Принт

Чаро дар Данғара киоск нест?

 Музаффар Ҳайдаров, маъруф ба почталён Пушкини фархорӣ ба идора занг зада (тел:907767976), гуфт, ки мухлисони газетаи СССР аз н.Данғара ба н.Фархор омада, аз дӯкони ӯ газетаи дӯстдоштаи худро дастрас мекунанд.

   - Чанд нафар мухлисони газетаи мардумии СССР аз н.Данғара ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ба н.Фархор омада, аз дӯконам газета мехаранд. Мегӯянд, ки дар ноҳияи онҳо дӯкони фурӯши газетаву маҷалла нест. Воқеан чаро дар ноҳияи калонтарини кишвар – Данғара 1 киоски газетфурӯшӣ набошад?

Сипос аз собиқ раиси н.Фархон Қурбон Ҳакимзода, ки барои киоски ман ҳам ҷо ҷудо карда, ҳам дӯкони муосир тӯҳфа намуд, ман то ба имрӯз дар он кор карда, ба мардум ғизои маънавӣ медиҳам.

Матлабҳои дигар