ХАБАРИ ДОҒ

Ба журналистони мо мантиқ намерасад…

  • Панҷшанбе, Сен 20 2018

 Такягоҳи журналистикаи Тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов ба синни мубораки 70 расид. Муборакамон бод!!!

Он чӣ дар оина ҷавон бинад,
Пир дар хишти пухта он бинад!!!
Имрӯз бархе аз бодовардаҳои худпарасту худкома, ки шогирдаке, ҳатто дар пояи худ-беҳунару булфузул, тарбият накардаанд, сари устоди устодони журналистикаи Тоҷик-профессор Усмонов дар интернету сайтҳои иҷтимоӣ чормағз мешкананду даъвову дағое доранд. Ин камхирадон аз куҷо медонанд, ки дар олами журналистикаи Тоҷик нафаре нест, ки мактаби рӯзноманигории вежаи Иброҳим Кенҷаевичро нагузашта бошад…
Дар матлаби зер, анде аз посухҳои УСТОДро, ки дар солҳои мухталиф ироа шудаанд, пешкаши хонанда мекунем, ки ҳар сатраш 1 дарсест барои журналистони муосир. Мо Метавонем!

Зиндагиномаи устод
10.09.1948 дар деҳаи Понғози н.Ашт ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ва с.1971 шӯъбаи журналистикаи ДМТро хатм мекунад. Фаъолияти кориро дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст. Соли 1976 аспирантураро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов ба анҷом расонида, худи ҳамон сол рисолаи номзадиро дифоъ мекунад. Аз с.1981 то 1984 дар Донишгоҳи шаҳри Кобул фаъолият дошт. Соли 1988 декани факултети филологияи ДДТ интихоб мешавад. Дар с.1993 муовини раис ва сипас раиси Кумитаи радио ва ТВ таъйин мегардад. Солҳои 1995-96 Мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масоили иҷтимоӣ, аз с.1995 то 2000 намояндаи мардум дар парлумон, раиси Кумитаи оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ ва маданият буд. Дар давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон фаъолона иштирок карда, аз моҳи июли с.1997 то с.2000 вазифаи раиси Комиссия оид ба масоили сиёсии Комиссияи оштии миллиро ба ӯҳда дошт. Аз 6.01.2004 то декабри с.2006 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2009 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Айни ҳол раҳбарии маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-ро бар дӯш дорад, ки соли 2012 таъсис дода буд. То имрӯз дар ин маҳфил шахсиятҳое ҳамчун Қаҳҳор Маҳкамов-нахустин президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Талбак Назаров-собиқ вазири корҳои хориҷии ҶТ, Гулрухсор Сафиева-Шоираи Халқии Тоҷикистон, Давлати Усмон-собиқ муовини сарвазири Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, Барзу Абдураззоқов-коргардони маъруфи театр, Сайёфи Мизроб-сардабири газетаи мардумии СССР, Бӯрӣ Каримов-роҳбари котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозони кишварҳои узви ИДМ (СНГ) ва дигарон ширкат доштаанд.

Журналистика ва озодӣ
-Зуҳури матбуоти озодро чӣ сон арзёбӣ мекунед?
-Албатта, журналист бояд озод бошад, ин ҷои баҳс нест. Побанд, ба касе тобеъ, вобаста ва ғулом будан ҳеҷ вақт имкони сухани ҳақ гуфтанро намедиҳад. Вале мутаассифона, журналист ва журналистика ҳеҷ вақт пурра озод буда наметавонад ва ин хел имконият ҳам нест. Агар аз ҳукумат озод шавад, аз пул озод шуда наметавонад, аз пул озод шавад аз шахси роҳбараш не. Шиори асосии озодии матбуот-ин озод кардани матбуот аз таъсири бевоситаи ҳукумат аст. Аммо ҳар касе ба андактарин озодӣ расид, онро ҳатман ба манфиати худ истифода мебарад… Буғӣ кардани озодии матбуот лозим нест! Зеро агар гапе дар дил пайдо шуд, имконаш деҳ, бигӯяд, имкони ислоҳаш бошад, ислоҳ мекунад. Шанси гуфтанро надиҳӣ, он дар вуҷуд ба мадда табдил ёфта, уқда мешаваду пешгирияш душвор…
Журналистика агар таҳқир накунад, дигар ҳеҷ гуна озодияшро маҳдуд кардан даркор нест. Журналист ҳеҷ вақт муқобили миллати худ намеравад, ҳеҷ вақт зидди давлати худ сухан намегӯяд, агар журналисти миллӣ бошад. Лек ӯ метавонад ҳукуматро танқид кунад, камбудашро бо факту рақам гӯяд.

Журналистика ва диплом
-Журналисти касбӣ кист?
-Журналисти касбӣ шахси соҳибкасб аст. Нафаре, ки метавонад маълумоти олии журналистӣ дошта бошад ва ҳам мешавад, маълумоти олии журналистӣ надорад, лек тамоми ҳаёташро ба ВАО бахшидааст. Вақте аз маънои пурраи журналист гап мезанем, таъриху назарияро донистанамон даркор. Бисёриҳо мегӯянд, назария чӣ даркор? Масалан, муҳаррир аз ман назарияро намепурсад-ку? Назария ва таърих барои пур кардани ақли нависандагӣ лозим. Журналисти матбуот дар заминаи таҷрибаи 1-2 журналисте, ки ҳамроҳаш кор кардааст, навиштанро ёд мегирад. Журналисти таҳсилкарда дар соҳаи журналистика дар мисоли журналистони гузашта ё ҳозира касбро меомӯзад. Фарз кардем, 1 физик дар матбуот омада кор мекунад, мумкин нағз нависад, навиштааш бад нест, аммо аз мактаби устодон Айнию Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиеву Бӯринисо Бердиева… дарак надорад.

Журналистика ва фаросат
-Имрӯз ба журналистони мо чӣ намерасад: дониш, таҳлил, ҷасорат…?
-Ба журналистони имрӯзаи мо фаросату мантиқ ва дуруст андешидан намерасад, кӯтоҳ фикр мекунанд. Дар натиҷа фикр хом таваллуд мешавад. Аз ҳамин рӯзи гузашта ва аз шоми ҳамин рӯз он тарафашро намебинанд. Ин бадбахтӣ ва фоҷиаи имрӯзаи журналистикаи тоҷик аст…

Журналистика ва пора
-Дар "Журналистика"-и худ ишора кардаед, ки журналист бояд ришва нагирад. Мутмаинед, ки журналист бо маоши андак ришва намегирад?
-Ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, зеро надидаам. Ман гуфтам, ки ришва набояд гирад. Ришва чист? Фарз кардем, ҳукуматро матбуоти хусусӣ таъриф мекунад, ҳукумат барои кормандони ӯ шанси сафарҳои хориҷӣ медиҳад ё имтиёз, ба зиёфатҳо даъват мекунад. Ва ё хизмати ташкилотҳои байналхалқиро мекунанд, ба семинарҳо мефиристанд, мукофотҳо медиҳанд. Инро ҳам олимони Ғарб ришва гуфтаанд. Нашрияе дар бораи хоҷагии деҳқоние 1 саҳифа чоп мекунад ва мегӯяд, ки аз ҳамин 100 нусхаашро бихар. Магар ин ришва нест?!
Қонуни ахлоқи Амрико ҳамроҳ бо масъулини ҳукумат ба сафар рафтани журналистонро бадахлоқӣ ҳисоб мекунад. Агар ба сафари расмӣ равад аз хазинаи худаш сарф мекунад.

Журналистика ва плагиат
-Дар ҷое гуфтаед, ки ҳатто дуздидани идея асардуздист...
-Чизе, ки шумо дар назар доред, ин дар замони шӯравӣ буд ва албатта мисолаш имрӯз ҳам бисёр. Дар журналистикаи мо дуздии идея ба сифати дуздӣ дониста нашудааст. Журналист бояд диди худашро нависад. Агар журналист тафаккури хуби мантиқӣ дошта бошад, ақидадор мешавад. Ақида доштан ин шарти аввали кор кардан дар журналистика аст.

Журналистика ва таҳқир
-"Ҳақиқат бидуни таҳқир вуҷуд надорад» мегӯяд Наполеон…
-Ҳақиқат бо таҳқир мавҷуд буда наметавонад ва ҳамҷинс нест. Ҳақиқат талх аст, лек таҳқир нест. "Дар бораи воқеаҳои бад бе тезутунд сухан гуфтан, аслан сухан нагуфтан аст" гуфтааст Ленин. Яъне дар бораи бадӣ ва ҳақиқат сахт гуфтану ҷанг кардан даркор, лек тунд гуфтану ҷанг кардан, ҳақоратро ифода намекунад. Ҳақорат нишонаи нотавонист. Агар ҳақ бошед, ҳеҷ вақт ҳақорат намекунед. Шахсеро ба чизе муқоиса кардан, ҳақорат-таҳқир нест, ин образ аст. Журналистика аз образ даст намекашад. Ташбеҳ додан ба чизе дар адабиёти ҳама халқҳо ҳаст. Масалан, ба шайтон, ба дев монанд мекунанд, ки ин на ҳақорат, балки образ аст. Таҳқир ин рӯйрост аз ҳама чиз гузашта, ба иззату нафси инсонӣ расидан аст.

Журналистика ва аудитория
-Мӯҷиби китобгурезии хонандагонро дар чӣ мебинед?
-Мавзӯи бисёр пурдард аст. Мо аз соли 1987-88 сар карда, то соли 1998-99 мактаб надоштем. Нахуст, дар валвалаҳои горбачёвӣ мактаб вайрон шуд, баъд дар муқовиматҳои сиёсии худамон, 10 соли бемактабӣ буд. Тақрибан 50 соли ҳаёти бемактабиро аз сар гузаронида истодаем ва қариб талоши 20-солаи мо ба ҳамин сарф хоҳад шуд. Мо алон китобу рӯзномахон надорем, на барои он ки пул ё вақтамон нест, балки фаросат кам шудааст. Он китобҳое, ки ҳамдеҳагону амакҳои мо навиштаанд, ба хонанда чизе намедиҳанд, лек дигар чизи хонданӣ надоранд ва адабиёти дигарро намешиносем. Тасаввур кунед, ман ба ҷабри муаллимиям донишомӯзони факултети журналистикаро барои хондани асарҳои устод Айнӣ маҷбур карда наметавонам. Чунон аз хондан дур рафтаанд, ки ба воситаи зӯрӣ ҳам имкон надорад. Қувваам намерасад. Шояд дигар муаллимону ҳамкасбони ман ҳам дар ҳамин вазъият бошанд. Мутаассифона, дар асри 21 асари хуби мансуре дар адабиёти мо пайдо нашуд.

Журналистика ва фикркушӣ
-Ақидае ҳаст, ки гӯё «матбуоти зард» зеҳни мардумро мекушад…
-Ба ин аз нуқтаи назари идеологӣ менигарем. Агар ин сон матбуот хонанда намедошт, вуҷуд намедошт. Ин гурӯҳи матбуот аз касонест, ки онро мехонанд. Матбуоти зард завқи одамро паст мекунаду 1 қисмати умрашро зоеъ. Барои ҳамин Карл Маркс ба журналистон таъкид карда мегӯяд: «Бечораи коргар аз маоше, ки барои рӯзгораш зарур аст, фалон қадарашро ҷудо карда рӯзнома мехарад, то ки дар бораи ҳаёту воқеият маълумот ёбад. Шумо фиреб надиҳед, дуздӣ накунед, чизе нашр кунед, ки барои завқи ӯ бошад». Пас, дар он чизе буданаш даркор, ки ақаллан барои танзими ақидааш кӯмак кунад. Лек дар ин нашрияҳо қиссабофӣ, ҷодугарию табибию фолбинӣ, рехтани хун, одамкушӣ ва гӯё одамкуширо маҳкум карда истода, ба одамкушӣ даъват кардан, омӯхтани роҳҳои одамкуширо мебинед, на журналистикаро!!! Инҳо фитратро паст мекунанд.

Журналистика ва беғаразӣ
-Дар асари «Журналистика»-и худ мегӯед, ки журналист бояд бе ғараз нависад. Оё беғаразии 100% вуҷуд дорад?
-Не, албатта! Азбаски ҳақиқат ҳам 100-фоиза нест, бағаразӣ ҳам чунин аст! Ҳар кас ҳақиқати худро дорад. Ҳеҷ вақт ҳақиқати 2 одам ба ҳамдигар пурра мувофиқат намекунад. Лек барои ин кӯшидан даркор, ки ба қадри имкон аз рӯи инсоф ва ҳақиқат бошад. Ана ҳамин муҳим аст. Онҳое ҳастанд, ки 60-70% аз рӯи инсоф менависанд. Онҳое низ ҳастанд, ки инсоф умуман дар навиштаашон нест…

1 Паём

  • Шарҳр додан Мирзода м м Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 19:28 Паём аз Мирзода м м

    УСТОД ДАР ТАЪРИХИ ФАРХАНГИ МУОСИРИ ТОЧИЁНУ ТОЧИКОН САХМИ АРЗАНДА ДОРАНД.МАВЛУДАШОН ФАРХУНДА БОД!!!.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter