ХАБАРИ ДОҒ


Ибтидои солҳои 1970 дар мақомоти Ҳизби Коммунисти вилояти азнавбарқароршудаи Ленинобод (ҳоло Суғд) фаъолият доштам. Рӯзе баъди соати корӣ ба тамошои филми ҳунарии ҳиндии «Кусок хлеба» (Буридаи нон) ҷониби кинотеатри «Тоҷикистон» (ҳоло Қасри ҷавонон) мерафтам, ки бо корманди кумитаи комсомолии вилоят Тағоймурод вохӯрдам. Бо ӯ шиносоӣ доштам. Ин ҷавони хушқаду қомату бофарҳанг дилдодаи шеъру тарона буд. Ӯ ҳам нияти тамошои филмро доштааст. Ҷавҳари сӯҳбатамон шеъру шоирӣ шуд. Ман, ки он рӯз аз маҷаллаи «Шарқи сурх» шеъри М.Турсунзода «Ошёни баланд»-ро хонда, мафтун шуда, ҳатто 2 байти аввалашро аз ёд карда будам, бо шавқ ба ӯ хондам:
Ошён гар мегузорӣ дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.
-Ака, - гуфт ӯ, Шумо бо шеърҳои шоири ҷавон Лоиқ Шералӣ шиносед?
-Не, - гуфтам, ягон китоб ё шеърашро нахондаам.
-Афсӯс, - гуфт ва таъкид кард: Шоири ҷавон бошад ҳам, хеле болаёқат, шеърҳояш басо тару тоза.
-Таърифӣ бошад, - ҳазломезона гуфтам, Шумо ягон китобашро бо худ доред?
-Албатта, дирӯз китоби нави Лоиқ-«Нӯшбод» аз чоп баромад. Шоир лутфан бо соядаст бароям тақдим кард. Бо ӯ шиносам.
-Агар, ин тавр бошад, аз «Нӯшбод» намунае қироат мекардед, - гуфтам.
-Майлаш, - гуфту «Замин» ном шеърро хонд. Эҳсос кардам, ки шеър маҳсули эҷодии шахси истеъдодаш худодод буда, на аз рӯи ишқу ҳавас эҷод шудааст. Илтимос кардам, онро бори дуюм хонд. Хусусан, ин мисраъҳо ҳаётиву бо табъи баланд гуфта шудаанд:
…Замин дар зери по аз мо баланд аст,
Ба рӯяш нақши ҳар 1 пой панд аст.
Макӯбаш бо қадамҳои халалгор,
Замин чун фалсафӣ дар фикр банд аст.
-Ин китоб дар фурӯш ҳаст? - пурсидам.
-Не, -гуфт Тағоймурод, ҳамагӣ 5000 нусха чоп шуда буд. Китобдӯстон онро аз мағозаҳо якбардор карданд.
-Он китобе, ки аз шоир тақдим шудааст, бо Шумост? - пурсидам.
-Албатта, - гуфт ӯ.
-Барои якчанд рӯз хондан дода метавонед?
-Аммо бармегардонед, он бо соядасти муаллиф тақдим шудааст, - гуфт.
-Албатта, бармегардонам, - ҷавоб додам.
Пагоҳӣ ӯ китобро овард. «Нӯшбод»-ро ба даст гирифтам. Аҷаб китобчаи хурд, вале пур аз эҳсосоти ҳақиқати ҳастӣ. Гаштаю баргашта хондам. Лек дар мавриди баргардонидани китоб аз ҷониби ман ваъдахилофӣ шуд. Ба пурсиши Тағоймурод 2-3 бор китобро оварда медиҳам, хавотир нашавед, - гӯён ваъда додам. Аммо ҳангоме, ки аз сафари хизматӣ, аз ш.Панҷакент баргаштам, ӯро ба кор ба кадом 1 ноҳияи ҷануби кишвар таъин кардаанд. Бо ҳамин «Нӯшбод» ба соҳибаш насупорида монду то ҳол дар қатори китобҳои дигари Лоиқ-«Соҳилҳо», «Хоки Ватан», «Сапедадам», «Марди роҳ», «Хонаи чашм», «Хонаи дил», «Варақи санг», «Девони замон»… китобхонаи маро дар 1 саф бо кутуби шоирони классики тоҷик зеб медиҳанд. Ашъори Лоиқ аз ватандӯстиву ифтихори миллӣ, аз ишқи пок саршор буда, бо содагию равонии худ ба дили хонандагон маъво мегирад. Бешубҳа, 1 худи «Модарнома»-и шоир шаҳодати хуби ҳунару истеъдоди нотакрори ӯст. Камина шеърдӯстам, аммо на шоир. Бо вуҷуди ин, дар васфи устод Лоиқ шеъргунае навистам:
Зодаи мазҳари кӯҳҳои пурасрор, Лоиқ,
Раҳнаварди шоҳроҳи пур аз бор, Лоиқ.
Аз каломаш фузуд шукӯҳи шеъри Аҷам,
Қуллаи назми ҷаҳонӣ ёдгор, Лоиқ.
Ҳаминро ҳар бор замзама карда мегардам. Арвоҳат ҳамеша шод бод, Лоиқ!

Абдушукур Расулови 84 сола,
собиқадори меҳнат, ш.Хуҷанд

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter