ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 08 2016

Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ҳини суханронӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ гуфт, ки он барои мо яке аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари азизамон мебошад. 25 сол муқаддам ба миллати тамаддунофари тоҷик бахти баланд- соҳибистиқлолӣ насиб гардида, сарнавиштамонро ба дасти худ гирифтем.

Панҷшанбе, Сен 08 2016

Ифтихор

Зери гардун ифтихор овардаем.

Аз чаман савти ҳазор овардаем,

Рӯзи ҷашн аст, ёрон марҳабо,

Он шаҳи чобуксавор овардаем.

Мешавад сарҷамъ ин пайванди мо,

Шодии хешу табор овардаем.

Аз тараддуд меҳри афзун мондаем,

Аз матонат эътибор овардаем.

Бӯйи ҳастӣ медиҳад иқболи мо,

Шӯҳрати ёру диёр овардаем.

Тоҷикистон шод монӣ то абад,

Бо ту шаъни рӯзгор овардаем.

***

ТОҶИКИСТОН

Фахри он дорам, ки дорам миллати волоназар,

Мардуми соҳибдили боэътибору муътабар.

Саҷда бар хокаш ниҳам, дорад бузургони хирад,

Пири куҳистони онро меситоям номвар.

Шукри Ҳақ дорам, ки то аз ин ҳаво парвардаам,

Тоҷики фархундаам, аз тоҷи Ҳақ дорам ба сар.

Панди пиронаш ба гӯш овардам аз дори азал,

Ман намехоҳам ҷуз ин дурдонааш дурру гуҳар.

Рашту Хатлону Бадахшонам бувад зеби замин,

Бо Зарафшонаш ба даври даҳр гардам пайсипар.

Тоҷикистон давлати имрӯзи ман, фардои ман,

Дорам аз ӯ дар дилу дар дида аз ҳастӣ шарар.

Сешанбе, Сен 06 2016

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи ҷамъбастии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷумъа, Авг 26 2016

Моҳи сентябри соли 2015 дар ҷустуҷӯи китоби дарсии «Забони модарӣ» барои синфи 2 ба «Олами китоб»-и хиёбони Айнӣ сар задам. Дукондорон савганд хӯрданд, ки тамом кардем. 1-2 касаш гуфтанд, ки гоҳ-гоҳ дароед, мешавад, нархаш-45 сомонӣ! Борҳо рафтам, аз ин китоб дарак нест. Октябр ҳам ба поён мерасид, ки китоб расид. Дӯкондори ҷавоне гуфт: «Сари бор аст, барои худат 25 нею 23 сомонӣ». Чанд китобро варақгардон кардам, бесифат! Ночор якеашро дар 23 сомонӣ гирифтам. Дар хона саҳифа гардондам. Дар поёни рӯи рости варақи 1 омадааст:

Душанбе, Авг 22 2016

Барои нахустин маротиба дар ш.Панҷакент нишастҳои матбуотӣ, ки тибқи амри Президенти кишвар соле 2 маротиба, бояд роҳбарони ташкилоту корхонаҳо бо рӯзноманигорон доир намоянд, имсол баргузор нагардид!!!

Ҷумъа, Авг 12 2016


Имрӯз 12 август, Олимпиадаи XXVIII-уми байналмилалии мактаббачагон оид ба информатика-2016 дар шаҳри Қазони Россия кори худро оғоз кард.

саҳ 73 аз 83

Китобҳо

Flag Counter