Принт

МУАРРИФИИ КИНОКОЛЛЕКСИЯИ ХОШИМ ГАДО

Дар идораи ҳафтаномаи мардумии СССР муаррифии коллексияи филмҳои ҳунарманди нотакрор, Артисти Халқии СССР Ҳошим Гадоев баргузор шуд,

 

ки дар он худи устод ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Нахуст сардабири газетаи СССР Сайёфи Мизроб маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, гуфт, ки дар аксар мамолики дунё коллексияи филмҳои ҳунармандони машҳур таҳия шудаанду дар фурӯшанд, ки мутаассифона, то ҳол ин намуна дар синамои Тоҷик вучуд надошт. Зимнан бо идеяву ташаббуси газетаи мардумии СССР ва дастгирии директори киностудияи «Тоҷикфилм»- Носирҷон Саидов, бори аввал дар таърихи синамои Тоҷик коллексияи филмҳои Ҳошим Гадо омода шуд, ки 14 кинои гуногунжанри устодро дар бар гирифтааст.

 

 

 

Матлабҳои дигар