Принт

Панҷакент ғолиби «Андалеб - 2016»-и Суғд

Дар байни 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент дар озмуни «Андалеб-2016» мақоми аввалро соҳиб гардидааст. 

 

Дар ин бора Маҳбуба Ҳабибӣ, муовини раиси шаҳри Панҷакент ба хабарнигори СССР иттилоъ додааст.

Хонум Ҳабибӣ афзудааст, пас аз дар маҳалҳо гузаронидани Фестивал озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб 2016», дастаи ҳаваскорони Панҷакент дар даври вилоятӣ ширкат намуда, бо гирифтани 120 хол дар байни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мақоми якумро ба даст овард.

- Дирӯз як гурӯҳи ҳакамон ба Панҷакент омада буданду ба мо роҳҳат ба даври ҷумҳриявиро доданд. Насиб бошад моҳи август дар шаҳри Душанбе дар давраи ниҳоии «Андалеб 2-16» ширкат хоҳем варзид, – гуфт Маҳбуба Ҳабибӣ.

Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон

 

Матлабҳои дигар