Принт

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Ёде аз ҳамкасби гиромӣ ва ҷавонмард...

 8.04.2016. Соат ба вақти Конибодом 11:37 дақиқа.

Раёсати газетаи мардумии СССР, сайтҳои интернетии www.football.org. Ва www.cccp.tj аз ҷамоати Лоҳутӣ, даҳаи Қарақчиқуми н.Конибодом, аз ҳавлии беҳтарин, хубтарин ва ҷасуртарин хабарнигораш-Раҳими Ашроф, ки дар синни 50-солагӣ ба таври ногаҳонӣ, моҳи декабри соли 2015, фавтида буд, дидан кард. Ҳадаф аз ин дидор, фотеҳа ба арвоҳи марҳум ва поси хотири эшон буд. Зеро Раҳимҷон Ҳасанов-маъруф бар Раҳими Ашроф аз патриоттарин фарди ҷомеаи Тоҷикистони навин буд, ки дар тӯли 2 сада, асрҳои 20 ва 21 бо муштҳои идеологӣ ва воқеӣ аз Шараф, Нанг ва Ори миллӣ ҳифз мекард. Раҳими Ашроф воқеан ҳам Мард бо ҳарфи Бузург буд. Дар тӯли 2 соли хизмат дар Армияи Советӣ ва 2 соли «дисбат»-зиндони сарбозӣ, ки барои ҳифзи Шарафи Тоҷикият ҳабсаш карда буданд, Ӯ заррае Оби рӯи Миллатро нарехт. Баракс, бо шунавидани номи «Рахим-Таджик» дар пӯстини русу ӯзбаку қазоқу қирғизу қафқозӣ... мурғак медамид. Баъд аз бозгашт аз Армия ва зиндони сарбозӣ, Раҳими мо донишашро дар Донишгоҳи Миллӣ, ки қаблан таҳсил мекард, такмил дод. Аз нахустин журналистони Давлати соҳибистиқлол буд. Фаолияташро аз соли 1992, баъди пошхӯрди СССР-давлати ягонаи фаромиллӣ, дар Радиои Тоҷикистон оғоз кард. Баъд аз шуруъи ҷанги гражданӣ ва сари кор омадани ба ном Ҳукумати муросои миллӣ, ки дар асл АНАРХИЯ ном дошт, ҳаргиз ҷои корашро тарк намекард. Вақте ки дар Душанбе хаоси том ҳукм меронду дар Радио ягон нафар набуд, тани танҳо бо 1 кампираке барномаҳои радиоиро чанд рӯз пеш бурд, то мардум аз хаоси том ва анархия дарак набарад... 

Раҳимҷон ТАРС надошт. Вуҷудаш орӣ аз ҳарос буд. Зимнан чун аскари қаторӣ ҳамеша дар окопи пеши манфиатҳои миллат набард мекард, ҳарчанд метавон дар ин ҷода Ӯро генерали мардумӣ хонд. Корро дар СССР аз соли 2008 шуруъ кард. Хеле хабарнигори фаол буд ва метавон гуфт, ба журналистикаи патриотӣ дар вилояти Суғд маҳз Ӯ ҳусни оғоз бахшид!

Шояд дигарон надонанд, вале Раҳими Ашроф аз тоҷирони муваффақе буд, ки ҳаргиз маош, ҳаққи қалам талаб намекард. Баракс, мегуфт, СССР газетаи патриотист ва ману моҳо бояд ӯро маблағгузорӣ кунем. Беш аз 70 мақолаи патриотӣ, ватандӯстӣ, ватанпарастӣ навиштааст. Аз нуқтаҳои доғ, ҷангу ҷадалҳо бо қирғизон менавишт. Ягона нафарест, ки марзи қирғизро бо факт исбот кардаву аз роҳи мошингарди мавзеъе аз Конибодом, то 100 га дуртарак партофт: Ӯ дар он ҳангом худаш нафареро ҷуста ёфта буд, ки дар соли 1950, ҳини марзбандии РСС Тоҷикистон ва РСС Қирғизистон капсулаи нисбиро таки хок карда будааст. Маҳз ин капсулаи таърихӣ даҳони хомталошони қирғизро, ки ҳанӯз ҳам сӯи марзи мо лаб лесида менигаранд, баст. Дар аксари ҳолатҳо факту далел, мақолаҳои воқеии Раҳим аз ҷои ҳодиса қирғизҳоро дар ҷои худ мешинонд. Ӯ ягона нафаре буд, ки дар баробари хомӯшии тарсолудаи Радио, ТВ ва расонаҳои расмии давлати мо бар зидди садҳо расонаи давлативу ғайриҳукуматиии Қирғизистон, ки фазои иттилоотиро бо газофу дурӯғ пур мекарданд, истодагарӣ намуда, аз ҷои ҳодиса матлаб менавишт, ки Раҳмати Ҳаққ бар рӯҳу равонаш бод!!!

Аз сӯи дигар Раҳими Ашроф аз ангуштшумор тоҷирони муваффақе буд, ки ҳисси ҳуббулватанаш болотар аз пулу молу манолаш қарор дошт. Ҳар нафаре Раҳимҷонро медонад, низ медонад, ки Ӯ Давлатпараст буд!!! Ягон кас дар сӯҳбат бо Раҳими мо наметавонист зидди ҳувияти миллӣ, ғурури Тоҷикона ва Истиқлолияти кишвар ҳарфе занад. Раҳим даҳони чунин муддаиёнро бо мушти идеологиву реалӣ ҳатман мебаст!

Дар он рӯзи Ҷумъа, ки Раёсати газетаи мардумӣ ва Оҷонсии Иттилоотии СССР сари дастурхони пайвандони марҳум ҷамъ шуданд, сари ин вежагиҳои Раҳим сӯҳбат рафт. Ғайбулло Боҳирӣ-раиси н.Конибодом ва Абдумалик Эҳсонов-сардабири «Баҳри Тоҷик»-газетаи ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ низ дар ин сӯҳбат ҳозир буданд ва аз дастовардҳои илмиву касбии Раҳими Ашроф сухан карданд, ки мо аз ишон миннатпазирем.

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад! Ин шиори доимии мост ва қавл медиҳем, ки Раҳими Ашроф дар баробари даҳҳо нафар муаллифони мардумӣ ва аъзои Ихвон ал СССР, ки ба дунёи улвӣ пайвастаанд, ҳамеша дар ёди мо зиндаву ҷовиду абадӣ боқӣ хоҳад монд. То мо ҳастем-онҳо низ ҳастанд. Зеро Мо Метавонем!

СССР

Душанбе-Конибодом-Душанбе

 

Матлабҳои дигар