ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 29 2017



Ҳамоҳанги табиат
Бани башар дар таърихи мавҷудияти хеш расму русуми зиёде тавлид кард ва миллати ориёӣ низ дар ин ҷода истисно нест. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор ба шумор меравад. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои солинавии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а.) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хосе доранд. Аммо ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст. Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистониаш бедор мешавад ва мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳоданд ва аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бошукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ доштанд. Наврӯз чуноне, ки аз номаш маълум аст, ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт бузургтарин ҳадяи ин қавм ба тамаддуни башарист. Имрӯз ақвоми зиёди ғайриэронӣ низ Наврӯзро чун иди миллии худ ҷашн мегиранд. Таърихи Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-уми ин сулолаи афсонавӣ-Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор «Авасто» аз ин ҷашн ёд шудааст ва маҳз Ҷамшед поягузори он ба ҳисоб меравад. Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мешавад, ҷашни Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид. Бо зуҳури ислом ва пазируфтани он аз тарафи мардуми эронитабор Наврӯз натанҳо аҳамияти худро гум накард, балки ақвоми ғайриэронӣ низ ин ҷашни қадимии ориёнро чун иди миллии худ пазируфтанд ва ҳамасола ҷашнаш мегиранд. Умуман, ҳеҷ истилое, ҳеҷ ҷаҳонбинию фарҳанги наве натавонист Наврӯзро аз тафаккури мардуми эронитабор берун кунад.

Аз оини маҷус то иди исломӣ
Наврӯз новобаста ба ҳама беадолатӣ, ки нисбаташ раво диданд, барои қавми ориёӣ аз маҳбубтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳо буд, ҳаст ва хоҳад монд. Баъди омадани ислом иддае аз муқаддасмаобон кӯшиданд ин иди қадимиро чун ҷашни маҷусӣ қаламдод кунанд ва мардумро аз ҷашни он маҳрум созанд. Надонистани дин бузургтарин бало ба сари пайравони ҷоҳилаш метавонад биёрад. Мутаассифона, бо гузашти чандин садсолаҳо ҳоло ҳам чунин ашхосе дар байни рӯҳонияти мутаассиби мо ёфт мешаванд, ки аз ин ақидаи барғалати худ даст накашидаанд ва Наврӯзро бо дини мубин бегона медонанд. Ҳол он, ки дини ислом чун раҳмат аст барои оламиён, дар қатори аҳкоми худ чизи дигареро низ бо номи урф қабул дорад. Ислом урфи пайравони худро, ки дар он созандагию рушд ҳаст, инкор намекунад, балки мардумро ба пайравӣ аз он тарғибу ташвиқ менамояд ва Наврӯз аз ҳар анъанаи миллӣ бештар ба ин рушду созандагӣ ҷавобгӯст, чун рабти танготанге бо табиат, ин муъҷизаи Худованд дорад. Аммо ин беадолатӣ бо ин хотима наёфт ва дар таърихи мо-тоҷикон Наврӯз қиссае дигаре низ дошт.
Бо омадани ҳукумати Шӯроҳо қисмати ин ҷашни қадимӣ комилан ранги дигар гирифт. Акнун Наврӯзро оини исломӣ муаррифӣ карданд ва ҷашни он барои солҳои зиёд мамнуъ шуд. Албатта мардуми оддии мо ҳамеша онро ҷашн мегирифт, аммо дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ҳукумати коммунистии Маскав манъ намуда буд. Ҳукумати онвақта ин ҷашни қадимии мардумиро «боқимондаи гузаштаи феодалӣ» қаламдод мекард. Он замон дар байни роҳбарияти коммунистӣ ақидае роиҷ буд, ки Наврӯз иди диниву мазҳабист ва онро мусалмонон ҷашн мегиранд, на коммунистон. Бо вуҷуди ин зиёиёни миллат, монанди Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Холмурод Шарифов ва дигарон борҳо ин масъаларо дар назди роҳбарияти онрӯзаи кишвар бардошта буданд, аммо дар Душанбе касе ҷуръат намекард бе ризоияти Маскав қароре қабул кунад.

Гурдофариди тоҷик
Ин вазъ то соли 1965 идома ёфт. Соли 1965 ҳукумати Тоҷикистон муносибати худро нисбат ба зиёиёни ин миллат тағйир дод ва иди навро бо номи «Иди меҳнат» роҳандозӣ намуд. Ин иди нав мебоист оғози кишту кори баҳориро ифтитоҳ мебахшид ва Наврӯзро ҷойгузин мекард. Роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ, котиби аввали Ҳизби коммунист Ҷаббор Расулов дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо зиёиён мегуфт, «Иди меҳнат» танҳо чизест, ки Ӯ метавонад иҷозат диҳад ва иҷозаи баргузории Наврӯзро танҳо Маскав метавонад бидиҳад. Аммо бо шарофати нотарсӣ ва ғурури миллии 1 зани тоҷик Наврӯз дар кишвари мо чун иди расмӣ дубора эҳё гашт.
21.03.1966 нашри махсуси рӯзномаи «Маориф ва маданият» рӯи чоп баромад, ки пурра ба ҷашни Наврӯз бахшида шуда буд. Ба рӯзномаи «Маориф ва маданият» Буринисо Бердиева сарварӣ мекард. Ин зани далеру нотарс барҳақ Гурдофариди замони худ буд. Хело тааҷҷубовараст, ки дар сангинтарин давраи таърихи худ ин миллати кӯҳан диловарзаноне мисли Буринисо дошт, аммо мутаассифона, дар таърихи навинаш мардонаш низ чоплусу тарсу шудаанд. Шоҳидон нақл кардаанд, ки вақте шумораро барои нашр омода мекарданд, аз Кумитаи Марказӣ дастур доданд, то макети шумораро, ки ба «Иди меҳнат» бахшида шуда буд, барои азназаргузаронӣ ба наздашон оранд. Сардабир макетро бурд ва дар Кумитаи Марказӣ низ онро тасдиқ карданд. Аммо вақте макетро дубора ба редаксия оварданд Бердиева «Иди меҳнатро» ба Наврӯз иваз кард ва ин ҷашни қадимаи мардуми ориёӣ дубора эҳё шуд. Баъди баромадани шумора кормандони Кумитаи Марказӣ ба кофтукови Буринисо афтоданд, аммо ӯро аз ҳеҷ ҷой пайдо намекарданд. Ин зани далер ба кормандони рӯзнома гуфта буд: «Агар маро суроғ кунанд, гӯед, ки ба Кумитаи Марказӣ рафт».
Ин шумораи наврӯзӣ дар матбуоти тоҷик як саҳифаи дурахшоне буд ва баъди нашри он сардабири «Маориф ва маданият» ба яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар табдил ёфт. Шоир Бозори Собир, ки он солҳо ҳамроҳи Бӯринисо дар «Маориф ва маданият» фаъолият мекард боре гуфта буд: «Дар гирди Ӯ ҳамфикрони зиёде ҷамъ шуда буданд, аммо танҳо мардонагии Бӯринисо буд, ки матолиб дар бобати Наврӯз рӯи чоп баромад. Маҳз Ӯ Наврӯзро дубора ба ҷашни расмии кишвар табдил дод. Мутаассифона, мегуфт шоир, имрӯз ин миллат қаҳрамонҳои Наврӯзи худро аз хотир баровард. Хушбахтона бо вазидани насими истиқлолият мо дигар аз касеву чизе бим надорем ва ҷашну маросимҳоро озодона баргузор мекунем. Ва Наврӯз барҳақ имрӯз ҷойгоҳи волои худро дарёфт кард ва аз тарафи ҷомеаи башарӣ чун дастоварди қавми ориёӣ эътироф шуд. Албатта ин кор худ аз худ ба амал наёмад ва талошҳои сарони 3 кишвари эронитабор-Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ин кор нақшӣ ҳалкунанда доштанд ва билохира адолат барқарор гардид.
30.09.2009 созмони ЮНЕСКО қадимтарин ҷашни миллии моро ба феҳрасти мероси фарҳангии инсоният шомил намуд ва дар зери ин санад 24 кишвари дунё имзо гузоштанд. 19.02.2010 бошад дар 64-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ дар банди 49 рӯзномаи рӯз дар бораи «Маданияти дунё» бо аксарияти овозҳо қарори «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул карда шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: Ассамблеяи Генералии СММ 21 мартро чун Рӯзи байналмилалии Наврӯз мепазирад. Кӯшиши давлатҳои баргузоркунандаи Наврӯзро дар бобати нигаҳдорӣ ва ривоҷи фарҳанги Наврӯз истиқбол мекунад. Акнун дар таърихи ин ҷашни қадим саҳифаи нав навишта шуд. Қавми ориёӣ ҷашнеро ба башарият ҳадя кард, ки солҳои тӯлонӣ дар 17 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз дар кишварҳои Аврупоӣ низ монанди Албанияву Македония чун иди миллӣ истиқбол мешавад, 21 мартро ҳатто дар ИМА чун Рӯзи хоҷагии қишлоқ ҷашн мегиранд. Ва эътирофи Наврӯз аз тарафи СММ як аҷргузорист ба ин ҷашни фархундаву қадимии табори ориёӣ. Пас Наврӯзатон муборак, ҳамватанони гиромӣ.


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

Панҷшанбе, Март 16 2017


Пагоҳ, 17.03.2017 дар толори меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт  Намоишгоҳи хӯрокҳои миллии Фаронса баргузор мегардад. Дар ин бора ба мухбири СССР дар сафорати Фаронса дар ҶТ иттиллоъ доданд.
Бино ба иттиллои расида, Фестивал-намоиши хӯрокҳои миллии Фаронса ҳамасола рӯзи 21.03.2017, дар рӯзи баробаршавии рӯзу шаб баргузор гашта ошпазони моҳиру шинохта ва соҳибкасбро ба худ ҷалб мекунад. Аммо чун 21 март дар Тоҷикистон рӯзи Наврӯз таҷлил мегардад, сафорати Фаронса тасмим гирифт ин намоишро чанд рӯз қабл аз оғози чорабиниҳои идона дар кишвари мо амалӣ намояд.

СССР







Чоршанбе, Март 15 2017


Бо ӯ метавон ба разведка рафт. Содиқуссиддиқтарин узви коллективи мост. Ҳаргиз намефурӯшад ва ҳаргиз ба роҳи бад намебарад. Аз марги генерал Қосимов 100 сол нагузашта, ҳама фаромӯшаш карданд, илло Нуралӣ, ки хотираи ӯро дар ФФТ шод ва пос медорад. Дидори ӯ ҳатто дар давроне ки...хумораш (а это страшнее чем ядерная война!) мегирифт, барои мо фараҳ меовард. Футболро онгуна дӯст медорад, ки агар касе мисли ӯ дар...ФФТ дӯст медошту дар фикраш мебуд, ҳоло Тоҷикистон бо Бразилия бозӣ мекард...Оптимист аст. 100 бор фиребаш мекунанд дар федерация, вале ӯ бовар дорад, ки ин ҳама муваққатист...
Боре бо раҳматии Раҳими Ашроф Кулоб рафта музаҳои дигаронро тоза карда буд (перепут!!!), то ҳануз ҳамкорони СССР-ияш лутф мекунанд, ки "акаи Нуралӣ, аз ҳамин бекорӣ намешавад музаҳоямонро лок занӣ?"! Бо Раҳим аз кабкбозори Кулоб кабке хариданд, ки Шоҳи Кабкҳо буд: бо мо шакароб мехурд он кабку дар таксарӣ сарашро гузошта хоб мекард. Баъд фаҳмем, Нураливу Раҳим кабки дустдоштатарини Нуралии Кабкбози маъруфи Тоҷикистонро "уговорит" карда харидаанд...
Куҷое у ҳаст тантанаи хандаи софу бе ғаш аст ва дилҳои поку орӣ аз кинаҳо гул мекунад.
Бошӣ, Нуралии СССР! Ҳамеша бошӣ!

СПЕЦлатифа аз Шарифхони Тагоймурод
Нуралӣ Хоркашевро гуфтам: касбу корҳо дар куҷо? Гуфт, дар Федератсияи Футболи Тоҷикистон. Дубора пурсидам, хубтар шарҳ деҳ, ман-ку сарфаҳми варзиш намеравам, ин чӣ коргоҳ ҳасту чӣ касбу кор, ё дар офисатон мардумро ба шатта мезанед, ки ингуна ном гузоштаед ниҳодатонро???
Гуфт: ФФТ масъули бозиҳои футбол дар кишвар асту футболистони номиро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад ва баъди дастгириҳои ФФТ аллакай футболистони мо харидор пайдо кардаанд ва ҳамингуна 3 саҳифа шарҳ дод… Гуфтам: одамфурӯшӣ мекунем гӯй!
ЗОДРӮЗ МУБОРАК, акаи НУРАЛӢ, сарбаланд бошу комёб!!!

Душанбе, Март 13 2017


Тантанаҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе 21 марти соли равон оғоз мегарданд. Чуноне ки ба мухбири СССР аз Ҳукумати ш. Душанбе хабар доданд, субҳи 21.01.2017 соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», Боғи фарҳангию фароғатии «Пойтахт», Боғи ба номи С.Айнӣ ва майдони «800-солагии Москва» барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки устодони санъат амалӣ мегарданд.
Ҳамчунин шоми ҳамон рӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоиши бошукӯҳи театрикунонидашудаи наврӯзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида мешавад. Дар анҷоми чорабинӣ мушакпарронии бардавом аз 7 бурҷи шаҳр дар назар аст.
Рӯзҳои 23 ва 24 март бошад барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол дар байни бонувон ва теннис дар байни наврасону духтарон баргузор хоҳад гашт.
Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷумҳуриявӣ соли ҷорӣ бо ширкати президенти кишвар рӯзи 22.03.2017 дар ш. Турсунзода сурат мегирад.

СССР

Душанбе, Март 13 2017


Дар рӯзи матбуоти тоҷик, КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрик ва бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуд.
Мурод Шукурзода, роҳбари КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент изҳор дошт, ки мо ҳамеша он пешниҳоду дархост ва масъалагузориву баррасии проблемаҳоро, ки аз тарафи рӯзноманигорон сурат мегираду баҳри созандагии ин кишвар гуфта мешавад, ҷонибдорӣ ва эҳтиром менамоем.
- Бо шарофати журналистон фаъолияти кории мо дар матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ инъикос мегардад. Мо бо ҳама рӯзноманигорон ҳамкории қавӣ дорем - гуфт ҷаноби Шукурзода.
Ҳамзамон аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ба рӯзноманигорон тӯҳфаҳо супорида шуд. Дар шаҳри Панҷакент ин аввалин ташкилот ва созмонест, ки бахшида ба Рӯзи матбуот бо журналистон мулоқот доир намуд.

Панҷшанбе, Март 02 2017

 Дар арафаи Рӯзи матбуоти Тоҷик – 11 март нашриёти  «Истеъдод» китоби «Раҳбари дониш» – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ» –ро аз чоп баровард, ки ба қалами муҳаққиқи ҷавони таърихи матбуоти тоҷик Хуршеди Ҳамдам тааллуқ дорад. Ин китоб ҳамчунин ба 90 –солагии таъсиси маҷаллаи «Раҳбари дониш» бахшида шудааст.

Китоби мазкур доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули маҷаллаи «Раҳбари дониш» ҳамчун маҷмӯаи илмӣ – адабӣ  маълумот дода,  авзои сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 20 ва 30 – юми садаи 20-ро ба риштаи таҳлил кашидааст. Инъикоси масоили мактабу маориф, бахусус рафъи бесаводӣ, таблиғи мактабҳои шакли нав, чопи адабиёти таълимӣ, тақсимоти ҳудудӣ – марзӣ, муносибатҳои миллӣ, вазъи адабӣ, мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забон  мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳаёти 1 давраи таърихи Тоҷикистонро бозгӯ кардааст.

«Раҳбари дониш» – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ» зери назари Абдусаттор Нуралиев, профессор,  доктори илмҳои филологӣ чоп шуда, устоди журналистони Тоҷик дар  сарсухани китоб   зикр кардааст, ки «маҷаллаи «Раҳбари дониш»  нашрияи пурарзишест, ки барои инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои аввали Тоҷикистони мухтор ва баъдан ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси манбаи боэътимоди иттилоърасонӣ саҳми сазовор гузоштааст. 

Хуршеди Ҳамдам, муаллифи рисола комилан дуруст қайд мекунад, ки «пайдо шудани маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар ҳаёти тоҷикони Осиёи Миёна ва дар  пешрафти ҳаёти  онҳо ҳодисаи таърихӣ буд». Зеро ба иддаои муҳаққиқон маҳз ба воситаи ин маҷалла тоҷикони берун аз марз    аз ҷомеаи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон огоҳ мешуданд. «Раҳбари дониш» ҳатто дар Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон хонандагони худро пайдо карда буд. Дар маҷалла дарҷ гардидани чанд хабару мақолаҳо аз муаллифони хориҷи кишвар низ гувоҳи он аст».

Дар саргаҳи фаъолияти «Раҳбари дониш» устодон Садриддин Айнӣ,  Собит Манофзода, Муҳаммади Мусавӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Азизӣ, Деҳотӣ, Турақул Зеҳнӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон қарор доштанд. Таъкиди муаллиф ба маврид аст, ки ташкили матбуоти миллӣ, ки минбари баёни розу ниёзи равшанфикрони тоҷик дониста мешавад, дар солҳои 20 – уми асри 20 заминаи ҳалли бисёре аз масъалаҳои муҳими мардуми тоҷик гардид. Дар китоб баробари осори публитсистони касбии тоҷик, мақолаҳои раҳбарони он давраи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон — Абдуқодир Муҳиддинов (нахустин сарвазири Тоҷикистон), Аббос Алиев (нахустин вазири маорифи Тоҷикистон) ва дигарон нашр шудаанд. Онҳо дар масоили тақсимоти ҳудудӣ – марзӣ ва муносибатҳои миллӣ матлабҳо чоп карда,  барои ҳифзу ҳимояи тоҷикон бархостанд.

   Масъалаҳои мактабу маориф ва фарҳангу адабиёт дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» аз ҷониби муаллиф хеле хуб таҳлилу баррасӣ шудаанд. Воқеан ҳам маҷалла дар масъалаи маҳви бесаводӣ, сохтмони мактабҳои шакли нав, ташаккули мактабу маориф, нашри адабиёти таълимӣ нақши бузурге гузошт, хоса барои ба вуҷуд овардани инқилоби маданӣ дар ҷомеа замина гардид.

Ҳамзамон маҷалла дар соҳаи рушди адабиёт низ хизмати арзанда дошта,  дар баробари проблемаҳои маориф ва масъалаҳои мубрами он ба мушкилоти адабиёт, нақди адабӣ, забону хат, робитаҳои адабӣ ва тарҷума низ пардохт.

Ҳамчунин баъзе масоили марбут ба баҳсу мунозираҳои он давра  низ аз назари муҳаққиқ дур намондааст. Хусусан мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забони адабии тоҷик дар маҷалла ба хонандаи ин асари илмӣ маводи ҷолиб пешниҳод менамоянд. Дар ин хусус қайдҳои муаллиф ба маврид аст, ки мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забон дар «Раҳбари дониш» тавассути равшанфикрони давр аз доштани минбари озод дарак дода,  намояндагони аҳли қалам тавонистанд аз ин имконият ба хубӣ истифода баранд ва дарди дилашонро барои покизагии забони тоҷикӣ ифшо созанд.

Аз бойгонии СССР: Хуршеди Ҳамдам кист?

Хуршеди Ҳамдам (Хуршед Андамов) унвонҷӯи кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда,  дар мавзӯи  «Ҷойгоҳи маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар низоми матбуоти тоҷики солҳои 20 – 30 — и садаи 20» таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳад.

Номбурда факултаи журналистикаи ДМТ – ро соли 1995 бо донишномаи аъло (дипломи сурх) хатм карда,  солҳои 1995-1996 ҳамчун устод дар кафедраи забону адабиёти байнифакултавии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Соли 2002 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2010 дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе аз фанни журналистика ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Хуршед Андамов аз соли 2015 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ мебошад.

 

 

саҳ 68 аз 83

Китобҳо

Flag Counter