Принт

Редаксияи супориш дод: Китобхона рав!

Подшивка баҳона-дастовард ғанимат!
Газетаи мардумии СССР тибқи дархости раҳбарияти Китобхонаи Миллии Тоҷикистон бастаи газета-подшивкаи 2-солааш (2016-2017)-ро ба хазинаи маънавии КМТ супурд ва ҳамзамон аз муваффақияту дастовард ва корномаҳои садри ин ниҳод-Абдусалом Мирализода дидан намуд, ки боиси таҳсину ситоиш аст. Зимнан СССР тасмим гирифт, тибқи масали “сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр” дидаву шунидаҳояшро ин ҷо ба тафсил ва бо фотофактҳо бигӯяд. Мо Метавонем!



Дар КМТ ҷои сӯзанпартоӣ нест!
19.01.2018. Соат бо вақти Душанбе 10:25 дақиқа.
Рейди мо ғайриинтизор буд ва аз устод Абдусалом Мирализода хоҳиш кардем, моро ба толорҳои хониш барад, чун чанде пеш ҳамкасбон репорт доданд, ки “Китобхона холист”. Дар толори матбуоти КМТ ҷои нишаст нест, бад-ин маънӣ, ки ҳама курсиву мизҳо банду донишҷӯён бо сари хам машғули хониш. Аҷиб ин буд, ки дар ҳама толорҳо чун пурсидем, кулли мутолиъин донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино буданд... Мирализода бо хитоб ба СССР гуфт, ки “сипоси вежаи маро ба Маҳмадшоҳ Гулзода-садри ДДТТ, ки донишҷӯёнаш дар таҳсил фаъолияти бонизом доранд, ҳатман тариқи СССР бирасонед!”. Инак, мерасонем. Мо Метавонем!
Мавсуф зимни боздид аз аҳли толори адабиёти соҳавӣ ба хонандагон қавл дод, ки дар ояндаи наздик ҳудуди 2500 китоби нави соҳавии тиббӣ ва дигар адабиёт аз хориҷа ворид мекунад. “Рӯиҳамрафта, бинобар сабаби афзоиши хонандагон 1 толори хониши иловагӣ ташкил додам” афзуд ӯ.
Донишҷӯёни ДДТТ-Дилноза Муъминзода (курси 1), Манижа Бобосафарова (курси 3) ва чанд муҳассил аз ДМТ ва ДДОТ бо изҳори сипос ба Мирализода гуфтанд, ки оид ба дастрасӣ ба адабиёти бадеиву соҳавӣ ва ҳам кутуби электронӣ дар интернет ягон мушкил надорем. То ҳатто 1 нафар донишҷӯ бо бардоштани даст аз ҷо хеста гуфт: “Устод, ҳама ништякай!!!”

Экскурсияи атфол дар КМТ
Ҳини саёҳати маънавӣ директори КМТ гуфт, ҳарчанд китобхона барои хидматрасонӣ ба 1500 нафар бозбинӣ шудааст, аммо ҳар рӯз то 3000 хонанда ва гоҳе бештар аз он, китобхона меояд. Хонандагони КМТ синну соли гуногун доранд: аз мактаббачагон то донишҷӯёни макотиби оливу касбӣ, литсейҳо, гимназияҳо. То ҳатто, зимни боздид тасодуфан гурӯҳи атфоли боғчаи хусусии кӯдаконаро дидем, ки ҳамроҳ бо мураббияҳои худ ба экскурсияи КМТ омадаанд...
3 тан хонанда аз 3 мактаби миёнаи пойтахт-Хосияти Ибодулло (синфи 7-и мактаби №36-и н.Шоҳмансур), Мафтуна (аз Гимназияи №9 ба номи Н.Ганҷавӣ) ва Карим Усмонов (синфи 9 аз мактаби №52), ки саргарми мутолиаи адабиётҳои бадеӣ буданд, бо хушҳоливу сипос гуфтанд, феълан дар КМТ ҳама намуди китобро ёфтан мумкин!!!
Шӯъбаи электронии КМТ, ки барои 70 нафар аст, низ лабрез аз хонандагон буд...



Арзонтарин ошхонаи Душанбе
Аҷибаш ин, ки дар ошхонаи умумии КМТ 1 порс оши палав бо 1 нону 1 салат-хӯришу 1 чойник чой ҳамагӣ 10 сомонӣ нарх дошт: Арзонтарин ошхона дар пойтахти Тоҷикистон!!! Мо инро ҳамроҳ бо Мирализода шоҳид гардидем. Ин аст, ки ба ин ошхона кормандони дигар муассисаву идораҳои давлатӣ барои “завтраку обеду ужин” меоянд. Вақте бо кормандони КМТ гуфтугӯ доштем, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ-сардори шуъбаи матбуоти даврии ин муассиса гуфт, “директори КМТ мардумист ва новобаста аз ҷоҳу ҷалол ҳар рӯз дар ҳамин ошхона, якҷо бо хонандагон ҳангоми “обед” хӯрок мефармояд”. Зимни хайрухуш Абдусалом Мирализода гуфт, толори Омӯзиши ҳунарҳои мардумиро низ таъсис додааст, ки он ҷо кормандон ба ҳаваскорон аз касбу кор ва нозукиҳои санъати мардумӣ таълим медиҳанд.

СССР

Матлабҳои дигар