ХАБАРИ ДОҒ

Ёд бод, он рӯзгорон, ёд бод!

  • Панҷшанбе, Июн 21 2018


Солаш ба гумони аниқ ба соли 1966 рост меомад, ки мани студент ҳамчун эҷодкори умедбахш бо даъвати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Анҷумани ин Иттифоқ ширкат доштам ва устодро дар ҳалқаи навқаламону ёру дӯстон дар чойхонаи паси бинои Иттифоқи нависандагони он вақта дар забонҳо "Чойхонаи Иттифоқ" дидам ва ман бо чӣ роҳ ҳамроҳ шуданамро ба ин сӯҳбат намедонистам. Дар ин вақт гӯё Худо дар дили устод Убайд Раҷаб паёме фиристод, ки он кас сӯи ман нигоҳ кунаду бо ишораи дастмаро ба ин сӯҳбати пурзавқ даъват намояд. Мани ташнаи дидору сӯҳбати устод Боқӣ Раҳимзода зуд ба ин нишаст худамро ҳозир кардам.
-Устод - ба устод Боқӣ Раҳимзода муроҷиат карда, акаи Убайд маро ба устод Боқӣ муаррифӣ намуд:
-Ин кас Ҳақназар Ғоиб, шоири ҷавон ва болаёқати мо ва албатта шогирди Шумо. Барои ҳамин ба Анҷуман даъваташ кардем.
-Акнун фаҳмидам, ки Ҳақназар туӣ, Ҳақназар, ки бошӣ, ҳарфи Ҳақ дар забони туст ва шеърҳоят умедбахшанд, акнун, ки дар съезд иштирок мекунӣ, миёнро боз мустаҳкамтар банд - гуфтанд устод Боқӣ ва илова карданд: - дар чопи китоби аввалинат ёрӣ медиҳам. Ва воқеан устод дар чопи китоби аввалинам, ки сарсуханашро он кас навишта буданд, ёрӣ доданд.
Чор сол боз китоби аввалинам "Тӯшаи роҳ" дар нашриёти "Ирфон" мехобид ва рӯи чопро намедид. Хушбахтона рӯзе дар Иттифоқи нависандагони Точикистон устод Боқӣ аз рӯ ба рӯям баромад ва аҳвол пурсида, аз вазъи чопи китоб сухан кушод. Вазъиятро шармгинона ба ӯ шарҳ додам.
-Ҳамту бигӯ... Ба назди устод Турсунзода медароем, он кас ҳоло дар ҳамин ҷо. Аз қафои ман биё, - гуфта роҳи дафтари кории Турсунзодаро пеш гирифтанд.
Аз рост ҳаяҷони сахт вуҷудамро фаро гирифт. Ҳеҷ гоҳ ба назди устод Турсунзода даромаданро хаёл надоштам, ҳамагӣ бо ӯ 1-2 бор саломалек карда, аҳволпурсии самимонаашро шунида будаму бас. Устод Боқӣ дари воридгоҳи дафтари кории устод Турсунзодаро боз карда, маро бо ӯ шиносониданд ва аз боби чопи китобам сухан кушоданд. Устод хеле ҷиддӣ ба ман назар карда, пурсиданд:
- Китобатро кай супорида будӣ?
-Қариб 4 сол шуд - худро ба ҳолати ноҳинҷор ҳис карда ҷавоб додам ман. Устод Турсунзода абрувонашонро ба таври аҷиб ба ҳам гирд оварда, гӯшаки телефонро гирифтанд ва бо ким-кие сӯҳбат карданд ва гӯшакро ба ҷо монда, ба устод Боқӣ рӯ оварданд:
-Китобашон аввалҳои соли дигар ба чоп мерасидааст. Устод Турсунзода андак андеша карда боз гуфтанд, ки:
-Мо ҳам дар ҷавонӣ орзу мекардем, ки чун Боқӣ касе ғамхорамон бошад...
Порае аз хотироти устод Ҳақназар Ғоиб "Он рӯзҳо хеле дур монданд" (Хотирае чанд аз устоди бузургвор Боқӣ Раҳимзода)
Ганҷина Мирзоева,
донишҷӯ, н.Ховалинг

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter