Принт

«Боғи Куруши Кабир» бо муҷассамаҳои Камолиддин Беҳзод ва Малика Собирова


  Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе боғи нав, ки дар буриши кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, гузаргоҳи дуюми Мирзо Турсунзода ва Шарифҷон Ҳусейнзодаи н.Шоҳмансур дар қитъаи замини масоҳаташ 4,3 гектар бунёд ёфтааст, ба «Боғи Куруши Кабир» номгузорӣ мегардад.
   Инчунин, гуфта мешавад, ки тибқи лоиҳа дар «Боғи Куруш» муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддин Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собирова гузошта шуда, «Боғи Куруши Кабир» дар масоҳати 4,3 гектар ба мувозинати МИҲД н.Шоҳмансури ш.Душанбе вогузор мегардад.


Матлабҳои дигар