Принт

Якрӯву накӯном буд...

Барои ман даргузашти устоди бузургворам, муаррихи донишманд, журналисти варзида, профессори нуктасанҷ Абдусаттор Мухторов хеле дардовар ва аламангез буд. Дигар он хирадманди суҳбаторо нест, ки ҳар замон зангам мезад, то ба дидораш равам ё садояш мекардам, ки меоям. Аз миён чанд рӯз гузаштаву ҳанӯз ба худ наомадаам. Ҳамин ҳоло бештар эҳсос мекунам, ки ин шахси бароям бениҳоят азиз, падари маънавӣ, устоди гиромӣ ва дӯсти беҳтарин дар зиндагиам ҷойгоҳи арзанда ва хосеро сазовор будааст. Сидқан ва бо ифтихор мегӯям, ки ӯ бароям дар мақоми устодӣ дар ҳукми падар буд ва ба ман бешубҳа ҳаққи падарӣ дошт. Аз ин ҷост, ки симои беғубору нуронияш пеши назарам ва суханони дилнишинаш дар гӯшам садо медиҳанд:

-Ин писари якуми ман дар илм аст...

Ин ибораест, ки борҳо аз забони устод бо меҳр ва фахр садо медод, зеро воқеан шогирди нахустини ӯ дар соҳаи илм будам. Дар муносибат бо ӯ ҳамеша ҳидояти Шайх Саъдӣ: “Ҳаққи устод аз падар беш аст...”-ро мадди назар меовардам. Ӯ ҳам мисли падарам камгап буд. Ҳар 2 ҳавобаландиро намеписандиданд, хоксории аз ҳад фузун низ мақбулашон набуд. Ботинан 1 ғурур ва виқори ҷавонмардона доштанд. Ин ашхос пеши касе сар хам ва дасти тамаъ сӯи касе дароз намекунанд.

Намедонам, аз кадом хислатҳои ин марди наҷиб сухан гӯям. Ба андеша меравам, касе, ки аз падар 5-сола ятим мондааст, шояд қадри рӯзгору зиндагӣ, қадри умри одамиро медонист. Ҳеҷ гоҳ онро беҳуда намегузаронд. Ба касе бухле надошт. Ҳасодат намекард. Умуман, ҳирс ба моли дунё надошт, илло ба илм. Фарзандонро низ ҳамин гуна тарбият мекард. Аз ин ҷост, ки Фотеҳ падарро бо меҳр ба ёд меорад:

-Зимистони с.2002 буд. Моро ба деҳа ба ҷаноза хонданд. Бибиям даргузашта буд. Аввал бо падар ва модар бо тайёра то фурудгоҳи Хуҷанд омадем ва баъд савори мошин ба Шаҳристон раҳсипор шудем. Расидан замон гуфтанд, ки барфи зиёд роҳи ағбаро бастааст. Гузаштан ҳеҷ имкон надорад. Аз ними роҳ баргаштем. Дигар илоҷ набуд. Шаб дар н.Спитамен (собиқ Нов) мондему  катра-қатра ашк аз рухсори падар сарозер мешуд. Ҳарчанд мехостам, ҳарфе намеёфтам, ки тасаллояш диҳам... Пеши назараш бачагии пуразоби ятимӣ ҷилвагар мешуд. Охир, қиблагоҳ аз падар барвақт ятим монда буд. Замоне, ки гарму сардии зиндагӣ ночашида, хубиву бадиро сарфаҳм нарафта, падарро аз даст додан магар осон аст? Шояд он соат, ки ба ҷанозаи модар нарасид, боз он рӯзи шум ба ёдаш омад. Аз ин рӯ ба назар ҳузнангез менамуд...

 Рӯзи марги падари паҳлавонсураташ ҳавлии Мухтор мотамхона буд. Тамоми наздикону пайвандон гирёну сархам, модараш навҳакунон мӯю рӯ меканд, охир ӯ бо 2 тифли хурдсол танҳо монда буд. Абдусаттори кӯчак бо дӯстонаш-Очилу Раҷабалӣ ва дигар бачаҳои Некнот думболи тобут медавид, то ба ӯ низ аз маблағи хайрот насиба диҳанд. Намедонист, он насиба аз хайрот не, балки мӯҳри ятимии ӯст, ки ба дасташ мегирад. Модар бо чӣ ранҷу азоб барои ӯву додаракаш Мухторҷон пораи ноне дарёфт мекард. Ёд дорад, ки соли наҳс, соли шуми дуюми ҷанг дар ҳар хона гуруснагӣ буд. Чархаи ресандагиашро модар бо ним пуд гандум иваз ва хона омада, аз он каме гандумбирён кард. Дар интизори он гирди оташдони модар чашм аз дегу аз алов намеканд. Ҳайрон буд, ки чаро модар ҳар дам бо нӯги рӯймоли куҳнааш ашки чашмонашро тоза мекунад. Охир гандум ҳаст-ку. Дигар ӯву додараш гурусна намемонанд. Чӣ медонист, ки ин ним пуд гандум тайи чанд рӯз мерасад ва баъди он модарро боз чӣ ташвишҳое интизор аст...

Таърихшиноси ТОҶИК

Китобҳои зиёде доир ба таърихи халқу кишвар аз қабили “Таърихи халқи тоҷик”, “Сомониён: замон ва макон” ва даҳҳо асарҳои таърихии дигар таълиф намуд. Орзуҳояш дар даврони истиқлолият ҷомаи амал пӯшид... Устод ситоишро дӯст намедошт. Фарзандонро низ тавсифи зиёд намекард. Аз дастовардҳои онон ботинан шод мешуд, вале зоҳиран хомӯш буд. Лек марги бемаҳали ҷигарбандонаш қалбашро хунчакон намуд. Заррина якбора ба касалии бедавои саратон гирифтор шуду дар 21-солагӣ даргузашт. Писари хурдӣ-Шаҳбоз, ки аз айёми тифлӣ бистарӣ буд, умри дароз надид. Манижа бо 2 фарзандаш дар садамаи автомобилӣ фавтида, волидонро боз бештару бештар дар ҳасрат ва ғам андохт. Марги бемаҳали додари ягонаи устод Мухтор ба ин ғамҳо ғуссаи дигар зам намуд. Вале боз мусибати дигаре рух дод. Арӯси 1-солаи писараш Фирдавс-Макнуна ҳангоми зодани тифли нахуст бо ҷигарбанди хеш аз дунё гузашт. Марг боз ба лаби домони домодаш-шавҳари духтараш Фараҳноз гирифт ва ӯро низ рабуд. Ӯ ғами чун кӯҳро таҳаммул мекард. Фақат оҳи сард мекашид. Худ андуҳ дошту даруннокӣ ғусса мехӯрд, вале боз дар фикри ҳамсараш буд:

-Ба ӯ мушкил. Модар-дия. Ман берун аз хона, ба кори хеш андармон мешавам. Вале ӯ...

Устоде, ки устодонро мепарастид

Аминам, ки устод дар одамгарӣ ва рафоқат мактабе дошт, ки мо наздикон, шогирдону дӯстони ӯ бояд аз он омузем. Аз устодаш Зариф Раҷабов ҳамеша ба некӣ ёд мекард: “Ман падари хешро кам дар ёд дорам, Хоналӣ. Устод Зариф Раҷабов дар тарбияи ман чун падар ва ҳатто аз он бештар заҳмат кашидаанд. Аз чунин инсоне ба мисли ӯ мо на танҳо таърихро, балки одамият, инсонигарӣ, масъулиятшиносӣ, рафоқату саховат ва ҷавонмардӣ омӯхтем...”.

Устоди ман, Абдусаттори ҷавон, ки он айём мухбири “Комсомоли Тоҷикистон” буд, дар маҳфилҳое, ки устодаш З.Раҷаб баргузор мекард, бо шахсиятҳои бузурге мисли М.Турсунзода, Н.Маъсумӣ, Б.Раҳимзода ва С.Улуғзода ҳамхону ҳамнишин мешуд. Ҳатто ҳангоме ки устод Улуғзода бо баҳонаи хиёнати писараш Азиз азият кашида, ба фишори сахти идеологӣ рӯ ба рӯ шуд, пинҳонӣ аз дигарон, шабҳангом бо З.Раҷаб ба дидорбинии адиб мерафтанд. Ман аз ӯ маҳалгаро набуданро ёд гирифтам. Аз ин инсони оқил қаноату сабр, рафоқат ва расми дӯст гирифтанро омухтам. Ӯ инсоне буд, саропо бохирад, бомаърифат, босабру тоқат, олиҳиммат, бетамаъ. Ёдам ҳаст, вақте писараш Фаридун хост, қиблагоҳашро ба зиёрати Хонаи Худо фиристад, гуфт: “Он маблағро ба 3 нотавону нодор деҳ, писарам, савоби бештар мегирӣ...”.

Фарзанди шӯравӣ

Аз 10-солагӣ дар ятимхона бузург шуда, тарбияи шӯравӣ гирифта, ба қавле коммунисти яктану якрӯ гардид. Билети ҳизбиашро напартофт. “Ман 1 ҳизбу 1 рӯ, 1 дилу 1 забон дорам”-мегуфт устод. Воқеан ҳамин тавр буд. А.Мухторов инсоне буд саропо хираду маърифат ва сазовори зиндагии шоиста. Аз даргузашти Ӯ муддате гузашта бошад ҳам, матбуоти даврӣ ва расонаҳои хабарӣ дар бораи ӯ хотираҳои неки наздикону пайвандон ва шогирдони устодро пайваста нашр мекунанд, ки ба эшон барои қадрдонӣ 1 ҷаҳон сипос мегӯям. Ёдат ба хайр, рӯҳат шод, хонаи охиратат обод бодо, устоди азиз ва ҷавонмарди накуном!

 

Хоналӣ Қурбонзода,

доктори илмҳои таърих, 21.01.2019

 

Матлабҳои дигар