Принт

САЗОИ ЭҲТИРОМ АСТ


Дар шумораи охирини СССР шеърҳоеро мутолиа кардам, ки онҳоро таҳқир нисбати 2 шоири тавонои миллат меҳисобам. Агар Низом Қосим соҳибмактаб намебуд, ба ин мартаба намерасид. Охир рӯзе, ки ӯро садр интихоб мекарданд, касе аз минбар овоз баланд накарда буд. Садҳо нафарро аз Ӯзбекистон аз доираи адабӣ пеш карданд, осмон омада ба замин начаспид. Биёед, сангандозӣ ва кулӯхандозиро хотима диҳем.

САЗОИ ЭҲТИРОМ АСТ
Эҳдо ба устод Низом Қосим


Саодатманд дар олам Низом аст,
Зиҳӣ, донандаи илми калом аст.
Бувад шеъраш мисоли сабзаи тар,
Ба ҳар маҳфил сазои эҳтиром аст.
Рубоию дубайтӣ, фардбайташ,
Зи афришта барои мо паём аст.
Зи шеъраш ташнагон шодоб ҳастанд,
Аз ӯ шаҳди сухан бар мо ба ком аст.
Надорад мазҳабе ҷуз дилпарастӣ,
Касе қадраш надонад фарди хом аст.
Ғазалҳояш равон чун чашмасоранд,
Ҳама сатраш яке оёти том аст.
Ҳасудон ҳар чӣ гӯянду нагӯянд,
Дар ин ҷода каси соҳибмақом аст.


АТОИ ХУДО
Эҳдо ба эҷодкори асил
Шоири ҷаҳондида,
Эй Атои Мирхоҷа.
Ҳастӣ дар дилу дида,
Эй Атои Мирхоҷа,

Лаъл дар Бадахшонӣ,
Сим дар Зарафшонӣ,
Марди кори майдонӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.

Хушсиришту хушномӣ,
Хушкалому оромӣ,
Беҳ зи бодаю ҷомӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.

Субҳи босафо ҳастӣ,
Шеъри ҷонфазо ҳастӣ,
Тори хушсадо ҳастӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.

Чун ҷабини бечинӣ,
Оламию рангинӣ,
Раҳрави дилу динӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.

Қалби ту бувад беғаш,
Шеъри ту бувад дилкаш,
Гармрӯӣ чун оташ,
Эй Атои Мирхоҷа.

Чашмаи хурӯшонӣ,
Ҷон наию беҳ з-онӣ,
То ба 100 ба мо монӣ,
Эй Атои Мирхоҷа.


Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент


Аз СССР: Воқеан ҳам дар шумораи ахирии газетаи мардумӣ 3 шеъри шоири худкор-Соҳибназар нашр шудааст, ки ба пиндори мо, адиб дар онҳо зиёдаравӣ кардааст. Масъули ин саҳифа, ки ба чунин густохӣ роҳ дода буд, ҷазои маъмурӣ гирифт. Дар зимн аз устодон Меҳмон Бахтӣ ва Низом Қосим пӯзиш мехоҳем. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар