ХАБАРИ ДОҒ

Хуҷанд: Чаро нӯшдоруи ватанӣ нест?

  • Панҷшанбе, Окт 18 2018


Баъди беш аз 20 соли омӯзгорӣ ва хизмат дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба нафақа баромада, пиёда сайри ҷаҳон карда истодаам. То ҳол беш аз 40.000 км роҳро тай намуда, Афғонистону Покистон, Ҳиндустон, Шри Ланка, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркияю Эрон, Арабистони Саудӣ ва тамоми ҷамоҳири ИДМ-ро пиёда гаштаам. Шукр мекунам, бо дастури мири шаҳр дар қатори роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ба ман ҳам насиб шуд, ки дар дохили Хонаи Каъба намоз бихонам.
Дар мамолики хориҷӣ хабарнигорони расонаҳои гуногун аз ман мепурсанд, ки чаро бо вуҷуди 70-сола буданам чунин чаққон ба назар мерасам? Аз фурсат истифода бурда, обу ҳаво ва меваҳои шаккарини Тоҷикистонро васф мекунам. Чун мепурсанд, ки бо худ кадом доруҳоро мегиред, ман доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш тайёркардаи ширкати ватании «Авитсенна»-ро нишон медиҳам. Воқеан, нӯшдоруи «Авитсенна», ки аз 26 намуд гиёҳҳо тайёр шудааст, нерӯи муҳофизатии ҷисмро қувват бахшида, фаъолияти ҷисмонии касро баланд мебардорад. Он дорои хусусияти қувватбахшандаи умумӣ, оромкунандаи асаб, зиддиилтиҳобӣ, оромкунандаи дард, шифобахшандаи захм буда, қанди хунро паст ва дарди гурдаю вараму захми меъдаро бартараф менамояд. Хориҷиҳо ҳайрон мешаванд, ки чӣ хел дар Тоҷикистон чунин давои ба қавле «универсалӣ» истеҳсол мекунанд. Ман бо фахр мегуфтам, ки наберагони Сино ин гуна ихтироотро зиёд кардаанд. Чанде пеш баъди сафари Ӯзбекистон тавассути ш.Тошканд ба Хуҷанди бостонӣ рафта, муддате дар табобатгоҳи физиотерапевтӣ истироҳат кардам. Барои хизматрасонии хушсифат ва муомилаи олидараҷа ба тамоми кормандони ин муассиса аз директор сар карда, то фаррош арзи сипос мекунам.
Азбаски нӯшдоруи «Авитсенна» дар борхалтаам тамом шуда буд, хостам аз дорухонаҳои ш.Хуҷанд нӯшдоруи ватаниро захира карда, сафарамро идома диҳам. Мутаассифона, ба чанд дорухонаи ш.Хуҷанд рафта, ноумед баргаштам. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки ҳамагӣ 8%-и доруҳои бозори дорувории мамлакат ба корхонаҳои ватанӣ тааллуқ дорад. Агар муносибат бо маҳсулоти ватанӣ чунин бошад, шояд 2-3 сол баъд ин нишондиҳанда аз будаш камтар шавад. Фахри миллии табибону провизорҳо куҷо шуд? Духтуронро лозим аст, ки ба ҷои доруҳои хориҷӣ аввал доруҳои табиии истеҳсоли ватаниро ба бемор тавсия диҳанд. Ҳангоми дар истеҳсоли ватанӣ набудани доруи зарурӣ он гоҳ доруи воридотиро тавсия бояд дод.
Кормандони дорухонаҳоро низ лозим аст, ки гӯшаи доруҳои истеҳсоли Тоҷикистонро дошта бошанду ба мизоҷон дар мадди аввал доруи ватаниро пешниҳод кунанд. Медонам, ки ширкатҳои хориҷии дорусозӣ бо собиқаи 50-100-солаашон хеле бой, ба духтурону провизорҳо ҷоизаҳо пешниҳод мекунанд. Ширкатҳои ватанӣ чунин имконро надоранду мисли тифли нав роҳгардиро ёдгирифтаанд. Агар ҳаряки мо аз духтуру провизор сар карда, то муҳандису омӯзгору коргари оддӣ ба маҳсулоти ватанӣ арҷ гузорем, баъди чанд сол дар хориҷа маҳсулоти «Made in Tajikistan»-ро дида ифтихор хоҳем кард.

Абдулазиз Раҷабов,
бо тахаллуси «Ҳоҷӣ-пиёда», н.Ҳамадонӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter