ХАБАРИ ДОҒ

Имсол ҷашни ҳарсолаи Мусиқӣ дар Душанбе, ки бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, рӯзҳои 23-25 июн хоҳад гузашт.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар Маркази фарҳангии «Бохтар» хабар доданд, рӯзи 23 июн соати 17.00 дар қаҳвахонаи «Маскав»-и шафати майдони 800 солагии Маскав барномаи консертии ҳунармандони Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов сурат гирифта дар қисми 2-юми ин барнома сарояндаи фаронсавӣ Оттилли баромад хоҳад кард.

24 июн бошад соати 18.00 дар меҳмонхонаи «Серена – Душанбе» барномаи консертии оҳангсоз Ҷасур Халилов ва сароянда Фахриддин Фазлиев бо ҳамроҳии ҳунарманди фаронсавӣ Оттилли баргузор шуда рӯзи 25 июн бошад соати 15.00 дар Консерваторияи миллии кишвар консерти кӯдакони болаёқати Мактаби махсуси мусиқии ба номи М. Атоев хоҳад гузашт.

Даромад ба ин барномаҳои консертӣ ройгон аст.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter