ХАБАРИ ДОҒ

«Корвони наврӯзӣ» ба Душанбе Наврӯз меоварад

  • Панҷшанбе, Март 17 2016

Таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 21 март тавассути «Корвони наврӯзӣ» аз маҳаллаҳои «Бадахшон»-и ноҳияи Шоҳмансур, «Кӯҳдоман»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Лучоб»-и ноҳияи Сино, шаҳраки 23 ноҳияи Фирдавсӣ ва намоиши театришуда дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» аз субҳи содиқ оғоз хоҳад гашт.

 

Чуноне ки ба хабарнигори мо дар маркази матбуоти шаҳрдории Душанбе иттиллоъ доданд, 22 март наврӯзии аҳли маорифи шаҳри Душанбе дар Муасисаи давлатии «Боғи пойтахт», сайругашти оммавии наврӯзӣ дар тамоми боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе бо ташкили барномаҳои консертии идона ва мусобиқаи гӯштини миллӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” баргузор мегардад. 

23 март чорабинии идонаи наврӯзии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар Боғи устод Рӯдакӣ, майдони «800-солагии Москва», боғҳои фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ва 24 марти соли 2016 чорабиниҳо баҳри тақвияти тадбирҳои сабзкорӣ, ободониву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ, мутобиқи замимаи №2, дар  маҳаллаву шаҳрак, атрофи биноҳои истиқоматӣ, идора, муассиса ва корхонаҳои истеҳсолию соҳибкорӣ гузаронида мешавад. Роҳбарии бадеии Намоиши театришуда бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2016 ба зиммаи режиссер-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80» Раҷабов Убайдулло гузошта шудааст.

Мутобиқи дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе то 20 марти соли ҷорӣ тамоми биноҳои маъмурӣ ва идораву корхонаҳои пойтахт бояд намуди берунии хешро бо ороишоти наврӯзӣ муҷаҳҳаз намоянд.

Ҷамилаи Мақсуд

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter