Принт

Муаррифии “Шоҳин” дар Мактаби байналмилалии президентӣ


23.02.2018. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа.

 
Дар Мактаби байналмилалии президентии ш.Душанбе муаррифӣ ва ё рӯнамоии “Шоҳин”-дувумин китоби тозаэҷоди Мубориз Достиев-хонандаи синфи 5-уми ҳамин мактаб баргузор шуд. Дар презентация Муҳибулло Зувайдуллозода-директори ҳамин мактаб, устод Хоналӣ Қурбонзода-ректори Донишгоҳи такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми ҶТ, режиссер Носир Саидов-директори ТВ Сафина, сардабири газетаи мардумии СССР-Сайёфи Мизроб, адибаи маъруфи Тоҷик Шоираи Раҳимҷон, ромишгари хушсадои Тоҷик-Замираи Файзалӣ ширкат доштанд.


Зувайдуллозода дар нутқи ифтитоҳии маҳфил гуфт, “Мубориз барои мо-мударрисин ва ҳам кулли муҳассилини муассиса СИТОРАест, ки намуна барои дигарон аст ва ин муаррифии китоб ба ин маънист, ки ҳамаи шумо-хонандагон низ метавонед чунин эҷодгар бошед, вақте дар ин синну сол Муборизи мо дар ин сатҳ ва бо ин сифату мӯҳтаво асар офаридааст...”.
Хоналӣ Қурбонзода-спонсори “Шоҳин” дар сари минбар гуфт, “вақте шунидам, Муборизи дӯстрӯи мо рӯй ба эҷоди чунин асари адабии кӯдакона барои насли овардааст, аз пеши худ сарпарастии нашри китобро ба ӯҳда гирифтам ва омодаам, барои эҷодиёти ояндааш низ спонсор бошам. Зеро Мо Метавонем!”


Шоираи Раҳимҷон-шоираи гиромии ин маҳфил бо қироати 1 шеъри патриотӣ гуфт, ки “ману Мубориз ҷӯраем ва Самеъулло-яке аз қаҳрамонони “Шоҳин” писари ман асту барои офариниши чунин китоби хубу дилнишин ва воқеан ҳам олӣ, ба Мубориз сидқан аҳсант мегӯям! Чӣ хубест, ки фарзандони ҳамаи мову шумо дар дилхоҳ соҳа бо хости завқи худ офаринандаву рӯёнандаву рӯшанибахшандаву нурбахш бошанду намунаи ибрат! Албатта, вақте Муборизи мо тавоносту офаринанда, пас чаро шумо-ҳамнаслони ӯ натавонед?! Албатта, Мо Метавонем, Мо Тавоноем ва Тоҷик миллати Тавоност!!!”
Сайёфи Мизроб-падари Мубориз зимни баромади худ гуфт, “рӯнамоии ин китобро ба ин маънӣ нафаҳмед, ки муаллифи “Шоҳин” фарзанди ман аст, балки ба ин мазмунест, ки агар ҳаряки шумо ҳам чунин асар гуфта тавонед, ман-Сайёфи Мизроб, барои чопи он ҳатман спонсор мешавам, зеро Мо Метавонем!”


Дар хотимаи нишаст саволу ҷавоби хело зиндаву созандаву дилнишину ҷолиб байни мактаббачагони толор бо Мубориз сурат гирифт. Ӯ барои беҳтарин суолгарон 1-нусхагӣ аз китобаш тӯҳфа намуд...

Матлабҳои дигар