӣ намоям:

 

Зиндагиномаи Кадканӣ

Доктор Муҳаммадризо Шафии Кадканӣ дар соли 1939 дар ноҳияи Кадкани наздики шаҳри Нишопури устони Хуросон чашм ба дунё кушод. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар Кадкан ва Машҳад ба поён бурд ва пас аз он вориди донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Машҳад шуд. Дар ҷавонӣ дар ҳавзаи илмияи Машҳад адабиёти арабу дарсҳои ҳавзавии назди Муҳаммадтақӣ Адиби Нишопуриро фаро гирифт ва фиқҳу усулро дар маҳзари Мирзо Аҳмад Мударриси Яздӣ ва Оятуллоҳ Ҳошимии Қазвинӣ ва Оятуллоҳ Мелонӣ омӯхт ва дар соли 1969 ба дарёфти доктори забону адабиёти форсӣ аз Донишгоҳи Теҳрон муфахар гардид ва аз ҳамон замон дар Донишгоҳи Теҳрон ба тадрис пардохт ва баъдҳо дар донишгоҳҳои гуногуни ҷаҳон тадрис намуд ва ҳам инак дар донишгоҳҳои Амрико машғули тадриси забону адабиёти форсӣ аст.  Доктор Шафеӣ баъд аз омадан ба Теҳрон бо зиндаёд Ахавони Солис, Ҳушанги Ибтиҳоҷ ва доктор Исмоили Хӯӣ ва Имоди Хуросонӣ нишасту бархост дошт. Вай дар соли 1990 бинобар даъвати хонаи фарҳанги ҷаҳон, ки дар Олмон баргузор шуд ба ҳамроҳи Аҳмади Шомлу ва Ахавони Солис ба он кишвар сафар намуд ва чанде баъд бо даъвати Донишгоҳи Оксфорди Инглисон ва Донишгоҳи Пристони Амрико ва донишгоҳҳои Япония ва барои тадрис ва суханрониҳо ва пажӯҳиш ба он кишварҳо сафар намуд ва байни солҳои 1974 -1978 дар донишгоҳҳои Ню-Йорк ва Донишгоҳи Пенсилванияи Амрико тадрис намуд. Устод Шафии Кадканӣ афзун бар шеъру шоирӣ дар заминаҳои нақди адабӣ, сабкшиносӣ ва ирфони эронӣ пажӯҳишҳои бисёр арзандае дорад ва низ осори арзандае тарҷума намудааст...

Вале муҳимтарин коре, ки Кадканӣ кард, ин аст, ки ӯ Бедили Абулмаониро ба Эрон муаррифӣ намуд. Оре, баъд аз 300 сол Бедил (1642 - 1720) бо талоши бевоситаи ин олими саршинос ба Эрон омад. Набуди Бедил барин шоирро аксарият, бо шумули роқими сутур, ба «бархӯрди мазҳабҳо» баста медонанд. Ин даъвои моро худи Кадканӣ шадидан рад кард ва ҳарчанд мавзуъ баҳсталаб ҳам бошад, мо бо Пири Кор баҳс накардем. Зеро Мо метавонем!

Ҳузури Кадканӣ шоирони ҷавони мо шеърҳо қироат карда, соҳиби аҳсанти ӯ шуданд, ки бо нидои «Баҳ-баҳ» меборид (Ман низ аз ин нидои таҳсиномез кор мегирам, вале ба фарқ аз Кадканӣ ман чун Бобои Одина Ҳошим “паҳ-паҳҳҳ” мегӯям. Ин инфо барои онҳоест, ки аз ман мепурсанд, “ПАҲ”, яъне чӣ?).

 

Шоира ва Кадканӣ

Ва агар дар ин сафар Гулрухсор 1 ҷониби ифтихороти гурӯҳ будӣ, пас Шоирабонуи нозанин фахри дигари мо шуданд. Матлабро ғоз надода, аз қавли Одил Нозир ин сафарёддошташро ин ҷо мекорем. Мо Метавонем!

ШАФЕЪИ КАДКАНӢ ВА ШОИРАИ РАҲИМҶОН

“Одам одамро дар сафар мешиносад” – мегӯянд. Ман ҳам дӯстонамро дар сафари ахир бештар ва беҳтар шинохтам. Хушбахтона, дарк кардам, ки беҳтаринҳо ҳастанд. Вале миёни ин беҳтаринҳо 2 нафар фарқ доранд, яке Сайёфи Мизроб дигаре Шоираи Раҳимҷон. Ин акаву хоҳар обрӯйи моро дар Эрон хеле бардоштанд ва рӯйи сурху сари баланди мо буданд. Дар бораи Бобои Эшон баъдан менависам. Ҳоло суҳбат аз Шоираи Раҳимҷон аст...

Чун оқои Шафеии Кадканӣ барои мулоқот бо мо розигӣ доданд, аз ҳама бештар Шоира дар такопӯ шуд. Субҳи он рӯз шеъре навиштаву аз назари 2 Бузургмеҳр гузаронид, ки ҷое саҳв нарафта бошад. Охир мо ба мулоқоти ягон каси одӣ не, балки барои дидор бо нафаре меравем, ки бузургтарин шахсияти илмиву адабии ҷаҳони форсизабон аст: шоир ва пужуҳишгари бузург Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ.

Хулоса, вақте ба ҳузури оқои Кадканӣ расидем, эшон гуфтанд, ки ҳанӯз тарси куруно доранд, бинобар ин, аз вохӯрии наздик худдорӣ мекунанд. Вале баъди 1 лаҳза мо тоҷикони шефтаро диданду тарси куруно аз ёдашон рафт. Махсусан, оқои Кадканӣ Шоираро дӯст доштанд. Вақте шеърашро шуниданд, хеле хурсанд шуданд:

Ҷустуҷӯят омадам, хушбоварӣ дар сина буд,

1 садоқат, ишқ, 1 робитаи дерина буд.

Ман ба сози шеъри ту дар боғ мечархам, азиз,

Гуфтугӯ бо байтҳоят дар дилам оина буд.

Сабт месозам ба ҳарфи зарҳалӣ ин рӯзро,

Шоира, дидӣ Шафеи Кадканӣ ганҷина буд.

Баъдан Шоира бо ҳазл гуфт, ки омода аст, оқои Шафеъии Кадканиро ба шавҳарӣ баргузинад ва ҳамроҳашон бошад. Ин ҳарф ба устод хеле хуш омад ва бисёр самимӣ хандиданд...

Вақти гусел оқои Кадканӣ ба Шоира меҳрубон буд. Бар ивази ин Шоираи мо ҳам 1 фалаки тоҷикӣ сароид, ки писанди оқои Кадканӣ шуд.

 

Руҷуъи лирикӣ: Хушгӯиҳои Теҳронӣ

Албатта, сафари мардуми фарҳангӣ бе ҳазлу мутояба низ намешавад. Зимнан ин ҷо анде аз онҳоро мекорем, то хонанда исти тафреҳӣ намудаву энержӣ гирад ва ба хондани матлаби мо давом кунад. Мо метавонем!

 

Зиндаҳо ва мурдаҳо...

18.05.2023. Соат ба вақти Теҳрон 08:55 дақиқа. Меҳмонхонаи Аматис. Наҳор.

Ҷавоне хубчеҳраву пурдониш бо Одил Нозир суҳбат мекард. Чу бархесту рафт, СМ аз Одил суол кард:

- Ин ҷавон кист?

Одил:

- Ин кас нависандаи умедбахш, узви ИНТ, адиб Баҳманёр...

Ва андаке ба чамшони мусоҳиб дида дӯхта, афзуд:

- Устод, ин Баҳманёри мурдааш не, Баҳманёри зиндааш...

 

Халафу салаф

18.05.2023. Соат ба вақти Теҳрон 17:47 дақиқа. Автобус сӯи фурудгоҳ мерафт, то аз он ҷо ба Шероз парвоз кунем. СМ ба Тоҳир Назар мегӯяд, ки аз Шоира Раҳимҷон, ки чанд курсӣ пеш менишаст, 1 дастпоккуни коғазӣ, ё худ салфетка орад. Тоҳир ба Баҳодури Бузургмеҳр мегӯяд барои устод салфетка биору Бузургмеҳр аз Одил хоҳиш мекунаду...Хулласи калом даври ноайёни бекарон ва касе аз ҷояш баланд шуданӣ нест...

Ин замон Одили Нозир чун тарошаи аз бом аз СМ суол мекунад:

- Устод, Шумо бисёр устодони сухану пирони кори журналистикаро медонед. Шогирдони нохалафтарини онҳоро низ мешиносед?

СМ бепарво аз ҷояш бархоставу сӯи Шоира равон мегӯяд:

- Бале мешносам. Ва 3 тани онҳо пеши ман нишастаанд...

  

Кӯчаи марказии Токио

Раҳмоналӣ – ҳамсафари дигарамон, ки хеле латифгуфтор аст, бо ронанда суҳбат мекард ва хандида омада гуфт, ин ронанда бар суоли ӯ, ки чаро аксарияти истгоҳу кӯчаҳои Теҳрон «шаҳид фулонӣ шаҳид бисмадонӣ» номгузорӣ шудаанд, аниқ...доте нақл кардааст.

- Хулоса, 2 эронӣ роҷеъ ба сайру сайёҳати хеш воҳима карда, дурӯғу рост худро таърифу тавсиф доранд, ки фулон ҷо рафтаму фулон кишварро дидам. Ин ҳин яке дигар ба суҳбаташон қӯш мешаваду мегӯяд, ки аз Токио - пойтахти Ҷопон баргаштааст. Аз ӯ суол мекунанд, ки Токио рафта бошӣ, пас кӯчаи марказии пойтахти Ҷопон чӣ ном дорад? Ӯ каме фикр карда, барои ростии дурӯғаш мегӯяд:

-Шаҳид Брус Ли...

Бо ҳамин гуфтумону шӯхиву латифгуфторӣ то бар фурудгоҳи Теҳрон расидем...

 

Ба ва дар Шероз

18.05.2023. Соат ба вақти Теҳрон 21:20 дақиқа. Озими парвоз ба Шерозем.

Ҳини убури хатти марзи фурудгоҳ, навиштаест, ки бонувон бояд сатр ба сар кашанд. Ман нав фаҳмидам, ки бонувони эронӣ, ки усулан сатр надоранд (мавзуи баҳси дигар аст!), чаро шол ё худ шарф ба гардан доранд?! Ҷоҳое ҷамъиятист, ки бояд сатр ба сар кард. Онҳо мегиранду шарфро ба рӯи сар мепартоянд ва мешавад либоси исломӣ. Сатри ишон аз сатри арабӣ куллан фарқ дорад!

Хулласи калом, ба Шоира гуфтанд, ки сатр кун. Шоира шарфашро ба сар карду шиносномаашро бо тилфон ба миз гузошт. Баъдан фаҳмидем, ки ӯ телефонашро фаромӯш кардааст. Айфон-14 PRO, ки арзиши 2000 доллар дорад, гум шуд. Вале аҳсант ба Шоира, ки аз ин воқеа пинакаш хаму дилаш ғам накард. 3 рӯз дар Шероз табъи моро болида дошт. Ва 1 бону, ки чанде пеш гӯшворашро гум кардаву гиряву фиғон доштӣ, аз ӯ пурсид, чаро зиқ нест? Шоира гуфт, зиқ шавам, телефонам ёфт мешавад? Рафт-рафт дигар. Бало ба пасаш! Пештоз мегӯям, ки ин шодифизоӣ ва хушбинии Шоира самар овард. 3 рӯз баъд баргашта мо ун тилфонро дар аэропорти Теҳрон...ёфтем!!! Мо Метавонем!

Нимашаб ба Шероз расида, шаҳрро чароғон, пурфиғон ва дар коми суруру тарабу нидоҳои шодиву фараҳ дидем. Маълум шуд, ки дастаи футболи Персеполиси Шероз чемпиони Эрон шудааст!!! Дар ин даста 1 тоҷикбача низ мебозад - Ваҳдат Ҳаннонов, ки миёни мухлисин хеле маҳбуб аст. Мо шерозиҳоро ва унҳо моро табрик карданд!

 

Оромгоҳи Саъдӣ

19.05.2023. Соат ба вақти Шероз 09:33 дақиқа. Сӯи оромгоҳи Саъдӣ раҳсипорем. Роҳбалади мо бону Ализода хуш болаззат аз ашъори Саъдӣ мехонд. Вале ӯ ҳоло намедонист, ки киҳоро роҳнамоӣ дорад!!! Мо - ҷумла шефтагону мухлисони Саъдиву Ҳофиз чун ба ғазалсароӣ даромадем, даҳони роҳбалад то бехи гӯш воз шуд. Мо метавонем!!!

19.05.2023. Соат ба вақти Шероз 10:07 дақиқа. Оромгоҳи Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ. Сари турбаташ саф оростем ва нахустин шуда, банда ин ғазали ӯро хондам бо ин ҳусни матлаъ:

Тани одамӣ шариф аст, ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият,

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Ба ҳақиқат одамӣ бош, вагарна мурғ бошад,

Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият...

Ҳозирин дар ҳар байт сари овоз мегирифтанд. Зиёрати мо ҷомаи тантанавӣ пӯшид. Садҳо тан аз зойирин, ки шерозӣ буданд, гирди гурӯҳи мо булбулвор печиданд. Ба чашмони хеш бовар намекарданд, ки Саъдӣ ингуна мухлисин дорад. Ба ҳозирин гуфтам ва ба ту ҳам мегӯям хонанда, ки;

-Тоҷикон 2 Каъбаи умед доранд! Аввалӣ дар Маккаи мукаррама ва дуввумӣ дар Шерози мунаввара, ки ин ҷо 3 бунёни тамаддунии мо-Тоҷикон-форсҳо ҷойгир аст:

1. Оромгоҳи Саъдӣ

2. Оромгоҳи Ҳофиз

3. Тахти Ҷамшед...

Устод Ҳотами Равшан Гимни гурӯҳи фарҳангии мо-«Эй сорбон оҳиста рон!»-ро хонду ҳама сари овоз гирифтем. Аҷаб шукӯҳу шаҳомате афзуд ин суруди дастаҷамъии мо бар ин маҳфили унс. Ғазалхониву Саъдигустарӣ соате давом кард. То ин ки роҳбалад гуфт, агар мехоҳед Оромгоҳи Ҳофизро низ зиёрат кунед, бояд каме «аҷала» кунем...

Бо дили кашол ва ашки гулӯгир Саъдиро падруд гуфта, сӯи Ҳофиз шитобидем...

 

Сари турбати Лисонулғайб

19.05.2023. Соат ба вақти Шероз 12:03 дақиқа. Сари оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ, чун даъват шуд, ки банда маҳфили унсро ҳусни оғоз бубахшам, ин ғазалро хондам:

Имрӯз шоҳи анҷумани дилбарон якест,

Дилбар агар ҳазор бувад, дил бар он якест.

Ман аз барои он дилу дин додаам ба бод,

Айбам макун, ки ҳосили ҳар 2 ҷаҳон якест.

Савдогарони олами пиндорро бигӯ:

Сармоя кам кунед, ки суду зиён якест.

Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,

Эй ман ғуломи он ки дилаш бо забон якест.

Ҳофиз бар остонаи давлат ниҳода сар,

Давлат дар он сарест, ки бо остон якест...

Маҷлиси ғазалборони мо он қадар давом кард, ки ҳич ба итмом намерасид, агар намегуфтанд, ки бубояд рафт!!!

 

Канори оби Рукнободу гулгашти Мусалло

Салимабонуи хуҷандӣ гуфт, мехоҳад Оби Рукнобод ва гулгашти Мусаллоро бубинад, ки онро Ҳофиз ба Ҷаннат иваз карданӣ набуд:

Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,

Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро...

Чун ба ӯ 1 ҷӯйи хурдакакеро, ки дар лотокҳои Душанбе аз он дида об бештар мегузарад, нишон додам, ҳайрон шуд. Гуфтам, ҳарчанд мегӯянд дар овони Ҳофиз ин ҷӯ оби бештаре дошт, вале бузургии Ҳофиз ҳам ин аст, ки аз обгузари хурдакак онгуна фантазияи моро об медиҳад, ки фикр мекардем, Рукнобод чизе бештар аз уқёнуси Ҳинд ва Баҳри Миёназамин аст!

Гулгашти мусалло низ ба гулзорҳои поркҳои пойтахти Тоҷикон чӣ, ки ба роҳравҳои пургули канории Душанбе наздикӣ надоштанд.

Бо ин ҳама, шукӯҳу шаҳомати Ҳофиз ин ҷо шахсро чунон пахш мекунад, ки пакару лолу музтариб мемонӣ. Чанде гулгаштро чархида, анде харидории ашёи ҷаҳонгардӣ намуда, каме тут хӯрда, бо дили кашол ва саршор аз фараҳ Оромгоҳи Лисонулғайбро тарк кардем.

То боздид аё Ҳофизу Шайх Саъдӣ. Мо бармегардем. Мо Метавонем!

 

Тахти Ҷамшед

20.05.2023. Соат ба вақти Шерз 08:00 дақиқа. Дирӯз тасмим шуд, ки нафаре 1 дақиқа дер кард, ба Персополис намеравад! Ин аст, ки ҳама ҳозир шудем ва аккурат дар соати муайянгардида автобус ба роҳ баромад. 1 соати 20 дақиқа ба баъд ба Тахти Ҷамшед расидем. Тахти Ҷамшед ё худ Персеполис ё худ Кирополро БОЯД дид!!! Зеро сухан ин ҷо масъулияти бардошти бори назаррро надорад.

Ман танҳо бар 77 пушти Искандар, Александр лаънат мехондам, ки чунин шаҳри нодирро аз рӯи таассубу нафрате, ки бар бобоҳои мо дошт, оташ задаву Авасторо сӯхт. Ин «хизмат»-и ӯро арабзодаҳо «қадршиносӣ» карда, ба Алекс унвони набудаи пайғамбарӣ доданд ва мутаассуф клоссикҳои адабиёти мо, ки низ арабзада буданд, Искандарномаҳо навиштанд.

Бидуни Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Дақиқӣ...касе аз ин клоссикҳо аз ҷадди пурифтихори худ ёде намекард ва достонаке ҳам дар бораашон нанавишт, ки мавзуъи баҳси дигар аст.

Бо 1 ҳарф равед ва Тахти Ҷамшед - падари шаҳрҳои оламро бо чашми сар бубинед ва аз Тоҷики ориёӣ буданатон фахр кунед. Мо ин ҷо чанд аксе пешниҳод мекунему бас. Мо метавонем!

 

Ҷамъбасти сафаргуфта

21.05.2023. Соат ба вақти Теҳрон 18:10 дақиқа. Сӯи Душанбе, қиблаи умеди Тоҷикони тамомии олам парвоз кардем. Басо сафари хубу диданӣ буду шуд, ки дар шумораҳои оянда шояддд боз сари он баргардем. Вале ин ҷо мехоҳам 7 нуктаеро пешкаши хонанда кунам. Агар нагӯям, пас Сайёфи Мизроб нестам:

1. Эрон шабу рӯзҳои бисёр сахтеро аз сар мегурзаронад, ки мардум аз давлатдорон дур шудаасту давлат аз мардум фосила нигоҳ медорад.

2. Ин фосила бисёр хушунатомез аст. Мардум мунтазири фармони «ФАС» аз сӯи хориҷ асту ҳукумат интизори ниқор аз норизоён.

3. Бонувони эронӣ озодие, ки доранд, кам дар дигар давлатҳо шахсан ман дидаам: сари урён ва ҳатто либоси шики урупоӣ, бегоҳ пушоке мепӯшанд, ки маъзарат ҳатто нофи урёнашон бармалост.

4. Бонувони ҷавони эронӣ сигор бари лаб, даст дар канори ёре, бо қалёну дудӣ дар дилхоҳ ҷо нишастаанд.

5. Ҷавонони эронӣ чизе хоҳанд мепӯшанд. Сару рӯяшон холкӯбӣ шудааст. Татуировка. Яъне касе кор надорад, ки ту кистиву чистӣ ва чӣ мепӯшиву бо чӣ коре бандӣ.

6. Нӯшокиҳои спиртӣ ва ҳатто маводи мухаддира - бангдона ин ҷо (пинҳонӣ албатта) дастрас аст. Дилхоҳ нафар хоҳад меоранддд!!! Албатта, бо нархи андаке баланд. Зеро қочоқ аст охир!

7. Интернет қариб, ки нест! Ва агар ҳаст, чунон сураъти суст дорад, ки мо ин ҷо ҳамеша ба Бек Сабур барои интернет ва суръаташ дуову дуруд мефиристонидем.

...Ва муҳимтар аз ҳама: Эрониён зери таблиғу ташвиқи шадиди Исроилу Амрико ва Англияву Фаронса мондаанд. Варна, бовар кунед, озодие, ки бонувони эронӣ доранд, дар Аврупову Амрико низ ба чашм намехӯрад, чӣ расад бар кишварҳои дигар. Вале ишон чунон зери таъсиранд, ки фикр доранд, озодиҳои бештаре ишонро мунтазир аст.

Шахсан ман фикр мекунам, агар дар Эрон шӯре бархезаду худое накарда инқилоб шавад, ин ҷавонон, малеҳ карда гӯям, сахт пушаймон мешаванд. Зеро сарнавишти Ироқу Сурия ва Фаластину Афғонистону Либиё, ки зери таблиғи Ғарб паркандаву парсӯхта шудаанд, бояд барои мардуми Эрон дарси ибрат гардад.

Вале сиёсат кори ману мо нест. Мо он чӣ гуфтем, ки дидем. Мо Метавонем!

Сайёфи Мизроб

Душанбе-Теҳрон-Шероз-Теҳрон-Душанбе

Матлабҳои дигар