ХАБАРИ ДОҒ

«Ҷавҳари ҳастӣ» дар Боргоҳи Сухан

  • Душанбе, Авг 08 2016

Рӯзи 12.08.2016, соати 18:00, дар толори Маҳфили фарҳангии «Боргоҳи Сухан» шоми эҷодии Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон-Хосияти Зарафшонӣ ва Ортиқи Қодир зери унвони «Ҷавҳари ҳастӣ» ба гиромидошти Зан-Модар ва истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

Дар барнома: шеър, мусиқӣ, суруд, сӯҳбатҳои адабӣ, муаррифии асарҳои нави аҳли Маҳфили фарҳангии «Боргоҳи Сухан»

Дар шоми эҷодӣ: адибон ва олимони намоён ширкат мекунанд.

Ба таваҷҷӯҳи ихлосмандон ва ташнагони шеъру сухани ноб мерасонем, ки вуруд ба толор озод аст. Хоҳишмандем, ки аз овардани кӯдакони хурдсол худдорӣ кунед!!!

Ширкати шумо дар маҳфил боиси сарфарозии мо хоҳад буд.

Раёсати Маҳфили фарҳангии «Боргоҳи Сухан».

Суроға: ш.Душанбе, маҳаллаи Зарафшон-1 «а», шафати бозори Зарафшон.

Телефон барои тамос: 95 153 45 54, 919 13 45 50

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter