ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 20 2019


«Сарояндаи беназир ва дилогоҳ»-чунин ном дорад китоби тозанашри олими шинохтаи тоҷик, устод Холназар Муҳаббатов. Китоб дар бораи яке аз чеҳраҳои барҷаста, шукуҳманд ва соҳибмактаби ҳунари сарояндагии асри 20 ва аввали садаи 21 устоди зиндаёд Зафар Нозимов таълиф шудааст. Банда яке аз ҳаводорони самимии ҳунар, овоз ва оҳангҳои дилошубу гушнавози устод Зафар будам ва ҳастам. Вақте саодати дарёфти ин китоб насибам гашт, бесаброна ба мутолиаи он пардохтам.
Бояд гуфт, Муҳаббатов, ки худ ҳаводори асили ҳунари сарояндаи воқеан мардумии Тоҷикистон-Зафар Нозимов буданд, китобро бо муҳаббати тамом ва масъулияти том навиштаанд. Чунон устодона нигоштаанд, ки ҳини хондан борҳо аз ваҷд ашки банда аз чашмонам беихтиёр ҷорӣ мешуд. Аҳсант ва сипоси бепоён ба заҳмати зиёд ва амри хайру савобе, ки устод Муҳаббатов камари ҳиммат баста, анҷом додаанд. Дар китоб маводи зиёде гирдоварӣ шудааст, ки шумо-хонандаи гиромӣ, дар вақти мутолиа бо ҷонибҳои мухталифи ҳунари Зафар Нозим шинос мешавед ва ҳамчунин дар бораи ҷараёни ривоҷу равнақи санъати овозхони тоҷик дар 40 соли ахири асри 20 ва 10 соли ибтидои асри 21 маълумоти муфассал хоҳед гирифт.
Ба назари ман мутаассифона, теъдоди нашри китоб ба зоти худ пурарзиш (300 адад) ниҳоят кам аст, зеро ҳаводорони овоз, ҳунар ва санъати ин ҳунарпешаи асил бешуморанд ва дастрасӣ ба ин китоб муҷиби хушӣ, ризо ва қаноатмандии ишон мегардад, ки амрест савоб. Воқеан бояд гӯям, чун мухлиси асил, ки банда ҳамеша гумон доштам, дар бораи ҳунари устод Зафар ва паҳлуҳои мухталифи эҷод ва зиндагии ишон иттилооти кофӣ дорам. Вале баъд аз мутолиаи китоб бояд иқрор шуд, ки аз рӯзгори ин абармарди ҳунар бехабар будаам. Агар ягон нашрия ё сахие ин китобро аз нав ба теъдоди бештар (ақаллан 5000 нусха) чоп мекард, коре мешуд хайру савоб ва хизмате мешуд ба мардум ва миллати хеш.
Ба умеди рӯзҳои равшани бештар аз пештари Тоҷикистони азиз ва рушди бештар ва беҳтари ҳунару санъати асили миллати шарифи он!

Зиёҷон Хошматов,
рустои Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

Душанбе, Март 18 2019


 Тантанаҳои асосии наврӯзии вилояти Суғд иборат аз намоиши дастовардҳо ва барномаи калони театрии фарҳангӣ бо иштироки меҳмонони олимақом аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ имсол дар н.Бобоҷон Ғафуров баргузор хоҳад гашт.
 Дар баробари ин аз 12 то 26 март дар шаҳру навоҳии вилоят баргузории  конфронсҳои илмӣ, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои адабӣ, аз ҷумла, озмуни “Дастархонороӣ”, барномаҳои наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтихонӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи “бойчечакхонӣ”, бозию ҳунарҳои миллӣ,  аз қабили “Кокулбофӣ”, “Ҳаппакбозӣ”, “Ошиқбозӣ”, “Лаппар”, “Нақшхонӣ”,  оростани дастархони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ва  тайёр намудани таоми анъанавии суманак дар назар аст.
 Инчунин дар ин муддат мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, чун пойга ва бузкашӣ, барномаҳои рангини консертӣ ва ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  низ  баргузор карда мешаванд.

Чоршанбе, Март 13 2019


    Ҳафтаи гузашта ҷамъбасти озмуни кушоди қаблан эълоншуда бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар ш.Душанбе баргузор гашт. Дар маҷмӯъ дар ин озмуни кушода 32 лоиҳа пешниҳод гардида, баъди омӯзиши аъзои комиссия 6 лоиҳа барои омӯзиш ва баррасӣ ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар ниҳоят 3 лоиҳа ба гирифтани ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм сазовор гаштанд.
ҷамъбаст гардид.
  Ҳамин тариқ, Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе таҳти роҳбарии раиси ш.Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шудааст, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум гашт. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун   ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик  арзёбӣ гардид. Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метрро ташкил дода, пояи муҷассама пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд. Дар муҷассама тоҷ рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад.
        Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар ш.Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 30,0 гектар бунёд карда мешавад.
   Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад. Дар ҳудуди боғ зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои тобистонсабз, барфбуттамеваи сафед, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Панҷшанбе, Март 07 2019


7.03.2019 бо иштироки садҳо нафар занони фаъоли вилоят дар театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонов бахшида ба рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона барпо шуд. Дар чорабинӣ раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон зимни суханронии худ занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик гуфта, зикр сохт, ки ситоиши зан-модар волотарин суханҳо буда, симои зани зебопарасту диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст. Хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд буда, меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир аст…
Дар фарҷом, раис тамоми занони фаъолони вилоятро бо тӯҳфаҳо қадрдони карда шуд.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Март 06 2019


Иддае аз руҳониён, ки дар шарҳи моҳияти дини Ислом душворӣ мекашанд, нуқси худро бо роҳи туҳмату таҳқир дар ҳаққи гузаштагон рӯпӯш мекунанд ва оташпараст эълон кардани форсҳо (тоҷикони қадим) аз ҳамин фаҳмиши ғалат об мехӯрад. Агар ин тоифа таърих ва хулосабарории мантиқиро меомӯхтанд, назарашон дигар мешуд. Зеро дар асл тоҷикони тоисломӣ Худои ягонаро бо номи Аҳурамаздо мешинохтанд. Фарқ ин буд, ки онҳо ба 2 қувва бовар доштанд, ки яке некӣ (Аҳурамаздо) ва дигаре бадӣ (Аҳриман) буд.

2 қувваи тоисломии мо…
Имрӯз ҳам агарчӣ мусалмонон баду неки оламро ба Худо нисбат медиҳанд, боз дар 1 маврид, ба қувваи дигаре бо номи Шайтон (Иблис) бовар доранд. Ҳамин Шайтонро форсҳои қадим Аҳриман мегуфтанд. Яъне имрӯз ҳам дар ҷаҳонбинии динии форстаборон ҳамон фаҳмиш, лек бо ном ва зоҳири дигар ҳоким аст. Тоҷикон то ислом соҳиби дин, китоб, масҷид ва дигар расму оинҳои илоҳӣ буданд, фақат бо номҳои дигар. Онҳо воқеан дар ибодатгоҳҳои худ оташ меафрӯхтанд ва ин амали онҳо аз рӯи зарурати замон буд, яъне оташ ибодатгоҳҳоро гарм ва рӯшан мекард. Муғбачаҳо намегузоштанд, ки лахчаи оташ хомӯш шавад, зеро он вақт гӯгирд ихтироъ нашуда ва ҳаёту мамоти мардум аз оташдону лахчаҳои дайр вобаста буд. Барои мисол, тасаввур кунед, ҳамин ҳоло қувваи барқ, гӯгирд, «зажигалка» ва дигар василаҳои оташафрӯзию рӯшноиофар аз байн равад, чӣ рух медиҳад? Аввалин коре, ки анҷом меёбад, он аст, ки  гумбади масҷид сӯрох ва дар миёнаҷои он оташ афрӯхта, гирди он мусалмонон намоз мегузоранд, вагарна бомдоду хуфтани боҷамоатро чӣ тавр метавон адо кард? Оё ин ҳол ба маънии оташпарастист?

Оташи мо Худои мо набуд!!!
Зоҳиран инсон оташро аз вулқон ё сӯхтори табиӣ ба даст овардааст. Тоҷикон, ки дар тамаддунофарӣ пешгом буданд, онро Худо намеҳисобиданд, балки эҳтиром мекарданд, то хомӯш нагардад ва ба ин роҳ худро аз сармову торикӣ наҷот медоданд. Вақте оташ ба даст омад, ҳукумронии инсон дар Сайёра шуруъ шуд. Акнун инсон ба воситаи оташ на фақат ҳашароти газанда ва даррандагоне чун палангу гургро аз худ дур меронд, ки ҳатто бо шарофати он ба шикор ва пухтупаз сар кард. Ин дигаргунӣ инсонро аз мавҷуди мевахӯр ба гӯштхӯр табдил дод. Дар ин замина санъати пухтупаз ба фоидаи инсон ва зарари ҳайвонот рушд кард. Аз сӯи дигар ин инқилоб ба ромшавии ҳайвонот мусоидат карда, гову сагу баъзе ҳайвонотро дар хидмати инсон қарор дод.
Имрӯз ҳам 1 каф оташ кофист, ки шер наздат таслим шавад. Яъне ягон модда (унсур) ба ҳадди оташ дар шаклгирии тамаддуни инсонӣ саҳм нагузоштааст. Ба ин хотир инсонҳои гузашта онро эҳтиром ва ҳифз мекарданд. Мо бояд эҳтиромро аз эътиқод фарқ карда тавонем. Ё не?

Сорбон Ҳакимзода,
н.Вахш

Ҷумъа, Март 01 2019


   Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон намудҳои халтачаҳои наврӯзӣ тасдиқ гардиданд. Халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.
    Гуфта мешавад, ки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд.
    Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани тӯҳфа аз он истифода кунанд. Тӯҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шавад. Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад.


саҳ 42 аз 83

Китобҳо

Flag Counter