ХАБАРИ ДОҒ


Имрӯз 12 август, Олимпиадаи XXVIII-уми байналмилалии мактаббачагон оид ба информатика-2016 дар шаҳри Қазони Россия кори худро оғоз кард.

Тантанаи кушодашавии маърака пагоҳ 13 август гузаронида хоҳад шуд. Дар он Вазири маориф ва илми Россия Дмитрий Ливанов, нахуствазири Ҷумҳурии Тотористон Элдар Холиқов, Ректори Донишгоҳи Федералии Қазон Илшод Гаффуров ва Президенти Олимпиадаи информатика-2016 Красимир Минаев иштирок ва баромад хоҳанд кард. Дар олимпиада 315 хонандаи 82 кишвар (+4 нафари иловакарда аз Россия), намояндаи 5 кишвар аз Исландия, Марокаш, Салвадор, Гандурас ва Фаластин ба ҳайси мушоҳидакор иштирок мекунанд. Хотиррасон месозем, ки ОБМ-2016 зери ҳимоя (эгида)-и ЮНЕСКО аз соли 1989 гузаронида мешавад, ки яке аз муҳимтарин майдони гузаронидани сабқатҳои фикрӣ байни мактаббачагони синфҳои болоии ҷаҳон аст. Дар 17 соли таърихи мавҷудият, 25 кишвари олам 1-борӣ, вале дар Булғористону Юнон 2-борӣ гузаронида шудааст. Россия Олимпиадаи байналмилалии мактаббачагон оид ба информатикаро аввалин бор истиқбол мегирад, ки шаҳри Қазон ҳуқуқи гузаронидани ОБМ-2016-ро аз рақибони бузургаш, ба мисли Ҷопону Озарбойҷон гирифта буд. Тибқи талабот мактаббачаҳо масоили алгоритмиро ҳал намуда, аз рӯи ҳисоби умумӣ мавқеи онҳоро муайян месозанд. Бо медалҳои эътибори гуногундошта, қисми зиёди иштирокдорон сарфароз карда мешаванд ва 8%-и он медалҳои тиллоист. Аз Тоҷикистон 4 мактаббача-Фарҳоди Ҳакимиён, аз литсейи бачагонаи ш.Душанбе, Нодир Дамиров, Нозимҷон Сафаров ва Фаррух Каримов аз мактаб-интернати русӣ-тоҷикии ш.Душанбе дар ОБМ-2016 иштирок хоҳанд кард.


Шамсиддини Муқим,
мухбири махсуси «СССР» дар Россия

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter