ХАБАРИ ДОҒ

Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, Султон Мирзошоев, муассис ва нахустин раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ дар солҳои 1993-94, вазири собиқи фарҳанги ҶТ, дар синни 84 аз дунё гузашт. 

 

Марҳум 9.01.1932 дар деҳаи Ғарғараи н.Данғара, дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Мактаби 7-соларо соли 1946 хатм карда, пешоҳанг (сарвожати)-и мактаб таъин мешавад ва ғоибона дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш.Кӯлоб таҳсил намуда, онро соли 1950 ба поён мерасонад ва дар мактабҳои ноҳия омӯзгориро идома медиҳад. Солҳои 1950-51 мудири шӯъба ва котиби аввали Кумитаи комсомолии н.Данғара интихоб мешавад. Солҳои 1951-1953 Институти муаллимтайёркунии ш.Кӯлобро хатм карда, аввал нозир ва то ба сафи артиши миллии СССР даъват шуданаш (с.1954) муовинии мудири шӯъбаи маорифи вил.Кӯлобро ба ӯҳда  дошт. Баъди адои хизмати ҳарбӣ (1954-1957) ба ҳайси котиби аввали Кумитаи комсомолии ш.Кӯлоб, котиби дуюми Кумитаи ҳизбии н.Арал (Восеъ) ифои вазифа менамояд. Солҳои 1960-61 котиби аввали КМ ЛКСМ Тоҷикистон, 1961-64 котиби Кумитаи ҳизбии н.Восеъ кор кардааст. Соли 1964 барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС дар ш.Маскав тавсия мешавад. Соли 1966 баъди хатми Мактаби олии ҳизбӣ чанд моҳ дар дастгоҳи КМ ҲК Т ва моҳи феврали соли 1967 Раиси Кумитаи давлатии кинематографияи ҶТ таъин мешавад. Соли 1973 Ҳукумати Тоҷикистон ӯро намояндаи доимии Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони СССР таъин менамояд. Солҳои 1979-1987 дар вазифаҳои Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, солҳои 1987-1990 раиси Ҷамъияти дӯстӣ, солҳои 1990-93 муншии аввали Кумитаи ҳизбии вил.Кӯлоб фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 1993 то декабри соли 1994 роҳбари Дастгоҳи Сарвари Давлати Тоҷикистон буд. Солҳои 1995-97 ӯро муовини Президенти Ҷамъияти саҳҳомии «Интурист-Тоҷикистон» интихоб намуданд. Бо фармони Президенти ҷумҳурӣ моҳи июни соли 1998 раиси Маҷмааи давлатии «Кохи ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин шуда то моҳи марти соли 2007 адои  вазифа кард. Мирзошоев-Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 1982), бо 2 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Нишони фахрӣ», 3 медали Иттиҳоди Шӯравӣ, ордени «Дӯстӣ»-и ҶТ, 5 Ифтихорномаи ҶТ мукофотонида шудааст. Ӯ ҳамчунон «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1954), «Аълочии кинематографияи СССР», узви ИНТ с.2002 ва кинематографистони ҷумҳурӣ (1969), узви ИЖТ аз соли 2002 аст. Эҷодиёти Мирзошоев аз инҳо иборат аст: рисолаи «Борис Кимёгаров» (1972) – дар бораи ҳаёт ва фаъолияти коргардони машҳури синамои тоҷик; «Роҳи кинои тоҷик» (1973)-тадқиқоти ҷиддӣ аз таърихи кино ва ташаккули базаи моддию техникии кинои Тоҷикистон дар тӯли солҳои 1929-1970; «Арзи дил» (1996)-силсилаи мақолаю публитсистика; повести «Дуои сари роҳ» (1997) ва соли 1999 дар ҳамкорӣ бо нависанда Карим Давлат қиссаи «Ҷонфидо». Қиссаи тозаи Султон Мирзошоев «Фанои марг» дар дасти чоп аст. Мирзошоев тӯли 30 сол (1960-1990) депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва 35 сол узви КМ ҲК Тоҷикистон буд. Солҳои 1998-2007 муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд, 9 набера ва 3 абера.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter