ХАБАРИ ДОҒ


(интермедия)

Аз Арастуи ҳаким пурсиданд:
-Лаззати умр дар чист?
Арасту ҷавоб дод:
-Лаззати умр дар зану дандон аст. Шахсе, ки аз лаззати ишқи зану маззаи ғизо маҳрум мешавад, пас дар ин дунё будани ӯ ғалат аст.
Сафват, ки лиҳозо дар ин маҳфил ҳузур дошт, сар аз дастурхон боло ва пиёлаи холишудаи чойро ба ҷавони чойкаш дароз карда, бо қароҳат нидо намуд:
-Ё ҳакими оламшумул, маъзарат, аммо хато ва хатои маҳз гуфтӣ...
Ҳозирин ҳайрон ва бо таваҷҷуҳу савол ба Сафвати бо “кундача”-и мисвок дандонҳои пӯсидаашро тозакунанда, нигоҳ карданд. Бурҳонзода пиёлаи чойи кабудро аз чойкаши ҷавон бо иҷрои таомули  гузаштагон, яъне дасти чап, болои синаю бо дасти рост гирифта, 2 қулт аз он роҳати ҷон намуда, суханашро идома дод:
-Дар асри 21 пӯсидану маризии дандон ишкол надорад. Зеро технологияҳои муосир ҷои дандонҳои пӯсидаву мариз метавонанд дар они воҳид дандонҳои сунъие насб кунанд, ки то охири умр кабоби мурғи марҷону қайлаи шутур бихӯрӣ. Имрӯз акобир дандонҳои сагу гурбаҳояшонро ҳар 3 моҳ иваз мекунанд, чи расад ба дандонҳои инсонӣ. Маҳри зани бокираву муҳаббати зани шавҳардида имрӯз на бо зарри сурхи Бухорову лаъли Бадахшон қимат мешаванд. Саҳар миёнро маҳкам баста, ба мардикорбозори назди “Султони Кабир” биё, ё дар Русия чанд моҳе ғуломии урусеро иҷро намо, маблағеро дар ҳамён мекунӣ, ки ҳамсари қонунии соҳибҷамоли модараш бӯса накарда гардӣ. Имрӯз бомжу алкашҳои душанбегию тушкафурӯшҳои ғармӣ, дуздакҳои кӯлобию бедонабозҳои хуҷандӣ ҳама соҳиби 3-4 зан мебошанд.
Ҳакими бузург чашми ҳайрат ва эҳсоси нобоварӣ ба ҳозирини маҷлис карда, аз нидоҳои пасту нигоҳҳои тасдиқомези онҳо рамузи боварӣ гирифта, бо ҳиҷолат ба Сафват нидо кард:
-Пас дар ин асри фатҳи кайҳону таҷҳизоти рақамӣ, ихтирои атому зоишҳои сунъӣ, ки мардон бо мардону занон бо занон издивоҷ мекунанду шаҳват парчаму шарм партизан шудааст, лаззати умр дар чӣ будааст?
Сафват чойи дар дасташ хунукшударо мисли қадаҳи май бо 1 қулт таги ҷиғилдон карда, айнакашро аз нӯги бинӣ боло бурда, дандонҳои аз дуди тамоку зардшудаашро намоишкорона нишон дода, бо заҳрханда гуфт:
-Ҳакимо, лаззати зиндагӣ на ба дандону зан, балки ба чашм асту ба фарзанд. Зеро чашми маризу кӯршударо кандаву иваз карда намешавад ва инсоният алҳол қудрати иваз кардани ин гавҳари ноёбро наёфтааст. Аз зани баду аҷуз ва сагсифати пургӯ бо 3 талоқ халос мегардӣ, аммо аз фарзанди бетавфиқи ноқобили афюнзадаи наркофурӯш чӣ гуна халос мешавӣ? Ё сӯги ҷигарбанди шайтонпарасти мазҳабфурӯшатро, ки бо ваъдаҳои шайтонӣ дар Сурияву Ироқ хуни ноҳақ мерезад, кушта мешавад, то қиёмат чӣ тавр мебарӣ?
Арастуи Ҳаким қатраҳои чашм аз мижгон тоза карда даст ба дуо бурд:
-Парвардигоро, моро аз нури чашм ва фарзанди солеҳ бенасиб нагардон!!!
Ҳама бо 1 овоз гуфтанд: - Омин!
Сафвати зирак бошад, аллакай пиёлаи 3-вумро дам мекашиду айёрона табассум менамуд. Гӯё мегуфт: Ҳакими қафомондае…Мо метавонем, на ту!

Одинашо Муродов,
махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter