Принт

Озмун барои гиромидошти Гейдар Алиев

Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи таваллуди Арбоби давлатӣ, Пешвои миллии халқи озар Гейдар Алиев, ки 10 май аст, барои беҳтарин мақола дар мавзӯи «Гейдар Алиев – бунёдгар ва меъмори Озарбойҷони муосир» дар байни журналистони тоҷик озмун эълон кардааст.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар сафорати ин кишвар хабар доданд, озмун аз 1 апрел то 6 майи соли ҷорӣ идома ёфта дар он метавонанд намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хоҳишманд ширкат варзанд. Наворҳои телевизионӣ, сабтҳои радиоӣ ва мақолаҳои чопшуда бояд дар 5 нусха ба сафорати Озарбойҷон дар Душанбе пешниҳод гарданд. Ғолибони озмунро тӯҳфаҳои арзишноки хотиравӣ ва дипломҳои махсус интизоранд.

СССР

 

Матлабҳои дигар