ХАБАРИ ДОҒ


Солҳои ахир дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чизҳое нашр мешаванд, ки рӯзноманигорон ва умуман ҷомеаро нигарон кардааст. Баъзеҳо ба хотири ғаразҳои мазҳабӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ, ки натиҷааш фақат ва фақат беобрӯкунии миллат аст, сабтҳои гуногунро дар сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ мепартоянд. Эшон фикр намекунанд, ки ин шабакаҳои ҷаҳониянд ва набояд сухани хонаро ба бозор баровард. Ҳизбиҳои мухолиф ба хотири ғаразҳои ҳизбӣ, кину ҳасаду дигар манофеъ, барои сиёҳ кардани рақиби сиёсӣ миллатро фаромӯш кардаанд. Яъне, дар ин муборизаҳо фақат миллати тоҷик ҷабр дида истодаасту халос.
Оппозитсияи номард
Чунин менамояд, ки гурӯҳ ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ аз дастгоҳи бузургу тавоно-журналистика суистифода мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадафҳои худ аз таълимоти ҳазорсолаи миллати соҳибтамаддун, мисли ҷавонмардӣ, футувват, хоксорӣ, меҳрубонӣ, мардумозорӣ ва туҳмату хиёнат накардан, қадри дӯстӣ, хубиро донистан, дурӯғ нагуфтан, рост гуфтан, рафтору гуфтору пиндори некро шиори худ кардан…рӯ тофтаанд. Аксари эшон ноҷавонмардона аз ҳеҷ шармандагие, дурӯғе, туҳмате рӯ наметобанд. Барои эшон на манфиатҳои миллӣ вуҷуд дорад ва на арзишҳои муқаддаси миллӣ-динӣ. Ман дар ин ҷараён рӯзномаву нашрияҳои маҳаллӣ ё ватаниро муқассир намедонам. Зеро эшон ҳар танқиде карданд, ин дохилӣ буд, барои ислоҳи худамон буд. Рӯзноманигорони ватанӣ ҳеҷ гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки берун аз ҷумҳурӣ фаъолияти моро муаррифӣ мекунанд, ҷор назадаанд. Онон барои беобрӯ кардани ҳамватани худ саъй накардаанд. Рӯзноманигорони мо меъёрҳои ахлоқи журналистиро риоя мекунанд, пос медоранд.
Шармандаҳои миллат
Шармандакунандаҳои миллатро мо кӯтоҳ карда «Шармандаҳои миллат» мегӯем, зеро онон асосан худро шармсор кардаанд. Кистанд ин «Шармандаҳои миллат»?
1.    Сабткунандаҳои завқӣ (любител). Инҳо журналист нестанд, одоби журналистӣ, этикаи рӯзноманигориро нахондаанд, аз ин рӯ, намедонанд, ки чӣ менависанд ва аз натиҷааш низ бепарвоанд.
2.    Телефонбадастони кӯчагӣ, ки аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд.
3.    Фейкҳо. Ё беномҳо ё номҳои сохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ягон зарра масъулият ҳис намекунанд. Ҳар чӣ хоҳанд менависанд, ҳар сабт-сурат-видео хоҳанд мепартоянд. Онҳо аз касе мехоҳанд қасос гиранд, аммо дар маҷмӯъ фикр намекунанд, ки обрӯи миллатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мерезонанд.

Обрӯи миллат аз ҳама болост!
4.    Ин бояд шиори ҳар нафар қаламбадаст бошад! Журналисте, ки аз дарси Этикаи рӯзноманигорӣ гузаштааст, инро мефаҳмад. Муроҷиати ман ба телефонбадастони камтаҷриба аст, ки бепарвоёна сабт мекунанд ва дар инет мепарокананд. Агар сабте ё навореро дар Ютуб мепартоӣ, пас фикр кун, ки оё ин ба обрӯи миллат лакнат ворид намесозад?! Агар танқидеро дар фейсбуки тоҷикӣ мепартоӣ, ҳангоми тарҷумаи он ба русӣ андеша кун, ки ба номи миллат иснод намеорӣ?
1)    Мехоҳӣ, дуздии олимеро нишон диҳӣ? Хуб, аммо обрӯи миллатро андеша кун.
2)    Мехоҳӣ, зани фоҳишаеро расво кунӣ, хоб, вале обрӯи миллатро фикр кун.
3)    Мехоҳӣ, ошхӯрии мардумро ба намоиш гузорӣ, хош, вале, аммо, лекин обрӯи миллат чӣ мешавад?
Ва ғ…
Ҳаргиз нагӯед, ки мо зидди танқидем. Вале интиқоди мо танқиди дохилӣ бояд бошад. Онҳое, ки дар хориҷ аз Ватананд, ин масъулиятро беҳтару хубтар дарк мекунанд. Онҳо занг зада, ба мо мегӯянд, ин чӣ гап аст, шарманда шудем. Онон дуруст мегӯянд, вале тақсир дар мардум нест. Балки дар паҳнкунандагони он аст, ки гуфтам.

Саъдӣ Маҳдӣ,
журналист


Аз СССР: Мақомот имрӯз қудрати кашф ва дарёфти ҳар Фейку муаллифи ҳар наворро доранд. Медонем, ки доранд! Зимнан ҷои пайи журналистони реалӣ кофтуковгузарониҳо бояд чунин сакалтуҳои бодоварди интернетиро пайдо ва ҷарима банданд. Нагӯед, озодӣ маҳдуд мешавад. Озодӣ ба шармандасозии миллат ҳич алоқамандие надорад. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter