ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 31 2018


30.01.2018, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дамас”, Халифаев Бахтиёр Назарович, соли таваллудаш 1987, сокини н.Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо к.Борбад аз самти к.Ҷомӣ ба самти к.Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Фастхуддинов Галинҷон Минярович, соли таваллудаш 1973, рӯзноманигори ТВ “Спутник”, сокини кӯчаи Борбадро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Фастҳуддинов Г.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои аз ВКД ҶТ расида, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР аз марги нобаҳангоми дӯст, ҳампеша ва журналисти шинохта Галим Фастҳуддинов сахт андӯҳгин буда, ба кулли дӯстон ва наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди мутъаол сабри ҷамил хоҳон аст.

Панҷшанбе, Янв 25 2018


Санаи 30.01.2018 дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт иди Сада баргузор мешавад ва вазорати кишварзии мамлакат дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор сокинон ва меҳмонони Душанберо ба таҷлили ин ҷашни мардумӣ даъват менамоянд.
Бино ба итиллои маркази матбуоти вазорати кишоварзии ҶТ, дар намоиши идона ба тамошои сокинон ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, кӯчати гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат, техника-мошинолоти муосири кишоварзӣ, испори корӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, гузошта мешаванд.

Ҷумъа, Янв 19 2018


Вазорати фарҳанги ҶТ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муайян кард ва бо дипломи махсус қадрдонӣ намуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муаллифони асарҳои бадеии тоҷик, ки китобҳояшон тайи соли 2017 дар муассисаҳои нашриявии кишвар чоп шудаанд, иштирок намуданд. Барои китоби назм Раҳмат Назрӣ бо китоби «Замзама», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Сесаду шасту шаш ғазал», Сайдалӣ Маъмур бо китоби «Борони сабз» ғолиби озмун дониста шуданд.
Инчунин, дар наср Ато Мирхоҷа бо китоби насри «Андозчини рӯзадор», Маҳмадризо Тоҳирӣ бо китоби насри «Даъват», Абдуғаффор Абдуҷаббор бо китоби «Зоопарк», дар назми бачагона Нарзулло Тиллозода бо китоби «Турнаҳо»,  Муслиҳиддин Маҳмадалӣ барои китоби бачагонаи «Пайроҳаи мурод»,  Рабоат Худойдодова бо китоби «Чашмаи дил» дар насри бачагона,  Гулчеҳра Муҳаммадиева барои китоби «Афсонаи товус», Рустам Ваҳҳобзода барои китоби «Шеър ва дониш» ва Қурбон Восеъ бо китоби «Маромгӯйи Ваҳдат ва Истиқлолият» ғолиб омада, бо диплом қадрдонӣ шуданд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти вазорати фарҳанг итиллоъ доданд,  мақсади баргузор намудани озмуни мазкур ин дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири Тоҷик ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои санъати сухану забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо бояд мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар гирад.

СССР

Ҷумъа, Янв 05 2018


Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дастур додаст, ки дар рӯ ба рӯи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» бунёд карда шавад. Қарори мазкур дар ин бора рӯзи 29.12.2017 ба тасвиб расида, мақсад аз таъсиси Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» ин фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шахрвандон, сокинону меҳмонон, бахусус ҷавонон дар шаҳри Душанбе мебошад.
Боғи мазкур дар масоҳати 13 гектару  74 садяк доман паҳн намуда, дар дохили он 21 сӯҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона, 1 майдони варзишӣ ва 1 картодром бунёд мегардад.

СССР

саҳ 57 аз 83

Китобҳо

Flag Counter