Принт

8 март ҳадяи Ленин

Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Шодем, ки бо моӣ, ҳамонгуна ки мо бо туем. Сӯҳбати имрӯзаи мо...боз сари чӣ ҳам мерафт?! Албатта Зан!!!

 

Борҳо гуфтаву такроран мегӯем, зидди номи поки Модар нестем, вале 8 март набояд танҳо рӯзи Модарон бошад. Ин рӯз воқеан ҳам Рӯзи Занҳост. Зеро чигуна мешавад гулдухтари 1,2,3...-соларо Модар гуфта табрик кард? Ё мунтазир шавем, ки кай Модар мешаваду минбаъд табрикаш кунем? Ва ё бонувоне, ки лаззати таваллудро надидаанд...магар барои онҳо Рӯзи Модар гуфтани 8-Март торсакие нест?

Зимнан мо дар Рӯзи Озодии Бонувон, яъне ҳамон 8 марти номӣ, мероси хубтарини мо аз давлати сағерапарвари СССР, ҳама Занҳои Тоҷикро табрик мегӯем. 

Инқилоби октябрӣ воқеан ҳам ба занҳои мо Озодӣ овард! Сароғоз андешаи мо низ андаке дигар буд дар ин мавзуъ, вале чун чашмонамон кушода шудаву воқеоти дуру наздику паҳлӯи худро дар олами арабу форсизабонон-Сурияву Ироқу Афғонистону Покистон...мебинем, бори дигар барои худ собит месозем, ки Занро дар Шарқ маҳз Ленин ва инқилобаш озод кардааст. А-ҳаааа, факт мехоҳед? Марҳамат, ба Ӯзбакистону Қирғизу Қазоқу Туркманистон нигаред. Нигаристед? Озодии занро дидед? Офарин! Акнун ба кишварҳое, ки қадами Ленин нарасидааст, дида дӯзед. Дӯхтед? То-та! Дигар далел чӣ лозим?...

Зимнан ба Ленин ва инқилоби дар он замонҳо ворастааш ана дар ҳамин маврид бояд аҳсант гуфт, ки Зан ва ҳатто Мардони моро ОЗОД карда буд.

Имрӯз бархе аз сияҳпӯшонро дар кӯчаҳо дида (хушбахтона сафашон камтар шудааст!), ангушти ҳайрат мегазӣ: Ҳоло инҳо намедонанд, ки тақлиди кӯр-кӯронаи мӯди арабӣ, ки ҳич алоқамандие ба сатри қуръонӣ надорад, чӣ оқибати муҳлику бадбахте барои ишон таҳия месозад. 

Ҳаргиз ба фитна наафт, Зани Тоҷик! Арабу афғону эрониву покистонӣ аз ин чодари сиёҳ, ки муллоҳои камхирад сарашон бор кардаанд, млрдҳо бор қимобанд. Аммо илоҷ надоранд дигар! 1 бор бо хонуми афғону эроние сӯҳбат кун, ба гуфтаи Бобои Ғулом, «таки дилаш даро» ва пурс, ки чодари арабии сиёҳ мақбулаш ҳаст, ё на?

Ин чодарҳои сияҳ, ин ришҳо, ин такбирҳо...ҳаргиз мусалмонӣ нест, вагарна беш аз 3 млн зан аз Эрону 6 млн суриявиву ироқиву афғон аз дасти онҳо фирор намекарданд. Имрӯз, ба таҳқиқ, Шукронаи ана ҳамин Давлату ана ҳамин сарзамину ана ҳамин Ҳукумат кун, Бонуи гиромӣ, ки садди ғуломиат шудаву аз ОЗОДӢ ва Шарафи инсоният ҳифозат мекунад.

Иди 8 Март, Рӯзи Озодии Зан муборакат бод, Бонуи Тоҷик!!!

 

Матлабҳои дигар