ХАБАРИ ДОҒ

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия

  • Ҷумъа, Окт 12 2018

Шоми 7 октябр дар толори нави “Большой театр”-и бузургшаҳри Москва намоиши санъаткорони тоҷик, бахшида ба “Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия”, баргузор карда шуд. Бо сухани табрикӣ, намояндаҳои вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Россия ҳозиринро сипосгузорӣ намуда таъкид карданд, ки ҳукумати Россия ва шаҳрвандони Москва ва шаҳри Пётри Бузург ба чунин маъракаи фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода, Адҳам Холиқов, Соҳибназар Аловатов, Искандар Тоҳиров, Амирҷон Рӯзиев, Зафар Абдуалимов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафии Кароматулло аз осори аҷдодони номбардори мо устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ ва дигар бузургон бо рақсҳои зебои ансамблҳои давлатии "Лола" ва “Парасту” ҳунари беназири тоҷиконро дар толори  “Большой театр”, яъне шоҳсаҳнаи Россия намоиш доданд. Меҳру муҳаббати беандозаи даъватшудагони москвагиро дар ин шоми кӯтоҳ бузургтар кардем. Чанд таронаву суруд, ғазалу рубойӣ ва рақси дилнишини мардуми тоҷикро гуруҳе аз забардастон барои дӯстон ба саҳна гузошта, шуҳрати санъати волоямонро боз ҳам болотар карданд. Намоишро устоди санъати тоҷик, ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманди Хол бо сухани шоири хушкалом Ато Мирхоҷа “Кишвари дӯстӣ” хотима бахшид. Баъди базм меҳмонон аз савту навои дилнишину мабҳуткунандаи ҳунармандони мо ғизои маънавӣ гирифта, изҳори миннатдорӣ  карданд. Ба сухани мафтункунандаву ҳаракатҳои мавзуни рақси зебои тоҷикӣ баҳои бисёр баланд доданд, ки ин боиси ифтихори мост. Ҳамчунин, сипоси бепоёни худро ба Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов барои интихоби макони баргузории ин базми дӯстӣ дар олитарин шоҳсаҳна, зеботарин толори Россия иброз медорем. Толори театр аз мухлиси ҳунари олимақоми тоҷик лабрез буд. Ҷои ифтихор аст, ки баъди намоиш ба унвони Сафорат аз ҷониби зиёиёни рус номаҳои шодбошӣ ирсолгардиданд, ки матни чанде аз онҳоро ба хонанда пешкаш месозем.


“Иҷозат фармоед, ки барои чунин базми идона ба Кумитаи тадорукот ва шахсан ба кормандони Сафорат аз чунин иқдоми нек сипосгузорӣ намоям. Агар пештар рубоиёти Умари Хайёмро ба дигар забонҳо мехондем, имрӯз сухани ӯро ҳунармандони тоҷик дар шакли рақси зебо пешкаши мо карданд ва ин сазовори аҳсан аст. Ҳам аз лиҳози руҳ ва ҳам аз назари ахлоқ, дар беҳдошти риштаи ду мардуми ба ҳам дӯст, барои ёдгорӣ ба ояндагон аз сарвати фарҳанги тоҷикон саҳми арзанда гузоштед. Бо камоли эҳтиром,  шоир, нависанда, НИКОЛАЙ КОРОЛЕВ”


“Бо дуруд ба Шумо, дӯстони тоҷики ман! Миннатдории бепоёни моро қабул фармоед, ки аз тамошои намоиши Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистони имрӯза  самимона роҳат кардам. Чанде пеш баъди намоиши филм дар нигористони “Третьяковская галерея” пурсидам, ки: “Зиндагӣ дар Тоҷикистон чӣ тавр аст?”.  Духтари тоҷик бо сари баланд ҷавоб дод, ки: “Мо дар кишвари соҳибистиқлоли демократии озод зиндагии хубу ором дорем”. Гуфтаи духтаракро дар намоиши олиҷаноби фарҳангии имшаба баръало эҳсос кардам. Мухлисон навори зебошаҳри Душанберо бо фаввораву гулгаштҳо ва куҳҳои осмонбӯси Тоҷикистони зебоманзар тамошо карда, фаҳмиданд, ки бо чунин мардуми меҳмондӯсти кишвари биҳиштосо дӯстӣ доранд. Аз чизи дигаре шод шудам, ки наворе аз кинофилми “Ман бо духтаре вохӯрдам”-ро нишон доданд, ки аз меҳру муҳаббати самимии шахсони солҳои 60-уми асри гузаштаи мо буд. Орзӯманди онам, ки чунин нишастҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия идома ёбанд. Бо арзи сипос. ЭММА МАЛАЯ”.


 “Ташаккури зиёд ба ҷаноби Сафири Тоҷикистон, ки маро ба чунин консерти бошукуҳ даъват карданд. Аз тамошои он роҳати бисёр кардам. Бахусус аз забони операсарои тоҷик шунидани опера ба забони модарии олмонии ман хело хушҳол шудам. Боз ҳам сипосгузорам. Корманди Сафорати Олмон дар Россия, КАТЯ-РАЗВИТА ГАТСОЛАЕВА”.   
Хабарнигорони Россия низ матну навори зиёде дар ВАО пахш карда, як навъ сипосгузории хешро аз Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия иброз доштанд. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия, ки аз 6 то 10 октябр идома дошт, ба поён расид ва дар муносибатҳои ду мардуми бо ҳам дӯст нақши босазо гузошт.

Шамсиддини Муқим
МОСКВА,  «СССР»

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter