ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Фев 20 2017

Иҷрокунандаи раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба 1 қарори махсус дар бораи таъсис додани гурӯҳи муштараки таблиғотӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт имзо гузоштааст

Чуноне ки сомонаи Мақомоти ҳокимияти давлатии ш. Душанбе хабар медиҳад, дар чунин гурӯҳи муштарак кормандони тамоми соҳаҳои пойтахт, аз қабили маорифу тандурустӣ, экология, мақомоти милитсия, фаъолони ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд. Ҳангоми мулоқоту вохӯрӣ бо мардум, аъзоёни гурӯҳи муштарак бояд моҳияти 1 қатор қонунҳои ҷории кишвар ба мисли қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи  ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро маънидод намоянд.

 

СССР

 

Ҷумъа, Фев 17 2017

«Шуморо бо аксатон чоп мекунем. Журнали мо дар ситемаи ҷаҳонии интернет пайваст аст, ҳама мехонад...» бо чунин суханон намояндагони журнали «Тоҷикони ҷаҳон» мардумро дар дом меафтонидаанд. Чанд нафар аз сокинони ш.Панҷакент бо тасдиқи ин гуфтаҳо иброз доштанд, ки намояндагони ин журнал тез-тез ба Панҷакент "меҳмон" мешудаанд. Аммо дар матлабҳои эшон дар бораи проблемаву мушкилоти Панҷакент чизе гуфта намешудааст.

1 нафар сокини ш.Панҷакент-Хуршед Сироҷев гуфт, моҳи октябр намояндагони ин журнал омада маблағ гирифтанду ваъда карданд, ки матлаб чоп мекунанд. Аммо то ҳол на матлаб чоп шудаасту на кормандони журнали мазкурро пайдо намудем.

Умеда Ашӯрова-сокини дигари ш.Панҷакент мегӯяд, пас аз рекламаи кормандони журнали мазкур мо низ шавқ пайдо намуда, хостем ба сомонаи журнали «Тоҷикони ҷаҳон» ворид шавем. Дар нишонаи ин журнал сомонаи онҳоро пайдо карда натвонистем. Намояндагони журналро пурсидем, онҳо гуфтанд, ки «нишонаи мо tojikonijahon.com аст». Ба ин нишонӣ ҳам ворид гардидем ва дар равзанаи компютери мо акси як ҷонвар баромад. Ин нафарон мегӯянд, мақсади «Тоҷикони ҷаҳон» пулкоркунӣ аст, ё хидмат ба мардум? Мо нафаҳмидем!!!

Хуршед Фозилов

 

Сешанбе, Фев 14 2017

Саидҷон Шодиев, бародари ҳунарманди маъруфи кишвар Афзалшоҳ Шодиев, мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҳукумати шаҳри Панҷакент таъин гардидааст. Дар ин бора ба хабарнигори СССР 1 манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент иттилоъ дод.

Саидҷон Шодиев, бародари овозхони шинота Афзалшоҳ Шодиев пас аз тақрибан 3 моҳи бесоҳиб будани ин вазифа ба мансаби мудири шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъин гардидааст.

Номбурда, пеш аз ин ба вазифаи раиси кумитаи замини шаҳри Бӯстон – собиқ Чкаловски вилояти Суғд фаъолият мекард. Муаррифии Саидҷон Шодиев дирӯз сурат гирифтааст.

Пеш аз ин вазифаи мудири  шуъбаи  шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Панҷакентро Мавлон Мирзоев ба зима дошт.

Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР дар водии Зарафшон

 

Панҷшанбе, Фев 02 2017

Салом, СССР! Банда Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллифон докторони илмҳои ҳуқуқ, профессорон, Маҳмудов Маҳкам ва Холиқов Абдураҳим)-ро 3 бор хондам. Дар пешгуфтор омадааст: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем…».

1.Дар яке аз шумораҳои СССР хондам, ки дар яке аз шаҳрҳои кишвар, дар рӯзи иди Наврӯзи соли 2016 соҳибкорони «баору номус» 100 дег оши палав пухта, мардумро ба оши палав даъват кардаанд. Агар хароҷоти 100 дег оши палавро ҳисобу китоб карда ба камбизоатҳо, маъюбон… медоданд, нуран алонур мешуд! Ба Худованд аён буд, ки оши палави ройгонро бойҳо бисёртар хӯрданд!!!

2.То қабули танзим ба тӯю худоӣ ва ҷашн дар Сӯфиёндеҳи мо хабарчӣ бо овози баланд ҳамаро хабар мекард. Дар маросим хурду калон, пиру ҷавон, наврасон иштирок мекарданд. Ноболиғонро низ барои иззату ҳурмати калонсолон дар маърака мешинонданд. Ба ин рафтор байни калонсолону хурдсолон иззату ҳурмат дар авҷ буд. Баъди танзим хурдсолон ба маърака ширкат намекунанд. Гуфтаниям, ки наврасон низ ба маърака иштирок намоянд. 1 дег оши палав (50 кг биринҷ) ба ҳама мерасид ва ҳоло низ мерасад…

3.Соҳиби маърака бояд, ки ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кунад. Дар тӯйи хатнаи фарзандонаш Ҷонфидо ва Ҷонбоз дар масъалаи ҳофизон дурӯғро кор фармуданд. Худо розӣ бошад? Гуфтанд, ки Артисти халқии СССР-Ҷӯрабек Муродов дар ин тӯй хизмат хоҳад кард! Ба ромишгари деҳа Собирбой Содиқов фармудам, ки то омадани Ҷурабек дар маърака ҳофизӣ кунад. То гузаштани тӯй Собирбой ҳофизӣ кард. Чаро? Барои он ки Ҷӯрабекро аслан ба тӯй хабар накарда буданд, чунки зӯраш намерасид. Яъне ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кард. Дар тӯйи хатнаи писари 3-юмам (Бобоҷон) ба ҷои ҳофиз радиоузелро кор фармудем. Тӯйи хатна аъло гузашт. Ҳеҷ кас нахандид!

4.Дар маъракаҳои Сӯфиён то танзим ва баъди танзим 50 кг биринҷи оши палав ба ҳама мерасад, ҳатто баъзан зиёдатӣ мекунад. Ҳодисаҳои нарасидани ош баъзан мушоҳида карда мешавад, ки ин гуна меҳмонон бо 1 пиёла чой қаноат карда мераванд.

5.То танзим ва баъди он ҳам иштирокчиёни тӯй ихтиёрӣ 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ (ва ё доллар) ба дасти соҳибтӯй мечаспонанд. Дар 1 тӯй соҳибтӯй 5-10 ҳазор сомонӣ (ё доллар) ҷамъ мекунад. Ин муборакбодкунӣ бо чорво, ё сомониву доллар дар Сӯфиён ба анъана табдил ёфтааст.

6.Дар маросими дафн ҳама аҳолии Сӯфиёндеҳа ва меҳмонон аз дуру наздик дар ҷаноза ширкат мекунанд. Аҳолӣ ва баъзе меҳмонон ба мотамдорон «бандагӣ» гӯён ихтиёран сомонӣ ва ё доллар, чорво ё хӯрокворӣ медиҳанд. Меҳмононро дар қӯшхона ҷо карда, ба онҳо ягон хел хӯрок мепазанд. Хайрот ба ронандагон ҳамчун мошинпулӣ дода мешавад. Гуфтан лозим меояд, ки хароҷоти рӯзи дафнро Сӯфиёниҳо пурра иҷро ва ҳаллу фасл мекунанд. 

Танзим бояд ба кӯмаки башардӯстонаи деҳотиён ба ҳамдигар дахолат накунад. Зеро ин кӯмакпулиҳо дар тӯй хароҷоти зиёфат ва дар ҷаноза хароҷоти гӯру чӯбро мепӯшонад. Мо Метавонем!

Бо эҳтиром, Шаҳрошӯби Мирзоиён,

деҳаи Сӯфиён, ш.Панҷакент

 

Панҷшанбе, Фев 09 2017

Аз ҳукуматдорони муҳтарами Тоҷикистони азиз 1 хоҳиш дорам. Салоҳ аст, агар баъзе қарорҳои пешина бознигарӣ шаванд... 

Душанбе, Фев 13 2017

Зафар Айюбӣ бо тахалуси мардумии «Зафарча» аз зумраи камтарин ҳунармандонест, ки гузашти сол (40 сол дар саҳна), табдили аср, (асрҳои ХХ-XXI) гузариш ба ҳазорсолаи нав ё миллениюм (убур ба ҳазорсолаи сеюм, соли 2000) таҳаввулоти геополитикӣ (шикасти Шӯравӣ ва тавлиди Тоҷикистони соҳибистиқлол) дигаршавии форматсия (аз сотсиализм ба капитализм) тағйири иқлим, (гармшавии саёра) натавонист ӯро аз саҳнаи ҳунар ва «мӯд» берун кунад. Оё ин осон аст «кумир»-и 3-4 насли ҷавонони аҳдҳои гуногун будан. Мисоли равшан: Ҳафтаи гузашта Хуршед ном як ҷавони 20-солаи тоҷик (соли 2017) оиладор шуд. Ин аҷиб нест, аҷиб он аст, ки Зафар туйи хонадоршавии падараш Шодибек (соли 1997) ва базми домодию арусии бобояш Маҳмадсафарро (соли 1977) гузаронидааст. Муваффақияти ӯ дар он аст, ки ҳамқадами замону ҳамнафаси ҷавонон аст. Мутмаинан ӯро метавон яке асосгузорони шоу-бизнес дар кишвар хонд. Хушбахтии наслҳои 50-60 сола низ дар он аст, ки дар маҳфили ӯ худро ҷавон эҳсос мекунанд, зеро дар ҳавои мусиқию таронаҳои ӯ ба воя расидаанд. Зафар воқеан «легенда» шудааст ва бешак ин хоси одамони машҳур аст. Ривоят аст, ки Зафар дар тӯйе 18 соат ҳофизӣ кардааст; Ривоят аст, ки Зафар дар маъракае 2 аккардионро «дарронидааст»; Ривоят аст, ки Зафар тӯйеро гузаронидаву арӯсро дуздидааст, ки ҳоло модари фарзандонаш аст; Ривоят аст, ки арӯсе, ки хоҳишашро иҷро накарда дар тӯйаш Зафарро «заказ» накардаанд аз баҳри домод гузаштааст; Ривоят аст, ки Зафар гуфта бошад: «То ҷинс дар модда аст, ман аз модда намеравам»…Маъмулан ҳунармандоне, ки барои халқу давлат дар соҳаи фарҳанг хидмати садоқатмандона мекунанду маҳбуби халқанд онҳоро бо унвонҳои «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон», «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон», «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» тақдир менамояд. Аммо нафароне, ки мисли ӯ умуман дар муассисаҳои давлати фаъолият накарданду на камтар аз ҳунармандони машҳур маҳбуби халқанд чи гуна тақдир бояд шаванд. Зафар 4 даҳсола дар хидмати халқ асту дар саросари кишвар бештар аз 2 миллион мухлис дорад. Таманно мекунем, ки хизматҳои ӯро ба халқи азизаш масъулони соҳа ба назар гирифта, нахустунвони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон»-ро баъди соҳибистиқлолӣ насиби ин ҳунарманд гардонанд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,

журналист

 

саҳ 61 аз 75

Китобҳо

Flag Counter