Принт

Муҷассамаи Лоиқ Шералӣ дар Панҷакент гузошта шуд


Дирӯз, бо ширкати президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ш.Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ баргузор гардид. Муҷассамаи шоири тавоно дар саҳни Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодӣ гузошта шуда, он аз ҷониби ҳайкалтарошон Рустам Маҷидов ва Мансур Ҳоҷибоев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама 6,3 ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад. Барои таҷдиди гулгашт ва бунёди муҷассама дар ин майдон аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии в.Суғд қариб 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғат ва сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳр табдил дода шудааст.
Бино ба итиллои расмӣ, масоҳати умумии гулгашти назди Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ 3091 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи майдони мазкур аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» дар вилояти Суғд тарҳрезӣ шуда, пудратчиён ҶДММ «СУ-3» ва ҶДММ «Само» мебошанд. Дар давраи таҷдиди майдон ва гузоштани муҷассамаи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ беш аз 80 нафар сокини маҳаллӣ ва сохтмончиёни соҳибтаҷриба бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Муҷассама бо истифода аз металли ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.
Дар атрофи муҷассама 4 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд. Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дорои 1 толори бузург бо 436 ҷойи нишаст, китобхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона, кинотеатр, толори варзишӣ ва утоқҳои корӣ мебошад.

Матлабҳои дигар