Принт

Муъмин Қаноат 84-сола шуд

Шоири саршиноси тоҷик устод Мӯъмин Қаноат рӯзи 20-уми май 84-сола шуд. Мӯъмин Қаноат бо тозакориҳои шигифтангези худ дар адабиёти ҷаҳонӣ шӯҳрати хос дорад. Ӯ солҳои 50-и асри 20 бо андешаҳои саршор аз ифтихори миллӣ ва назарҳои тоза дар фалсафаи шеър, ба майдони адабиёт қадам гузошт ва шӯҳрати шеъри тоҷикро ба зинаҳои баланд бардошт.

Устод 20.05.1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Нахустин шеърҳои худро ҳангоми таҳсил дар мактаб-парваришгоҳи н.Ғарм суруда ба рӯзномаи ноҳиявӣ супурдааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи Ғарм, шоири ҷавон донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мешавад. Пас аз хатми Донишгоҳ Мӯъмин Қаноат муддати даҳ сол дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» фаъолият менамояд. Соли 1968 муовини авали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 дар вазифи раиси ИНТ адои вазифа менамояд. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи осори хатии Академияи улумро сарварӣ менамояд.Тайи солҳои 1996-2000  муовини Раиси ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ буд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш –«Шарора» дар фазои адабии солҳои 50-ум тозатарин падида бошад, маҷмӯаи дуввумаш –«Ситораҳои замин» болу пари ӯро ҷониби осмонҳои беканори сухан фарохтар намуд. Достони «Мавҷҳои Днепр» - ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳост ва Мӯъмин Қаноатро дар доираи 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат бахшид. Достони «Оташ» ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Норак бахшида шуда, ҳодисаҳои он дар муборизаи нур алайҳи торикӣ бо такя ба фалсафаи қадимаи тоҷикон ва бунёди оламӣ нуронӣ аз ҷониби насли нав сурат мегиранд. Достони машҳури «Суруши Сталинград»-садои қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи Сталинград, навҳаи падару модарони фарзандгумкарда мебошад. Ин достон ба устод Қаноат шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ва соли 1977 барои ин достон ва достони «Тоҷикистон – исми ман» сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад. Достони «Тоҷикистон –исми ман» дар бедории миллии зиёиёни тоҷик нақши муассир дошт. Соли 1980 достони тозаи устод – «Гаҳвораи Сино» ба мукофоти давлатии ҶТ ба номи Рӯдакӣ ноил гардид, ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, даъват ба шинохти Сино ва пайравӣ аз бунёдкории ӯ, моҳияи ин асар аст. Достони «Падар» садои шахси бедорзамирест дар хомӯшии кӯҳистони Дарвоз. Достони «Ситораи Исмат» -асари корномавӣ, фалсафист доир ба қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Исмат Шарифов. Достони «Масъуднома» - ро метавон идомаи мантиқии «Ҳамосаи дод» шумурд. 

ГАҲВОРАИ СИНО 

То саҳаргаҳ Ситора* меҷунбид, 

Тифл бо гоҳвора меҷунбид. 

Дар нигоҳаш самои пурахтар 

Аз карон то канора меҷунбид. 

 

Мегузаштанд зулмати шабҳо 

Дар назарбозиҳои кавкабҳо. 

Субҳро мекушод бо сахтӣ – 

Аллаи модарону «ё рабҳо». 

 

Зери фоли баланди ахтарзод, 

Бо баду некҳои модарзод, 

Ба замин чун фариштаи хокӣ 

Аз канори Ситора пой ниҳод. 

 

Модар аз пас дуои ӯ мехонд, 

Афшана чирадаст меафшонд. 

Пеш мерафту Афшана дар ҷой, 

Бори ғурбат ба дӯши ӯ мемонд. 

 

Дар Бухоро, ки дард арзон буд, 

Дарди инсон атои яздон буд. 

Сад шифо дар китоб – дар ганҷур 

Баста чун ганҷҳои Сомон буд. 

 

Омаду дар кушод зиндонро, 

Кард дар бар китоби дармонро, 

Дар дили меҳрпарвари тоҷик, 

Ҷой бинмуд Ҳинду Юнонро. 

 

Шамъу Сино ба роҳи матлабҳо 

Ёр буданд шаб ҳама шабҳо. 

Сӯхт аз васли шамъ парвона, 

Сӯхт ӯ дар висоли кавкабҳо. 

 

Зарра-зарра фузуду шаст омад, 

Осмони баланд паст омад, 

Зина-зина расид рӯи манор, 

Ахтари толеаш ба даст омад. 

 

Дид, афсонаест, наҳси Зуҳал, 

Дид, бечорагист нақши азал. 

Як замоне худои худ гардид, 

Дид, дар дасти ӯст дасти аҷал. 

 

Заҳрҳо хӯрд, то шавад дармон, 

Ранҷҳо бурд, то шавад осон 

Мушкилоти ҳазораи Инсон – 

Мушкили беканораи Инсон.

 

Матлабҳои дигар