ХАБАРИ ДОҒ

Туризм ва имиҷи пистаи Тоҷик

  • Чоршанбе, Дек 05 2018


Агар шахсе ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Бадахшон сафар намояд, гоҳо аз шоҳроҳи Бохтар-Данғара мегузарад. Дар 2 тарафи роҳ сохтмону иншооти зебою дилкаш, дарахтони гуногун ва буттаҳои ҳархела дида мешавад. Замони Иттиҳоди Шуравӣ дар заминҳои шафати шоҳроҳ, хосса, мавзеъи Паси Гаҷ  тахмин 40-50 сол пеш бо тавсияи олимон шинонидану парвариши дарахтони пистаро, ки ба пистаи бодғис шабоҳат дорад, ба сомон расониданд, ки ин мероси хуб аст, зеро мегӯянд дарахти писта 300 сол умр мебинад. Аммо дар баробари дарахтзоркунии кӯҳу доманаҳо ҳолати ҳузнангезе низ ба чашм мерасад, ки инсонро ба ғазаб меорад. Чунки зери пистазор аз шафати роҳ тақрибан дар масофаи 10-15 метр гӯристоне пайдо шудааст, ки аз рӯи одоб нест. Дар соли Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ҷаҳонгардон бештар аз ин масир убур мекарданд ва яқин, ки ба ин бархӯрди мо бо мурдагон назари нек надоштанд ва ин ҳол имиҷи пистаи тоҷикро низ поин мебарад.
 
Мазор ва писта
Аён, ки ин гӯристон солҳои 1990, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омадааст ва боварнокарданист, ки пистазори он соҳиб надошта бошад, ё хусусӣ нашудааст. Ё агар он дар мувозинати давлат аст, пас ин рафтор ба қаҳрамонҳои асари «Сафар аз Пертербург то Маскав» шабоҳат дорад. Дар одобу хиради ҳама динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дини мубини Ислом ризқу рӯзии аз мазор ёфтанро маҳкум кардаанд. Дар Таърихи Табарии Балъамӣ, дар ҳошияи зикри насаби паёмбари Ислом (с.) оид ба дарёфти ризқу рӯзӣ аз қабристон таъкиди ҷиддӣ омадааст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Дар ин маврид Ҷомӣ ҳам меафзояд:
Дорем зи шоҳи Ҳамадон чашм, ки боз,
Эмин шавад аз ҳаром, он роҳи дароз.
Аз ҳама ташвишовар, ин аст, ки муллое зери ин пистазор нишаста, тиловати Қуръон мекунад ва боз меваи  аз устухони одам баҳра гирифтаро барои истеъмоли худ ва барои фурӯш ҷамъ меорад. Хуб мешуд, ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар самти ба низом даровардани қабристонҳо муллоҳо ва ё имомхатибон дастур бигиранд.

Ҳоҷӣ Исмоил ва подачарои гӯристон
3-4 сол пеш зимни 1 ҷаноза дар н.Дӯстӣ (Ҷиликӯл) домуллои муътабари мо-Исмоил Пирмуҳаммадзода сухан гуфтанд. Ман ба ӯ рӯ оварда бо риояи одоби шарқиёна гуфтам, ки домулло хуб мешуд, оид ба подаи болои қабрҳо назари худро бигӯед. Домулло мардумро боздошта хитоб кард, ки «ин оғо дуруст мегӯяд, ин амал нохуб аст ва сари ислоҳи он бошед». Хуллас, бовар надорам, ки ин гӯристони навтаъсис бо қарори дахлдори мақомот ба вуҷуд омада бошад.

Талбон Сафарови Мункӣ,
собиқадори прокуратура, н.Вахш, тел: 93 551 64 48

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter