ХАБАРИ ДОҒ

Садамаи мудҳиш дар маркази Душанбе!

  • Якшанбе, Март 24 2019

Шаби 23.03.2019, соатҳои наздик ба 11, дар маркази шаҳри Душанбе, дар майдони Исмоили Сомонӣ, назди бинои Почтамт мошини "Лексус 350” (рақ.дав.15 55)-и Кабири Аваз, писари Аваз Кабиров, молик ва роҳбари бозори "Султони Кабир”, ки аз самти СУМ (Универмаги марказӣ) меомад, ҳангоми кафидани чархи мошинаш, чанбарро идора карда натавониста, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. Дар даруни мошин, ба гуфтаи шоҳидон, 3 нафар будаанд. Тибқи манобеъи хабарии СССР, Кабири Аваз ин ҳангом аз 1 тӯйе ҳамроҳи дӯстонаш меомад, ки дар чунин садама гирифтор шудааст. Ҳоло Авазхон Кабиров-падари ӯ, ба дари хонаи 2 нафар ҳамраҳони писараш, ки дар ин садама ҷон бохтаанд, барои изҳори тасаллият рафтааст… Худи Кабир хушбахтона зинда асту таҳти муроқибати табибон қарор дорад!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter