Принт

Адабиёти мо холӣ монд


Соли наҳси 1977 ба ёд меояд, ки мо-донишҷӯён бо 100 дарду алам аз қафои тобути аллома Бобоҷон Ғаффуров то боғи Айнӣ, аз паси тобути  устод М.Турсунзода то оромгоҳи Лучоб ва аз паси тобути гулгункафани Маҳмуди Воҳид то қабристони Сари Осиё рафта будем… Акнун… ку Бозор Собир? Канӣ Мӯъмин Қаноат? 2 шаҳсутуни устувори адабиёт, яке паси дигар ин ҷаҳони фониро тарк карданду рафтанд, ба абадият пайвастанд. 2 боли тавонои адабиёти тоҷик шикаст, 2 ситора аз само канда шуд. 2 шахсияти шинохта, шӯҳратёр, адибони ҳақиқии халқӣ аз байн рафтанд. Гӯё пас аз Турсунзода, Лоиқ, Бозор, Қаноат адабиёти мо холӣ монд, фазои адабӣ холӣ монд, дар ҷомеа адиби маҳбуби хосу ом намонд…
Бозору Қаноат маҳбуби халқ буданд. Онҳоро дар Суғду Бадахшону Хатлон ва дар тамоми гӯшаю канори меҳан чу фарзанди хеш мешинохтанд, аз адибон чунин шарафро устод Ашӯр Сафар соҳиб шуда буду бас… Дунё гӯё ба коми одамони беномус аст ва афроди сарсупурдаи ин миллати сахтҷонро басо сахтиҳо, ноҳаққиҳо ба сар меояд, вагарна устод Мӯъминро аз садри ИНТ барканору зиндаёд Бозорро зиндонӣ намекарданд… Гӯё аз азал қисмати бузургони миллат сарпечида ва пур аз фарозу нишеб будааст. Таърих гувоҳ аст, ки ягон чеҳраи ақлонии мо орому осуда ва бо хотири ҷамъ кору пайкор накардааст. Иллати он дар чист, ҳаволаи равоншиносон бояд кард. Аммо тӯли умр, санҷиши атрофиён, нишасту хез бо пиру барно ва одамони касбу кори гуногун маро 1 чӣ мутмаин сохт: Мо бахилу ҳасудем!
Касе Гандӣ, Камол Отатурк, Мао Цзе Дунро паст намезанад, аммо мо аз Исмоили Сомонӣ сар карда то Қаҳҳор Маҳкамов садҳо камбудӣ меёбем. Чӣ монад Турсунзодаву Лоиқу Бозору Мӯъминшоҳро… Мо бахилем! Инро дар зиндагии ҳамарӯза собит кардем. Садсолаҳо даркор, то адибе зода шавад, ки вайро халқ эътироф кунад. Устод Мирзо ва шогирдони эшон-Бозору Муъминшоҳро халқ мешинохт, дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Чандин нафар унвондоронро медонам, ки шеърашонро касе намехонад, байни халқ маҳбубият надоранд, чунки халқ гавҳаршинос аст. Сензураро барои офаридани асари хонданӣ баҳона мекарданд, аммо баъди Истиқлол ку румоне, ки даст ба дасти хонанда гардад?

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент

Матлабҳои дигар