ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Май 19 2017


Имрӯз, 19. 05.2017 сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард 1300 китобро аз номи сокинони Боулдер ва Денвери иёлати Колорадо, ИМА ба шаҳри Душанбе тақдим намуд. Китобҳои мазкур ба Кибер-кафеи дӯстии шаҳри Душанбе ва нӯҳ мактаби шаҳри Душанбе дастрас гардиданд. Дар давоми 1 ҳафта сокинони Боулдер ва Денвер, Китобхонаи ҷамъиятии Боулдер, мактабҳои маҳаллӣ ва инчунин чойхонаи Боулдер-Душанбе 1300 адад китобро ба забони англисӣ ҷамъоварӣ намуданд, то ки ин китобҳоро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Душанбе дастрас гарданд. Китобҳои мазкур аз классикаи адабиёти англисӣ, китобҳои бачагона ва назм иборат мебошанд.
Сафир Элизабет Миллард зимни суханронии худ оид ба 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ таъкид намуда, мисраҳои шеърҳоро ба забони тоҷикӣ дар бораи дӯстӣ ва китобҳо қироат намуд. Инчунин хонум Миллард дар назди ҳозирин мактуберо аз номи Шӯрои мудирони созмони “Бародаршаҳро Боулдер-Душанбе” хонд.        
Равобити мутақобила байни бародаршаҳрҳои Боулдер ва Душанбе ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ гардид. Бад ин тартиб, сокинони шаҳри Душанбе чойхонаи зебои “Боулдер-Душанбе”-ро дар шаҳри Боулдер бунёд намуданд ва сокинони Боулдер бошад, дар навбати худ Кибер-кафеи дӯстиро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд. Дар рафти муносибатҳо дар ин самт, Ҳукумати ИМА якчанд барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва мутахассисонро сарпарастӣ намудааст. Дар доираи ин барномаҳо шумораи зиёди донишҷӯёну мутахассисон ба шаҳри Боулдер сафарбар гардиданд. Ҳадаф аз ин барномаҳо таҳкими равобит байни сокинони ду бародаршаҳр аст. Моҳи ҷорӣ гурӯҳи мутахассисони соҳаи экотуризм  ба шаҳри Боулдер сафарбар мегарданд ва бо аъзои созмони “Бародаршаҳрҳои Боулдер-Душанбе” мулоқот мекунанд.  
Ҳукумати ИМА бар он аст, ки равобити мустаҳкам байни халқҳо рукни умда барои густариши муносибатҳои самарабахши дутарафа маҳсуб меёбад. Ба ин хотир, Ҳукумати ИМА тайи 25 соли ахир беш аз 5000 шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таҳсил, такмили ихтисос ва мубодилаи таҷриба равон намуд, то ки ин донишҷӯёну мутахассисон пас аз бозгашт ба ватани хеш барои рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.



СССР


Ҷумъа, Май 19 2017


Дуои ҳар бандаи мусалмон, ба вежа, волидони мо назди Худо қадр мешавад. Бовар надоред?! Таваҷҷӯҳ кунед ба дуои падару модарони худ: «Худоҷон, ҳамин тӯйи фарзандонро бинам, дигар бимирам ҳам ормон надорам!» Ҳамин дуо солҳост мустаҷоб мегардад. Чун ин охирин ормони волидони мост, Худованд ҳам аз ин бештар чизе ба онҳо намедиҳад. Тӯй мекунему боз дар фикри таваллуди фарзандон мешавему даст бардошта ҳамун дуоеро мекунем, ки волидонамон кардаанд: «Ҳамин пушти бачаҳом тахти шаҳиву сари духтаром чодари арӯсиро бинад, дигар дар дунё ҳич ҳавас надорам!». Худо-ку дуоҳоямонро мешунаваду қабулу мустаҷоб мегардонад. Дар кишвар ҳар рӯз тӯйю суру тантана. Боз чӣ мехоҳед? Ҳамунеро, ки аз Худо барои охирин бор (!) хостаед, бароятон дод, дигар сипос гӯеду бештар талаб накунед, ки чизе фоида нест. Охир, дар дуоҳо назди Худо ваъда додед, ки "тӯйи фарзандонамро бинам, дигар ормон надорам!!!»

Залоги дуо
Боз дар дуо ШАРТ (залог) мегузоранд. Маънои ин шарт чист, медонед? Яъне бо ин дуо гуфтанием, ки "эй Худо, дигар орзуҳоямро амалӣ карда наметавонӣ, ҳаминашро 1 бало кун, кифоя"! Орзуи охиринат чӣ буд? Тӯйи фарзандон! Тӯйро тамошо кардӣ? Акнун ҷимакак шин!!! Мардумони олам аз Худо ДУНЁ талаб мекунанд ва имрӯз ба ҳама хостаҳошон расидаанд ва ҳалолашон бод! Дирӯз бо модари азизам дар сӯҳбат будам, мисли ҳама модарон ҳамингуна дуо кард. Пурсидамаш: «Оча, дар ҳавлӣ тахт сохтану базм оростану арӯсеро канорам гирифтан ва пушт ба пушти тахт гардондан магар орзуст?». Қаҳраш кард, ки гуфт, "бачам, ман намедонам ба чӣ корҳо машғуливу чӣ ният дорӣ, аммо ҳамин сол дар хона бояд тӯйи ту шавад, тамом!". Ва телефонро хомӯш кард. Бояд тӯй кард! Дигар чӣ мекунӣ?

Издивоҷ: аз Бушу Путин то Бен Ладен
Ораш дар 33-солагӣ издивоҷ кард, касе чизе нагуфт, Муин дар 39-солагӣ зан гирифт, дунё чаппа нашуд, Ҷорҷ Буш дар синни 31 оиладор шуд, касе дар ҳайрат нест, Владимир Путин дар 30-солагӣ тӯй карду дар 60 солагӣ ҷудо шуд, касе эрод нагирифт ва ингуна чеҳраҳои маъруфу комёб дар дунё зиёд аст, ки баъди 30-солагӣ оиладор шудаву имрӯз дар дунё маъруфият доранд. Бузургсолони мо низ то ҳамин оғози соҳибистиқлолӣ хеле дер оиладор мешуданд, аммо то синни 29 оиладор нашудани ман, табдил ёфта ба мавзуъи баҳси ҳамешагии дӯстон!
Бен Лодан дар 17-солагӣ аввалин бор никоҳ кард, дигар медонед, ки дар дунё чигуна "комёб" шуд? Таваҷҷӯҳ кардаед, ки насли имрӯз чаро лоақал нисфи 1 почакандаи даврони шӯравӣ на ақл дораду на фарҳангу на саводу на комёбӣ?! Зеро баъди хатми мактаб ва баъзан баъди хатми донишгоҳ аз гӯшашон гирифтаву тӯяшон мекунанд. Дар ин сурат кадом ҷавон ба комёбие ноил мегардад?! Кӯдаки дирӯза дар айёми ҷавонӣ оиладориро ҷуз секс чизе беш намедонад: оиладор мешаваду 2 сол пас, ки зиндагӣ ба сараш зад, медавад Русия, ё роҳи халосиро дар талоқ мебинад. Таваҷҷӯҳ кардаед, ки имруз бештар аз солҳои даврони шуравӣ бевазанҳои танҳои ҷавон дорем? Ин натиҷаи саросемагию духтарфурушӣ дар қолаби қалинг асту ба зиндагии мустақил омода набудани ҷавонон. Даврони мактабиям ҳамагӣ 1-2 бевазан дар деҳот буд, ки ун ҳам бо сабаби марги шавҳарҳошон танҳо буданд, аммо имруз дар ҳар деҳае дастикам 5 бевазани ҷавон ёфт мешавад, ки сабабашро болотар гуфтем.
Ҳанӯзам, нафаҳмида бошед, тӯй хӯрда гардед!!!


Шарифхони Тағоймурод,
аз ш.Маскав, махсус барои СССР


PS: Ҳоло мешунавам, ки ҳатто вазирону раисон ва пешбарандагони ғояи давлати дунявӣ, ҳамаашон духтаронро дар синни 18-19 ва писаронро максимум дар 20-солагӣ никоҳ мекунанд ва сабаб меоранд: «Ба роҳи каҷ наравад!». Ҳӯй, абармардони миллат, роҳи рост танҳо баччазоист?

Панҷшанбе, Май 18 2017


1 рӯзи истироҳатии маъмулӣ овози мусиқӣ баланд шуду зане бо овози шево сароид: «Ой, 1 даста гулум дар раҳи Файзободае». Ин оҳанг маро ба дуриҳои дури айёми кӯдакӣ бурд. Дар кӯдакӣ аз дигар бародаронам (мо 6 писарем дар оила) бештар бо модарам будам ва ҳамеша аз пасаш ин тарафу тараф мерафтам. Маълум, ки он замон (нимаи солҳои 1970) мардум аз техникаю таҷҳизоти имрӯза хеле камтар доштанд ва занҳову мардҳо дар ягон ҷое ҷамъ омада, аз рӯзгору кору борашон қиссаҳо мекарданд ва аз имрӯзҳо дида бо ҳамдигар бештар қарину наздик буданд. Ана дар ҳамон айём, 1 рӯзи гарми тобистон 1 идда занҳо зери дарахти бед нишаста, дар ҳар мавзуъ гуфтугӯ доштанд. Ҳамин вақт аз радиое, ки дар симчӯбе насб карда шуда буд, садои Нигина Рауфова баромад ва оҳанги «Ой, 1 даста гулум дар раҳи Файзободае» дар фазо танинандоз гардид. Ҳама занҳо якбора ба оҳанг дода шуданд. Ман бе таваҷҷуҳ нишаста будам ва на ба маънии суруд сарфаҳм мерафтаму на ба аломати хомӯш нишастанашон. Ҳанӯз ҳам суруд ҷараён дошт ва баногоҳ дидам, ки дар чашмоне баъзе аз занҳо қатраҳои ашк намоён шуданд. Аз модарам оҳиста пурсидам: «Оча, чаро инҳо гиря мекунанд?» Модарам ҷавоб дод: «Барои ёди Ватанашон». Пурсидам: Ватан чист? Гуфт: «Ҷои таваллудашон! Онҳоро аз Файзобод ба ин ҷо муҳоҷир кардаанд ва барои ҳамин дар ғами ватанашон гиря мекунанд». Чунин чанд саволу ҷавоб миёни ману модарам бадал шуд, вале ба маънии Ватан, муҳоҷир, пазмон шудан… аз ин ки ҳанӯз мактабхон набудам, комилан сарфаҳм намерафтам.

Нигинаи Рауф-ситорае дар замин буд
Зиндаёд аз зумраи овозхононе буд, ки махсусан дар миёни занҳои деҳот обрӯ ва муҳаббати беандоза дошт. Бисёр занҳое буданд он замон, ки ба ҷуз аз Нигина дигар овозхонҳоро қариб ки намешинохтанд. Модари раҳматии ман ҳам аз ҷумлаи онҳо буд, ки бо фахр мегуфт: «Ба ғайр аз Нигина ягонташро намешиносам». Аз ин рӯ, ӯ барҳақ овозхони ҳамаи давру замонҳо буду ҳаст ва дар таърихи мусиқии Тоҷик ҷою мақоми хосаи худро дорад.
Ағлаби оҳангҳои сароидааш маъруфият касб карда, ба масали имрӯза «шлягер» гаштаву онҳоро дар тӯю ҷашнҳо месароиданд. Махсусан оҳанги «Офтоб задай ба сараки олучаме» бештар машҳур шуда, ягон маъракаи ба хизмат гусел кардани наваскарон бе иҷрои ин оҳанг намегузашт. Модарони дар ғами писарони дар хизмат будаашон ҷигархун бо шунидани ин суруд бо садою бесадо ба гиря даромада, аз Нигина сипосгузорӣ мекарданд. Пас, гуфтан мумкин, ки садои Нигина садои модарони пурармон буд, ки дар ғами зодбумашон ва фарзандоне дар дуриҳои дур, дар сафҳои артиши собиқ СССР хизмат мекарданд, обу адо мешуданд. Дар суҳбат бо ман Мукаррама Шарифова аз сифатҳо ва заҳматҳои устодаш бароям хеле қиссаҳои ҷолибе кард ва маро боз ҳам бештар ба дунёи хаёлоти замони кӯдакӣ бурд ва тасаввур кардам, ки дар олами кӯдакӣ ба сар мебарам ва дар миёни модароне қарор дорам, ки аз садои фораму дилнишини ӯ ба ваҷд омада, беихтиёр ашки ғаму ҳасрат мерезанд.

Садои ҷовидон
Имрӯз, бо гузашти беш аз 40 сол он модароне, ки якҷо ҷамъ меомаданду аз ину он суҳбатҳои ширину хотирмон мекарданд ва бо шунидани садои Нигина бесадо мегиристанд, ҳама аз дунё гузаштаанд ва дар ман ҳамон ёдҳои даврони кӯдакиро ба ёдгор гузоштаанд. Ҳар боре, ки ба деҳа меравам, каме дар ҳамон мавзеъҳо сайругашт мекунам ва он ҳама айём пеши назар ҷилва мекунад. Вале садои ҷодуии Нигина Рауфова ба мисли Баҳору Наврӯз ва хандаи гули саҳаргоҳ ҷовидон асту ба шунаванда шавқу шӯр ва ҳаяҷони беандоза мебахшад. Чун дарёфтам, ки санаи 21 май зодрӯзаш аст, он ҳама хотирот маро ба навиштани ин сутур водор кард ва аз Худои муттаъол илтиҷо дорам, рӯҳаш орому осуда ва дунёи охираташ равшан бошад.


Ҳайбатулло Шодиев,
адиб, ш.Душанбе

Панҷшанбе, Май 18 2017


Дар доираи Соли ҷавонон ва бо мақсади муаррифии ҷавонони муваффақ рӯзномаи «Ҷумҳурият» озмуни «Пайрави Пешво»-ро роҳандозӣ намуд, ки он аз 10 феврал то 10.05.2017 идома дошт. Маросими ҷамъбасти озмун рӯзи 12 май бо ширкати васеи сарварони нашрияҳои марказӣ ва қаламкашон дар толори Маҷмааи  табъу нашри «Шарқи озод» сурат гирифт. Ба қавли Қурбоналӣ Раҳмонзода-сармуҳаррири «Ҷумҳурият»: «Ҳадафи асосӣ аз баргузории озмун дар баробари муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат тарғиби саҳми онҳо дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технологияҳои навин, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон доштани соли 2017  ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар собит сохт, ки  давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа эътимоду боварии комил доранд».
Бо қарори ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон шомил буданд, 11 нафар ширкаткунандаи фаъоли озмун барои нашри матолиби ҷолиб бо «Ифтихорнома» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шуд.

Чоршанбе, Май 17 2017


Дар ин бора Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар 1 ҷаласаи фаъолон дар ш. Панҷакент иттилоъ дод. Ҳамчунин Абдураҳмон Қодирӣ  аз рафти кори сохтмонии маркази фарҳангӣ дидан карда, гуфт, ки дар Соли ҷавонон то ҷашни Истиқлолияти мамлакат ин маҷмаа ба истифода дода хоҳад шуд ва муҷассамаи Лоиқ Шералӣ, ки дар паҳлӯи ин бино ҷойгир аст бо тарҳи нав азнавсозӣ карда мешавад. Маблағи навсозии муҷассамаи Лоиқ Шералӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят сурат мегирад, гуфт ҷаноби Абдураҳмон Қодирӣ.
Хабари азнавсозии пайкараи ин шоири шинохта дар ҳолест, ки санаи 20-уми май  76 солагии зодрӯзи Лоиқ дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.



Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон

Душанбе, Май 15 2017


Рӯзи 19.01.2017 дар шаҳри Тел-Авиви кишвари Исроил қалби яке аз сарсупурдагони роҳи ҳунар, санъаткори маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Борис Наматиев дар синни 86 аз таппиш бозмонд. Борис Наматиев бештар аз 40 соли ҳаёти эҷодии хешро содиқона ва ошиқона ба саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бахшидааст. Соли 1947 ба ҳайси мутриби оркестри созӣ ба ҳайати эҷодии театр шомил шуда, фаъолияти актёрии худро аз с.1948 бо иҷрои нақши Саидризо дар намоиши “Шаби 28”-и Ҷ.Икромӣ оғоз кард. Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ Наматиев дар саҳнаи театри ба номи А.Лоҳутӣ бештар аз 40 нақш бозидааст: Аскар (“Оршин мол-олон”-и Ӯ.Хоҷибеков), Мулло Бурҳон (“Духтари ноком”-и Икромӣ), Толиб (“Дил-дили Зайнаб”-и Ш.Қиём ва А.Мороз), Эдгар (“Шоҳ Лир”-и У.Шекспир), Расул (“Ҳаёт ва Ишқ”-и Ф.Ансорӣ), Мулло Даврон (“Лаҳзаи Ҷовид”-и М.Бахтӣ), Рауф (“Дасти дӯст”-и М.Назаров), Низомиддин Афандӣ (“Дилҳои сӯзон”-и Ҷ.Икромӣ), Шоҳ Алоуддин (“Фарёди Ишқ”- Ғ.Абдулло), Вазир (“Синдбоди Дарёгард”-и Шулжик), Полковник (“Нахи Печида”-и М.Холов)... намунаи қаҳрамонони саҳнавии ҳунарпешаи хушзавқу соҳибистеъдод мебошанд.

6-мақоми Наматиев
Борис Наматиев дар санъати овозхонӣ, хоса, сурудани шашмақом хеле мумтоз буд. Ҳаводорони мусиқии классикӣ то ҳанӯз мақомҳои “Сарахбори ороми ҷон”, “Шаҳнози Гулёр”, “Зулфи парешон”, “Ушшоқ”, “Чапандози Гулёр”, “Чапандози ушшоқ”, “Ироқи Бухоро” дар иҷрои ӯ хуб ёд доранд. Ман бо Наматиев бори аввал тобистони с.1976 дар Бухоро ҳангоми сафари ҳунарии Театри ба номи А.Лоҳутӣ ба ин шаҳри бостонӣ шинос шуда будам. Барои мо-донишҷӯёни Донишкадаи санъат охири сафари ҳунарӣ барномаи консертии мо бо иштироки 2 ҳунарманди маъруф, Б.Наматиев ва Муслима Боқиева комилтару рангинтар гашт. Театри тобистонаи лаби ҳавзи Девонбегӣ аз тамошогарони ҳунардӯсту санъатпарвари Бухоро лабрез буд. Дар консерти охирин роҳбари аввали вилояти Бухоро ва дигар шахсони масъули шаҳру вилоят ширкат доштанд. Бори масъулияти ин консерт, ки консерти ҳукуматӣ унвон дошт, барои мани донишҷӯ ва раҳҷӯи ҳунар ҳамчун ровию барандаи барнома хеле гарон буд. Ҳаяҷони маро Борис-ака дар паси саҳна зуд пай бурда, бо суханони нарму пурмеҳри худ дилбардорӣ карда гуфт, ки: “Ҳамин ҳоло ба ту нигариста ҷавонии худам ва лаҳзаи бори аввал ба саҳна баромадан ёдам омад. Дилатро қавӣ гир, укаҷон! Вақте ки ба саҳна баромадӣ, худи ҳамин ҳаяҷон ва эҳсоси масъулият дар назди тамошобин ба ту кӯмак хоҳад кард. Парво накун, ҳамааш хуб мешавад.” М.Боқиева низ ҳамчун ҳунарманди соҳибтаҷриба суханони ҳикматбори Борис-акаро ҷонибдорӣ карда, барои оғози консерт ба ман нерӯву боварӣ ва илҳом мебахшид.

Ӯ ботинану зоҳиран зебо буд
Наматиев худ марди зебое буд, ки пайваста зебо мепӯшид ва ҳамеша озодаву тамиз буданро дӯст медошт. Дар саҳна ҳам чун дар зиндагӣ тозакориву серталабиро нисбат ба худ мароми фаъолияти хеш қарор дода буд. Дар саҳнаи театри Бухоро тамошогарон намоиши “Сухан ва шамшер” ва ҳунарнамоии ӯро бо эҳсосот ва шавқу завқи баланд пазируфтанд. Устод Ҷ.Икромӣ, ки он шабу рӯзҳо дар зодгоҳашон буданд, ба иваз шудани матни 2 қисмати намоиш вокуниш нишон доданд, вале хоҳарашон бо оби чашм иброз дошт, ки бо ин намоиш ҳасрату аламҳои мо бухороиёнро тоза кардед... Истиқболу пазироии самимии хешу таборони Борис-ака, зиёфату меҳмоннавозии хосаи онҳо аз хотироти ҷолибу неки он сафар буданд...


Ортиқи Қодир
Махсус барои СССР

саҳ 65 аз 83

Китобҳо

Flag Counter