ХАБАРИ ДОҒ

Калиди қуфли насри Ҷомӣ ёфт шуд!

  • Ҷумъа, Апр 07 2017


Ахиран «Шарҳи ҳикояҳои мунтахаби «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ», бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ ва сирилики Тоҷикӣ ба дасти нашр расид. Муаллифи ин шоҳкорӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Шарифмурод Исрофилниёст. Китоб бо теъдоди 5000 дона дар нашриёти «Пайванд» чоп шудааст.
Муаллиф дар ин асар талош кардааст, калимоти душворҳазму душворфаҳми асарҳои насрии Ҷомиро шарҳу тафсир диҳад. Воқеан ҳам забони асарҳои насрии ҳазрати Ҷомӣ хеле душворҳазм аст, ки дастандаркорон нек медонанд.
Фарзи мисол, назаре кунем ба Равзаи дуюми ин «Шарҳ».
А. Ҷомӣ: Дар таршеҳи шақоиқи дақоиқи ҳикам, ки ба рашаҳоти саҳоби карам дар замини қулуби ҳукамо ва арозии хавотиршон хоста ва шарҳу баёни он матовии дафотиршон ороста...
Бинед, ки дарки чунин наср ҳатто аз сӯи олимони соҳа низ мушкил меуфтад, чӣ расад ба хонандаи оддӣ. Зимнан Шарифмурод Исрофилниё ҳама калимоти мушкилфаҳмро ба навъе тарҷума кардааст (бештар аз тафсиру шарҳ) ва ба содагӣ пешкаши хонанда мекунад. Ҳамзамон ному насаби уламову удабову машоиху сӯфиёни аҳди қадим, ки дар асари Ҷомӣ оварда мешаванд, аз сӯи муаллиф низ шарҳу тафсир гардидаанд, ки боиси дастгирист. Зеро мо номи аксари онҳоро бори аввал мешнавем ва ё шунида бошем ҳам дуруст намешинохтем.
Ин муште буд аз хирвори намуна. Бояд гуфт, китоб хеле саривақтӣ нашр шудааст ва аз чопи «Шарҳи ҳикояҳои мунтахаби «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» мебояд истиқбол кард. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter