ХАБАРИ ДОҒ

Дар мавриди танзими ойинҳои мардумӣ

  • Панҷшанбе, Фев 09 2017

Аз ҳукуматдорони муҳтарами Тоҷикистони азиз 1 хоҳиш дорам. Салоҳ аст, агар баъзе қарорҳои пешина бознигарӣ шаванд... 

 Ин қарор шояд барои 1 давраи торихӣ даркорӣ буд, ҳамчун чораи давраи гузариш. Ба фикрам рисолати худро анҷом дод ва бамаврид аст, ки бо чанд далел бекор карда шавад.

Тоҷик ягона миллатест, ки дар 1000 соли охир 5 (!!!) бор генотсид шудааст. Дар ин 1000 соли бади торихӣ миллат иммунитет пайдо кард. Иммунитет барои зинда мондан. Ойинҳои мардумӣ интерферони ҳамин иммунитет ҳастанд. Ойинҳо мардумро ба ҳамдигар мепайванданд. Тоҷикон рӯзҳои ғаму шодии худро бо ҳам медиданду мебинанду хоҳанд дид. 

Ба омори "масъулин" бовар карда, ин қарорро бобарор хондан нодуруст аст. Аз рӯи ин омор соле 300 то 400 миллион доллар ба шарофати ин қарор гӯё сарфа мешавад. Як бор оқилона бинед, ки куҷоянд ин пулҳо? Сарфи чӣ мешаванд? Ягон тин сарфа намешавад ва агар шавад ҳам заррае на ба хазинаи миллат на давлат фоидае надорад. Бигзор финансистҳои боақл таҳлил карда, фикрашонро гӯянд.

Ин қарор метарсам, ки агар умри дароз бинад, Тоҷик пароканда мешавад, танҳо мемонад, бекас мемонад ва муқобили фишорҳои нав наметавонад истодагарӣ кунад. Тӯю мурдаи Тоҷик ҷои иттиҳодаш аст. 

Лағви қарорҳое, ки ба шахсияти инсон зарба мезананд.

Ин ташхиси бакорати арӯсҳои бечора ва ба сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ ҳамроҳ кардану салоҳияти давлатӣ додан ба як ООО бо номи ООО Маркази динӣ ва танҳо муллоҳои ин ташкилоти ҷамъиятӣ ҳақи монополӣ ба никоҳ доштанашон. Тоҷикистони мо де-юре на муфтиёт дораду на қозиёт. Ҳаст созмони ҷамъиятӣ аз шумори ҳазорон созмони дигар. Давлат набояд хостаҳои 1 созмонро лобби кунад. Ва ин созмону дилхоҳ созмони дигар ҳуқуқи аз номи давлат баромад кардан ва дахолат кардан ба актҳои давлатиро надорад. Никоҳ ин рукни зиндагии хусусии ҳар фард аст. Касе ба кадом мусалмоне бовар дорад, шарт нест, ки мулло бошад, метавонад ин амали худро шаръӣ кунад.

Бовар дорам, ки ин мавридҳо бозомӯзӣ мешаванд ва натиҷаи дуруст интихоб мешавад.

 

Сафват Бурҳонов

Одесса

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter