Принт

Ба китобгурезӣ бовар надорам!


Ман кадри СССР-ам. Соли 1967 УДТ ба номи Ленин (ДМТ)-ро хатм кардам. Соҳиби маълумоти олӣ шуда, бо ихтисоси филолог-муаллими забон ва адабиёти тоҷик фаъолияти меҳнатиро оғоз намудаам. Тасмим гирифтам, мақолае дар бораи «Муаллим ва дарси ӯ» нависам…

Муаллимӣ ҳунар аст, на касаба!
Муаллимӣ касб неву ҳунар аст, заррофӣ, нозукандешӣ ва ҳавсала мехоҳад. Муаллим бояд ошиқи ҳунари худ бошад, агар дониши худро ҳамарӯза сайқал надиҳад, бозомӯзӣ накунад мисли тир дар торикӣ андохтан аст. Омӯзгори адабиёт метавонад умед, завқ, шавқу шеъру ишқу ростӣ ва донишу имонро, ки воситаи камоли инсонист, дар дилу мағзу хуни шогирд бикорад, борони раҳмат ва баракат ба замини поку беолоиши зеҳн ва қалби шогирд боронад. Муаллими адабиёт бо нутқи шевои худ метавонад ба шогирдон огоҳӣ ва ҳушёрӣ диҳад, бедориву бурдборӣ омӯзонад, ба худшиносии миллӣ роҳандозӣ кунад. Ҳар байти Рӯдакиву таҳлили достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, ғазалиёти безаволи Ҳофизу Камол, насри Улуғзодаву Фазлиддин Муҳаммадиев…, назми дилангези Турсунзода ва ҳазорҳо пора шеъру каломи фаровони дилангез дар ихтиёри муаллими адабиёт аст.
Муаллими адабиёт бояд аз «Қуръон» ва тафсирҳои он огоҳӣ дошта бошад, зеро «Каломи Шариф» барои бисёре аз шуаро ва уламои мо манбаи илҳом ва рушди калом аст. Шукри беандоза аз Истиқлолият, ки имрӯз натарсида ба забони модарии худ «Қуръон» мехонем! Азбаски, банда дар оилаи омӯзгор тарбия ёфтааму ҳунари муаллимиро пешаи худ интихоб кардаам, падари бузургворам Бобоҷон Ҳусейнов, бародари Шарифҷон Ҳусейнзода руҳашон шоду манзилашон обод бошад, насиҳат карда гуфта буданд, ки «муаллим, ки шудӣ, чунин қоидаҳоро риоя намо:
-Аввал, синфро идора карда тавон, агар натавонӣ аз баҳри пешаи интихобкардаат баро.
-Сонӣ, барои шогирдонат худро қурбон намо, зеро бурду бохти онҳо, бурду бохти туст!
-Ба онҳо чун рафиқ муносибат намо.
-Барои хонандагонат намунаи ибрати одами замонавӣ шав. Зоҳиру ботинат ҷавобгӯи талабот бошад.
-Ҳама вақт дар зоҳири ҳар як шогирдат боигарии ботинии фардиашро биҷӯ, онҳо беохиранд.
-Ба имкониятҳои ҳар шогирдат бовар намо, ёрӣ расон ва барои амалӣ шудан ва такмил додан мадад расон.
-Ба шогирдонат зарар нарасон, қасд нагир.
-Дар такмил додани маҳорати худ ҳамеша бикӯш, чунки хонанда ҳама вақт чизи навро шунидан ва донистан мехоҳад. Дарси якранг бачаро дилбазан мекунад…

Синф саҳнаи зиндагонист!!!
Аз диди ман, синф саҳна асту шогирдон тамошобин, ман ҳунармандам ва нақш мебозам. Чашмакони ҷаззоби толибилмон ба ман нигаронанд, гӯё дар наздашон имтиҳон месупорида бошам. Вобаста ба мавзӯъ дар дарс ҳам хониши бадеӣ, ҳам сурудхонӣ, ҳам ҳазлу мутоиба, ҳам ҷиддият ҳукмфармост. Дарси якранг хонандаро дилгир мекунад. Бинобар ин, муаллим кӯшиш намояд, ки дар дарс чизи наве бигӯяд, хонандаро ба дарс ҷалб созад. Омӯзгороне ҳастанд, ки аз маводи китоби дарсӣ намебароянд. Маводи китоби дарсӣ барои хонанда аст. Муаллим бояд дар атрофи маводи китоби дарсӣ чизи нав бидиҳад. Барои ин заҳмат кашидани устод лозим аст. Асарҳоро-чи назму чи наср, ба пуррагӣ бояд аз худ кунад, ҷойҳои ҷолибашро бевосита аз ёд карда ба хонандагон хонаду фаҳмонад. Ҳамон вақт тири муаллим ба нишон мерасад… Дар натиҷаи рангин гузаронидани дарс дар дили шогирд ҳаваси хондани асари бадеӣ пайдо мешавад. Барои тасдиқи фикр мисолҳо аз таҷрибаи кориам бисёр аст. Барои намуна 2 мисолеро оварданиам:
1.Дар синфи 6-7 аз повести Ҷумъа Одина «Иншо дар мавзӯи озод» пораеро қироат кардам. Дар порча сухан дар бораи наврасони ҳамсинф мерафт. Ҳазлу шӯхӣ, аз дарсгурезӣ, ба ҳамдигар лақабмонӣ…, ки хоси мактаббачаҳо буд. Пора писандашон омад, хандиданд хушҳол шуданд, давомашро хоҳиш карданд. Гуфтам: -Агар шавқатон бедор шуда бошад, ҷӯянда-ёбанда, кобеду хонед, ба ман нақл кунед, 2-то баҳои «5» мемонам. Ёфтанд, хонданд, нақлаш карданд, мукофоташро гирифтанд ва Офаринашон гуфтам!
2.Дар синфи боло мавзӯи таҳлили достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ буд. Ҳини баёни мавзӯъ 2-3 пора ҷои ба хонандагон маъқулашро аз ёд хонда, ҷое, ки дар китоби дарсӣ набуд, нақл кардам. Дар синф хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Шогирдон давомашро интизор буданд. Супориш додам, ки давоми қиссаи 2 дилдодаро худашон ёфта хонанд. Чи мегӯед, ки ёфтанду хонданд, ҳатто яке аз онҳо аз бозори «Корвон» достони ба наср баргардондаро ёфтааст, ки бехабар будам. Бо ҳамин баҳона, ман ҳам соҳиби китоб шудам.

Айб дар кӯдак нест, дар муаллим аст…
Бо ин гуфтаниам, ки бачаҳоро айбдор накунед! Завқи шогирдонро бедор кунед. Барои ин, пеш аз ҳама худи муаллим намунаи ибрат бошад! Албатта, ин кор заҳмат металабад. Чӣ бояд кард? Муаллимиро, ки ихтиёр кардем, заҳмат бояд кашид! Вагарна комёб нахоҳем шуд! Ҳунари муаллимӣ беҳавсалагиро намепарастад. Ҳеҷ гоҳ шахси тасодуфӣ муаллими хуб шуда наметавонад! Ҳол он ки дар байни омӯзгорон шахсони тасодуфӣ кам нестанд… Алҳол, дар ҳалқаи фарзанд, набера ва аберагон давлати пирӣ меронам. Дилам ба касбам гум мезанад, ёд мекунам… Тез-тез ба мактаб рафта дар дарсҳои наберагон иштирок мекунам. Баъзан ба хонандагон дилам месӯзад: Муаллим ба дарс дер меояд. Синф мағал бардошта мешинад, дар натиҷа дарс нимкола мегузарад. Мақсади дарс ҳалли худро намеёбад. Дар хусуси гуфтори омӯзгор эрод гирифтан хоҳиш надорам, чунки сухан гуфтан беҳуда… Барои пешрафти кор 3 андеша дорам:
1.То Истиқлолият дар мактабҳо дарсҳои муштарак вуҷуд доштанд. Хонандагони 1 мактаб ба дигар мактаб рафта дар дарсҳо иштирок мекарданд. Ин усул муаллим ва шогирдро ҳушёр мекард. Мабодо дар байни бегонагон шарманда нашаванд!
2.Тариқи ТВ дарсҳои телевизионӣ намоиш дода мешуд. Дарсҳои муаллимони беҳтарин бо шогирдон ё дар мактаб ё дар ТВ намоиш дода мешуд. Ҳар 2 усул ҳам ба пешрафти донишандӯзӣ ва сифати таълим мадад хоҳад расонд.
3.Дар синфхонаҳо «Гӯшаи синфӣ» буд. Дар он ҳатман вобаста ба синну сол рӯйхати адабиёти бадеӣ тавсия дода мешуд. Хонандагон он китобҳоро ёфта мехонданд ва муаллим таҳти назорат мегирифт.
Имрӯз шикоят дорем, ки шогирдон китоб намехонанд. Ба ин бовар намекунам! Муаллим, агар ҳавсала дошта бошад, касбашро дӯст дорад, ҳама гуна роҳу равишро истифода бурда шогирдашро китобхон карда метавонад! Шогирдонро дӯст доред, чунки ҳамин мактабу хонанда ҳаст, ки муаллим бо онҳо кор мекунад, маош мегирад ва зиндагиашро обод мекунад! Мо Ме-та-во-нем!

Каромат Ҳусейнова,
омӯзгори собиқадор, ш.Душанбе

Матлабҳои дигар