ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июн 19 2017


16 июн аз марги бармаҳали устоди сухан, шоири нодир, журналисти тавоно, марди маҳфилоро, гули сари сабади ҳар нишасту маҳофили бадеӣ-Шарифи Мисайзод расо 1 сол пур мешавад... Умр равон асту равон. Кӣ мегуфт, ин сол бе шарофати Шариф паси сар мегардад?

Чоршанбе, Июн 14 2017

Аузу биллохи минаш-шайтони р-раҷим Бисмиллохир-раҳмонир-раҳим Ло иллоҳа иллалоҳ ва Мухаммад расули Худованд (омин)

Рухшонаи   Ватаншо

Панҷшанбе, Июн 08 2017

Ҷумъа, Май 26 2017


Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри 1 паём дар саҳифаи фейсбукии худ тамоми мардуми Тоҷикро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кардааст.
“Дӯстони азиз, ассалом! Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак”, - чунин мегӯяд хонум Элизабет Миллард дар паёми хеш.



СССР



Панҷшанбе, Май 25 2017


Ин шаб қалби яке аз тавонотарин журналистони муосир, яке аз асосгузорони журналистикаи ҳирфавӣ ва озод дар РСС Тоҷикистон, Бурҳон Сафарӣ, дар синни 55 солагӣ аз таппидан бозмонд, ки Худо раҳматаш кунад...
Бурҳон асосгузори нахустин ТВ шахсӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар авохири солҳои 80, баробари вазиши насими озодии горбачевӣ ТВ Кӯлобро таъсис дода буд. Оре, ин ТВ, ки имрӯз давлатист, моли ҳалоли Бурҳон буд...
Баъд аз чанде, дар соли 1991 газетаи олиҷаноби "Ҷоми Ҷам"-ро кушод, ки онро боевикҳои Рустами Абдурраҳиму Қурбони Зардак торумор кардаву аҳли корро то таки тиру тӯп бурданд. Чанде кушта гардид, чанде фирорӣ. Худи Бурҳон ҳамон шабу рӯз (25.04.1991) хушбахтона дар Душанбе буду ҷон ба саломат кашид...
Чандин сол гуреза буд, вале 1 дам бе ёди Ватан на...
Баъди бозгашт фаолияти корияшро дар газетаи Ҷавонони Тоҷикистон аз сар гирифт. Ҳеч аз ёдам намеравад, ки он замон барои ба кор гирифтани ӯ бо раёсати газета баҳс доштам. Онҳо мегуфтанд: "Бурҳон оппозитсионер аст! Мумкин нест ин ҷо кор карданаш", вале даъвои ман, ки гуфтам: "Бубахшед, қумандонҳои то оринҷ дар хуни оппозитсияро вазифа додеду протоколи Сулҳро имзо кардед...", Сафариро соҳиби ҷои кор кард.
Аммо чун вулқон буд, дар 1 ҷо ва зери итоати касе кор кардан наметавонист ва намехост. Рафт... Дар чандин рӯзномаву маҷаллаҳо кор кард. Ҳатто дар "Одаму Олам"-и Мираҳмад Амиршоев (Ғаффор-Седой) ва "Наҷот"-и ҲНИТ. Боре ҳам шӯхие шуда буд, ки ё Нурӣ Бурҳонро аз шароб мераҳонад ва ё Бурҳон Нуриро хуморӣ месозад...Ин ягона камбуди Бурҳони раҳматӣ буд, ки зи ғам бо бода хӯ гирифт, мисле ки аксарияти бошандагони ГЖК ба ин ишқ мубталоянд...
Ҳамин иллат ӯро пайваста бе кор мемонд. Охирин бор ҳам ба Оҷонсии Иттилоотии "Хатлон-Пресс" ба кораш гирифтем. Чанд моҳе кор карду рафт. Ҳаргиз ҷое таваққуф намекард.
Сабки вежа, қалами бурро ва профессионализм дошт. Русиро ба ҳадди аъло медонист. Тоҷикиро аълотар. Патриот буд ва мубориз. То лаҳзаи охирини умр сар пеши касе хам накард. Ҳаргиз касеро наситуд, подхалимӣ накард, мадҳия нахонд, ода насароид. Ва бо сари баланд ин ҷаҳони фониро падруд гуфтаву аз олами сифлии мо ба олами улвии малакутӣ ҷавонмардона бупайваст.
Ҷанозаи марҳум соати 11:30 дақиқа дар масҷиди зодгоҳаш, колхози Шаталови Кӯлоб баргузор мегардад.
Равонаш шод ва гӯраш обод бод. Омин!

Чоршанбе, Май 24 2017


Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо аз намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой ва вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский бахшида ба   80-солагии  Ҳошим Гадо барқияи шодбошӣ қабул намуд.
Дар матни ин барқия омадааст, ки Ҳошим Гадо ҳунарпешаи нотакрор, коргардони моҳир ва мутафаккири хирадмандест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф гардидааст. Фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар рушди фарҳанги тоҷик дар ҳақиқат сазовори таҳсин ва эҳтиром  аст.
Хотиррасон менамоем, ки 10 майи соли 2017 ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии СССР Ҳошим Гадо 80 сол пур шуд. Он рӯз бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳошим Гадоро бо унвони ифтихории «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» сарфароз гардонид.


СССР
 


саҳ 64 аз 83

Китобҳо

Flag Counter