ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 08 2020

Ба гулзори ҳаёт аз баҳри худ не,

Барои дигарон бояд шукуфтан.

Боиси дастгирист, ки имрӯзҳо нафарони дилогоҳу қадршинос ва дилсӯз ба монанди рӯзноманигорони барҷаста, сардабири рӯзномаи мардумии «СССР» Сайёфи Мизроб, Ҷамила Ҳусейнова ва собиқадори меҳнат, нафақахӯр аз ш.Истаравшани вилояти Суғд Наби Ҷумъа ҳастанд, вуҷуд доранд, ки номи аз ёд рафтаи  бонуи меҳнатқарин, собиқадори меҳнат, собиқ калобарес ва бофандаи номиву машҳури Иттиҳодияи «Тоҷикатлас»-и ба номи 60-солагии СССР-и ш.Душанбе пири барнодил Аҳмадова Бозоройро дубора вирди забонҳо оварда, аз фаромӯшӣ агар гӯем хато намекунем, эҳё ва зинда гардониданд. Зиҳӣ ба ҳамаи шумоён! Зиҳӣ, марди бовиқору баномуси миллати тоҷик, қаламкаши номӣ Сайёфи Мизроб ва рӯзномаи дардошнои мо «СССР» барои чунин иқдомҳои инсонпарваронаву ҷавонмардонаву наҷибатон баҳри ёдоварӣ ва қадрдонӣ аз собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар воқеан рӯзномаи «СССР»-ҳамдарду ҳамдам ва дардошнои дили ҳамаи мост. «СССР»- мурдаву зиндаи моро соҳибӣ намуда, пайваста аз бузургони мо, собиқадорони ҷангу меҳнат, зиёиёну аҳли илму адаб ва ҳунари мо ёдоварӣ менамоянд. Ман бисёртар аз заҳматкаши роҳи матбуоти тоҷик, паҳнкунандаи рӯзномаи «СССР», модари матбуоти тоҷик ва «Ҷавонони Тоҷикистон» апаи азизу меҳрубони ҳамагон Гулчеҳра Фозилова, ки имрӯзҳо дар остонаи ҳафтодумин солгарди баҳори нозанини умрашаон қарор доранд. Миннатпазирам ва сипосмандам барои ташвиқу тарғиботи чунин рӯзномаи ҷолибу хонданибоб «СССР»-и ба ҷону дил баробари мо ногуфта намонад, ки Гулчеҳра Фозилова-Гули шукуфони саҳарии «Шарқи озод» аст, ки бо накҳати хушу бӯйи атрноку мушки хутанаш ҳар бомдодии рӯзи панҷшанбе ба ҳар яки хонандагони боинтизори рӯзномаи «СССР» пайки хушу шодмониро мерасонад, худ низ собиқадори меҳнат, собиқадори  матбуоти тоҷик мебошад. Хонандаи закии рӯзномаи «СССР» ҳар рӯзи панҷшанбе бо интизориҳои зиёд шабро саҳар карда, пазмони бӯйи хушу насими тозаи саҳифаҳои дилошӯби рӯзномаи «СССР» мебошанд. 

 

Ҳамдиёри Сотим Улуғзодаву Мутеъулло Наҷмиддин

Боиси хушнудӣ ва сарафрозии мост, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо чунин инсонҳои дарёдил ба монанди Бозорой  Аҳмадова арзи вуҷуд менамоянд. Онҳо худ қомуси зиндаи ҳаёти имрӯзу фардои моянд. Бозорой Аҳмадова аз зумраи он занонест, ки бо меҳнати пурбаракату софдилонаи хеш ба дили инсонҳои дилоҷӯ қадршиноси зиёде роҳ ёфтаву сазовори эҳтироми ҳамагон гардидаанд. Саҳифаҳои таърихи  ҳафтодсолаи давлати Шӯравиро боз як бори дигар варақгардонӣ намуда, аз кору пайкори бонувони меҳнатқаринамон чун Бозорой Аҳмадова  ошно мегардем ва мебинем, ки  чи  хел як бонуи оддие, зодаи деҳаи Варзики Чусти водии Фарғона ба Душанбе  дили Тоҷикистони Шӯравии ҳамон замон солҳои 60-70-уми асри гузашта омада, дар коргоҳи  Иттиҳодияи  «Тоҷикатлас» кору фаъолият намуда, бо пешқадамӣ ва меҳнати ҳалол ном бароварда, машҳури ҷумҳурӣ гардид.

Аҳмадова Бозорой 5 майи соли 1936 мувофиқи ҳуҷҷатҳояш (дар асл соли 1934) дар деҳаи Варзики Чусти Фарғона таваллуд ёфтааст. Ӯ аз ҳамдиёрони нависандагони барҷастаи халқи тоҷик Сотим Улуғзода ва Мутеъулло Наҷмиддинов мебошад. Дар бораи  Бозорой Аҳмадова дар китоби Қурбон Мадалиев «Улуғзода ва ҳамдиёрони ӯ» Душанбе, соли 2016 нашриёти «Русская литература» ва китоби «Занони Тоҷикистон»-и профссор Роҳат Набиева, Душанбе соли 1986, нашриёти «Ирфон» маълумотҳо додаанд. 

 

Бофандаи номӣ, вале бе унвон…

Аҳмадова Бозорой-ин ҳамон бонуи меҳнатқарин мебошад, ки дар мусобиқаҳои сотсиалистӣ дар панҷсолаи ёздаҳум (солҳои 1981-1985) ташаббус нишон дода, дар зарфи панҷсола се нақшаро иҷро карда, бо сари баланд бо номи калобареси номӣ, бофандаи варзида ва мураббии хизматнишондодаи ҷумҳурӣ ном баровард. Хизматҳои бошарафи ӯро давлат ва ҳукумати Шӯравӣ бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Ленин» ва медали «Барои меҳнати шоён» қадрдонӣ кардааст. Бозорой Аҳмадова аллакай соли 1989 нақшаи соли 1990-ро барзиёд иҷро намуда буд. Аз ин боис, ӯро борҳо ба унвони «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» пешниҳод намуданд, вале бо сабабҳои номаълум ва баъзе оинҳо натавонист соҳиби ин унвон бигардад. 

Ҳамин тавр ин қаҳрамонзани бошараф ва меҳнатқарин вале бе унвон солҳо зиста, дар дили халқаш ҷо гирифт. Одатан агар бигирем унвони «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ”-ро давлат, ҳукумат ва ҳизб ба нафароне сарфароз мекард, ки ба халқу давлат хизмати софдилона намудаанд, вале беҳтар аз ҳама болотар аз ҳама унвонҳо ин маҳбуби халқу диёр будан аст. Унвони беҳтарин ин одаму одамгарӣ мебошад, вақте, ки халқат туро дӯст медоранд, туро ҳурмату иззат менамоянд, туро наслҳои ........... ҷустуҷӯ менамоянд. Ин аст рисолати зиндагӣ. Устоди санъати тоҷик, пири ҳунари тоҷик Шариф Ҷӯраев на он қадар унвонҳои баланди давлатӣ доштанд, вале халқаш миллаташ ӯро бо унвони Акашариф солҳо ёд мекунанд. Шоир, устод Боқӣ Раҳимзодаро низ халқ бо унвонҳояш ёд намекунад, балки ҳамчун муаллим шоири халқ, инсони шариф ёд мекунанд. Таърих ҳазорон нафаронеро медонад, ки унвонҳои баланди «Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ», «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ», «Артистони халқии СССР» ва ғайраро соҳиб буданд, вале аз хотири халқ тез фаромӯш гардида, ба фаромӯшхонаи таърих рафтаанд.

Бозорой Аҳмадова бошад аз ёди халқ ҳеҷ гоҳ намеравад. Ӯ барои халқу миллаташ, барои Ватану диёраш, барои ёру дӯстон пайвандон, фарзандону наберагонаш то абад азизу муҳтарам мебошад, зеро меҳнати ҳалолаш  ин шарафу номус ва унвони ӯст. Шоири тавонои классики тоҷик Сайидои Насафӣ бисёр хуб гуфтааст:

Сарбаландони ҷаҳонро номи эҳсон асту бас,

Сарвро дар бӯстон қадди намоён  асту бас.

Аҳмадова Бозорой дар синни мубораки 85 дар ҳалқаи фарзандон, наберагон дар к.Гулшан-хонаи 130 воқеъ дар ноҳияи Сино умр ба сар мебарад. Имрӯзҳо ӯ каме саломатияшро аз даст дода, парешонхотир аст. Лекин дар ёди ҳамаи мо ҳамон 1 зани хушсалиқаву зебо, меҳнатқарину қаҳрамон хоҳад монд. 

 

Маҳмадҷон Сафаров, омӯзгор, таърихшинос   

 

Душанбе, Март 30 2020

Отахон Латифӣ 18-уми марти соли 1936 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1963 риштаи журналистии Донишгоҳи Ленинград, Санкт-Петербурги имрӯзаро хатм кардааст. Ӯ 4 сол дар рӯзномаи “Комсомолетс Таджикистана” ва аз соли 1967 то 1973 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Комсомолская Правда” дар Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аммо нуқтаи авҷи маъруфияти Латифӣ ҳамчун журналист 16 соле буд, ки ӯ аз соли 1973 то 1989 дар рӯзномаи “Правда” – нашрияи асосии ҳизби ҳокими коммунисти СССР дар Тоҷикистон кор мекард. 

Дар он солҳо вақте ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи Норак суст шуд, Латифӣ аз минбари “Правда” ташаббуси “эстафетаи коргарӣ”-ро дар миён гузошт, ки ба ин сохтмон ҷони нав дамид. Масъалаи дигаре, ки Латифӣ истодагарӣ кард, тарҳи сохтани обанбор дар қаламрави водии Вахш ва ба Қаршии Узбакистон кӯчондани сокинони ин водӣ буд, ки баъди мақолаи Латифӣ сарвазири вақти СССР Николай Косигин иҷрои ин тарҳро боздошт.

Дар поёни соли 1989 раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов Латифиро муовини сарвазир таъин кард. Соли 1991 Латифӣ довталабона аз ин мақом истеъфо дод ва ба журналистика баргашта, дар рӯзномаи “Известия” ба кор пардохт. Ӯ ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуд ва ҳамроҳ бо Алексей Сафаров, як соҳибкори тоҷики муқими Финландия ширкати “ЗарФин”-ро таъсис дод.

Баъди оғоз гардидани ҳодисаҳои маълум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  О. Латифӣ дар охирҳои соли  1992 ,  муддате дар Маскаву баъдан дар Теҳрон умр ба сар бурд.  Моҳи сентябри соли 1997, баъди се моҳи имзои созишномаи сулҳ, вақте барои иҷрои он Кумиссиюни оштии миллӣ таъсис ёфт, Латифӣ ба Душанбе баргашт ва то рӯзи кушта шуданаш ба ҳайси раҳбари зеркумиссиюни ҳуқуқии ин ниҳоди нозири раванди сулҳи Тоҷикистон кор кард.

Отахон Латифӣ дар ҷараёни музокироти сулҳи солҳои 90-уми кишвар яке аз шахсиятҳои асосӣ ба шумор мерафт. Аз инҷост, ки наҳзатиҳо чандон ӯро хуш қабул надоштанд.  Аз обрӯ ва эътибори ӯ ҳарос доштанд ва доим лаҳзаи даркориро интизор доштанд, то ки ӯро нобуд созанд. Зеро Отахон Латифӣ аз ҳадафи асосии наҳзатиҳои ифротӣ огоҳӣ дошт ва медонист, ки оянда фаъолият онҳо барои мардуми кишвараш танҳо қатлу куштор ва бадбахтиро пеш меоварад. 

Иброҳим Усмонов, вобаста ба зиддияти Отахон Латифӣ ва наҳзатиҳои ифротӣ чунин нақл менамояд: «Ман ба намояндагӣ аз ҷониби ҳукумат ва Отахон Латифӣ аз ҷониби мухолифон протоколи Хусдеҳро таҳия кардем ва қарор гузоштем, ки баъд аз 10 рӯз дар Маскав мулоқот мекунем. Аммо мухолифон ба Маскав бо таъхири дурӯза омада, изҳор доштанд, ки он санадро эътироф намекунанд. Намояндаҳои СММ ба мухолифон гуфтанд, ки агар аз имзо даст мекашед, пас, дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шумо пуштибонӣ намекунад. Тӯли се рӯзи дигар мо маҷбур шудем ба ин санад тағйирот ворид карда, сипас, музокиротро идома диҳем». 

Ҳақиқат ин аст, ки наҳзатиҳои ифротӣ доим дар паи нест намудани ӯ талош менамуданд.  Аз ин рӯ, дар таърихи 22-юми сентябри соли 1998 нақшаи наҳзатиҳо барои ҷисман нобуд кардани ин марди шуҷои ватан амалӣ гардид.   Ин журналист ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷикро  дар назди манзилаш, дар маркази Душанбе дар як сӯиқасди мусаллаҳона бо се тири туфанг куштанд. Ин се тир риштаи умри нафареро канд, ки аз журналистони ангуштшумори соҳибмактаби тоҷик буд. Латифиро дар синни 62 ва замоне куштанд, ки ӯ баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тоза як сол боз ба Ватан баргашта, дар Кумиссиюни оштии миллӣ аз ҷониби оппозисиюн намояндагӣ мекард ва мӯътақид буд, ки Тоҷикистон бебозгашт пой ба роҳи сулҳ гузоштааст.

Ҳаёт, нанг, номус, сулҳ, суббот ватану миллат дар пеши наҳзатиҳо заррае арзиш надошту надорад. Барои саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ пулу мол, давлату сарват, хунхориву ҷаллодӣ, қадру манзалати бештар дорад.  Таҳлили куштори   Отахон Латифӣ аз он гувохӣ медиҳад, ки аз як тараф наздик шудани ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва аз сӯйи дигар фосила гирифтанаш аз наҳзатиҳои ифротӣ онҳоро сахт нигарон намуда буд.  Табиати наҳзатиҳои хунхор чунин аст, ҳар нафаре, ки ҷонибдорӣ сулҳу суббот ва оромии кишвар бошад, дар чашми наҳзатиҳои сулҳбезору хунталаби аҷнабипараст хиёнаткор менамояду ҷазои чунин шахсонро марг медонанд.  

Отахон Латифӣ ҳамчун нишони ҷавонмардӣ, шахсияти беназир, журналистӣ сермасъул ва дипломатӣ закӣ  дар ёдҳо боқӣ мондааст. Агар умр вафояш мекарду наҳзатиҳои хунхор нисбаташ амали террористӣ анҷом намедоданд,    рӯзи 18-уми марти соли равон  78-сола мешуд. Ёдат ба хайр устоди гиромиқадр.

 

Назар Холназаров, ходими калони илмии АИ ҶТ  

 

Чоршанбе, Март 18 2020

 

“Модари матбуоти тоҷик”, “Духтари газета”- ин унвонҳои ифтихорӣ танҳо ба Гулчеҳра Фозилова хос аст. Апаи Гулчеҳра беш аз 50 сол мешавад, ки дар рӯзномаю маҷалаҳои гуногун ҳамкорӣ карда, пешрафту интишору паҳн намудани нашрияҳои кишварро бе ин бонуи хоксору зиндадил тасаввур кардан имконнопазир аст. Гулчеҳра Фозилова солҳои зиёд аст, ки дар  рӯзнома “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ҳафтавори мардумии СССР кор ва фаъолият мекунад. Дили софу бекина, меҳнати ҳалолу ниятҳои некаш имрӯз ӯро миёни ҳама рӯзноманигорон соҳиби обрӯ ва эҳтирому эътибори бузург гардонидааст. Вақте ки дари редаксияи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро мекушоем, аввалин шахси пешвозгиранда Апа аст. Ҳамеша Апаро дар назди мошинкаи худ мебинем, ки чизе менависад. Ба наздаш рафтему, аз гузашта ва ҷавониҳояш пурсон шудем, аз гуфтаҳояш маълум гардид, ки рӯзгори пур аз хотирмон гузарондааст. Фоҷиаву шикастҳои зиёдеро паси сар намуда бо ҳама бешу камаш шукр мекунаду ҳар субҳи нави зиндагиро бо лабханд пешвоз мегирад.

Гулчеҳра Фозилова дар оилаи шахсони оддӣ, яъне коргар таваллуд шудааст.

  - Падарам дар яке аз муассисаҳои давлатӣ посбон буданду модарам бошад, фаррош кор мекарданд. Кӯдакии ман чун дигарон бо ҳазор орзую умедҳо пушти сар шудааст. Пас аз хатми синфи 10 мехостам ба факултаи забони хориҷӣ дохил шавам, вале падару модарам зид баромаданд. Ман пинҳонӣ аз онҳо ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ оварда ба факултаи филология супоридам, - мегӯяд Гулчеҳра 

Оғози кор дар “КТ”

 Пас аз он ки дар шуъбаи ғоибонаи факултаи филология дохил мегардад, аз пайи ҷустуҷуи ҷойи кор мешавад. Ҷавондухтари зебою дар тан либоси миллӣ ба идораи “Комсомоли Тоҷикистон” рафта, назди дари сармуҳаррир мешинад. Апаи Гулчеҳра мегӯяд: “вақте ки ба идора рафтам, ҳамон вақт сармуҳаррир Абдулло Зокиров дар сафари хизматӣ буд, маро ҷонишини сармуҳаррир Муқимҷон Абдураҳмонов қабул намуд. Баъд аз суҳбат ҳамчун хаткашони идора фармон гирифтам. Баъд аз чанд рӯз Абдулло Зокиров аз сафар баргашта, маро ходими шуъбаи мактуб ба кор гирифта, вазифаи хаткашониро ба каси дигар вобаста карданд”.

“Модари журналистон”

Умри Апа қариб, ки сарфи ин идора шуд. То ин дам бо журналистони зиёде кор кард.  Бисёриҳоро ҳамчун фарзанд дар хонаи хеш нигоҳубин ҳам кардааст.  Солҳои ҷангу қаҳтӣ, рӯзҳои пурдаҳшат нафарони зиёдро Апаи Гулчеҳра сари як дастархон ҷамъ кардааст. Кормандони собиқадоре, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, мегӯянд, ки ҳамон солҳо пагоҳӣ ҳама дар идора мунтазири Апа будем, ки шояд хурдание биёрад. Ҳамин тавр ҳам мешуд. 

   - Давраҳои бениҳоят мушкил буд, ман баъзан вақт дар бозор ба савдои молу маҳсулот низ машғул будам, маблағи ба даст омадаро нону хурокворӣ харида ба назди бачаҳо оварда, якҷо мехурдем, - иброз медорад Гулчеҳра-апа. 

Ҳарчанд бо амри тақдир натавонист соҳиби фарзанд шавад, аммо ин зани бузург тавонистааст, ки чандин нафарро хуронда пушонда ба воя расонад, насиҳат, кумак ва дастгириашон кунад. Хонаи хурдакаки ин зани дилаш бузург, нафарони зиёдеро, чандин рӯзноманигоронро ҷо намудааст.

Рӯзи чопи газета соҳиби фарзанд мешавам!

  -Ман намегӯям, ки фарзанд надорам, ҳамаи кормандони ин идора фарзандони мананд. Ҳама он нафароне ки бо ман кору фаъолият карданд, бачаҳои ман, бародарони ман ҳастанд. Сайёфи Мизроб бошад додари ман аст. Хуллас, ҳар ҳафта рӯзи чопи газетаҳо ман соҳиби фарзанд мешавам, ба қавле фарзандони ман таваллуд мешаванд, - гуфт Гулчеҳра Фозилова.

Иди баҳору зебоӣ, ҷашни таваллуд муборак бошад, Модари журналистикаи тоҷик! То мо ҳастем, Шуморо фаромӯш намесозем. Мо Метавонем!

 

Ситораи Саҳар,

Махсус барои СССР

 

Ҷумъа, Март 13 2020

Дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт баландтарин табақи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат афрохт. Баландии суманаки рамзӣ 30 метрро ташкил намуда, паҳноии он 16 метрро дар бар мегирад. Ҳар қабати суманак  бо нақшу нигори хоси минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ оро дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои таҷлили Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

 

 

 

Чоршанбе, Март 11 2020

Барои Модар, зану хоҳар ва маҳбубаву дӯстон дар арафаи Рӯзи модарон гул беҳтарин тӯҳфа аст. Маълум, ки дар арафаи ҳар иду айём, хосса баҳору 8 март ва Наврӯз нархи гул дар гулфурӯшиҳои пойтахт ба маротиб афзуда, то 30-40 сомонӣ боло меравад. Мо тасмим гирифтем 5 рӯз пеш аз иди бонувон ба гулфурӯшиҳои пойтахт баромада, ҳам нархи гулро бипурсем ва ҳам бубинем, ки кӣ ва кадом намуди гулро харидорӣ мекунад.

Садбаргҳои арзони тоҷикӣ...

03.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 14:10 дақиқа. Ба гузаргоҳи зеризаминии маркази савдои “Садбарг” ворид гардидем. Нархи 1 донаи гули садбарг, ки нисбати дигар гулҳо зиёдтар харидор дорад аз 10 сомонӣ оғоз мегардад. Яъне, 10-12 сомонӣ ин нархи гули садбарги тоҷикӣ аст. 1 гулдастаи миёна аз 85 то 100 сомонӣ нарх дошт. Агар гулдастаи бузургтару зеботар хоҳед бояд 200-250 сомонӣ пардохт намоед. Барои пурратар омӯхтани мавзӯъ ба назди гулфурӯшиҳои “Маркази савдои Тоҷикистон” (Сум) роҳсипор гардидем. Инҷо нарху наво каме гаронтар будааст. Барои 1 дона гули садбарг аз шумо 20-25 сомонӣ талаб мекунанд. Ростӣ,  гули 1 донааш 10 сомонӣ низ буд, вале барои гулдаста сохтан мувофиқ на. Ба иттилои фурӯшанда садбаргҳои сафед, зард, сурх аз Ӯзбекистон ва Россия оварда мешаванд. Маҳз ба ин хотир каме нархашон гарон аст. Шояд ҳамин аст, ки 1 дастагуле бо 41 дона садбарги сурх бо нархи 700 сомонӣ фурӯхта шуд.

Гул хареду гул ҳадя намоед!

03.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:16 дақиқа. Боз ба назди гулфурушони гузаргоҳи зеризаминии назди бинои “Сум” рафтем. То рӯзи модарон 5 рӯзи дигар мондааст, аммо аллакай нархи гул дар осмон. 1 гули садбарге, ки 10-12 сомонӣ арзиш дошт, аз 20 сомонӣ ҳам гаронтар шудааст. Нархи садбаргҳои аз ҳама машҳур, ки номи “садбарги ҳоландӣ”-ро доранд, то ба 40 сомонӣ омада расид.  Гароншавии нархҳоро аз фурушандаҳо пурсидем, гуфтанд, ки 8 март мавсими савдо асту, соле 1 маротиба пеш меояд.

Далер Аҳмадов, яке аз муштариёне, ки гул харидорӣ намуд, афзуд, ки мо ҳар рӯз гул намехарем, лекин рӯзҳое мешавад, ба хотири болидарӯҳии занҳои хонадон ба хусус модарон тӯҳфае намоем. Новобоста аз нархи гарони гул он беҳтарин тӯҳфа ба занону духтарон аст, аз ин мебояд гул хариду гул ҳадя кард.

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Панҷшанбе, Март 05 2020

Вазорати фарҳанги ҶТ эълон намуд, ки сайругаштҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ ва ш.Душанбе дар рӯзҳои  таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ширкат дар маъракаи ниҳолшинонию гулшинонӣ бинобар пешгирии сирояти коронавирус соли ҷорӣ бо иштироки доираи маҳдуд гузаронида хоҳад шуд. 

Тавре маркази матбуоти вазорати фарҳанги кишвар иттиллоъ медиҳад, тибқи дастури  Ситоди доимоамалкунандаи Вазорати маориф ва илми ҶТ машқҳои омодагӣ бо иштироки донишҷӯён ва хонандагон-маршировка бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ қатъ карда шуданд.

 

СССР

 

 

 

 

 

 

 

 

саҳ 2 аз 55

Китобҳо

Flag Counter