ХАБАРИ ДОҒ

 

Шарифхони Тағоймурод-журналисти маскуни ш.Маскав, ки ба ватан баргаштааст, дар саҳифааш бонги изтироб зад, ки:

-Ҳой, мардум! Ҳафтаи гузашта, чанд рӯзамро сарф карда, ба зиёрати мазори Султон Увайси Қаранӣ ба н.Ховалинг рафтам. Вале дар газетаи СССР хондам, ки ин бузургвор дар ин ҷо гӯронда нашудааст. Пас, ман киро зиёрат кардам? Кӣ ба ман ин моҷароро шарҳ медиҳад?

Аз СССР: Воқеан ҳам аксарияти мазороти Тоҷикистон мазорҳои ифтихориянд, яъне дар онҳо ягон бузургвори ислом хоб нест. Мазори ифтихорӣ ин аст, ки мардуми мухлиси ин бузургворон, ки имконияти зиёрати қабри ишонро дар қораи Араб надоштанд, инҳоро бунёд кардаву тавоф мекарданд. Дар мазҳаби мо, зиёраташон қабул буд. Зимнан аз Шумо низ қабул аст! 

Дар ин бора чанд шумора аст, ки Ҳотам Асозода дар газетаи мардумии СССР менависад. Матлаби зер низ ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст. Мо Метавонем!

 

Абӯмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мӯсо Ризо с.845-847 дар Мадинаи мунаввара чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хонаводаи онҳо баъди чанд муддати зиндагӣ дар Мадина ба шаҳри Сомаррои Ироқ мекӯчанд. Муаррихон сабаби аз Мадина ба Сомарро тағйир додани макони иқоматро дар он дидаанд, ки эътибору шӯҳрат ва мақоми Ҳодӣ-падари Ҳасан, рӯз ба рӯз афзудан гирифт ва ин ҳолат ба халифа писанд намеомад ва ягона роҳи дар муҷодала нашудани худро бо халифа дар кӯчидан дид. Ӯ баъди 10 соли ба Сомарро омаданашон аз дунё гузашт. Тибқи васият ӯро дар хонае, ки мезист, ба хок супурданд. 

Номи дигари ш.Сомарро Мадинат-ул-аскарӣ буд, яъне онро шаҳри аскарҳо мегуфтанд. Дар ин шаҳр аскарони халифа иқомат доштанд. Ҳатто худи халифа дар ин шаҳр макони иқомат дошт. Калимаи аскарӣ дар номи Ҳасан ҳамчун ишорае ба макони зист илова шуд. Дар сарчашмаҳо номи модари Ҳасани Аскариро Савсан меоранд. Бархе аз маъхазҳо Ҳадиса гуфтаанд. Мутаассифона, дар бораи модари Ҳасан маълумоти аниқе мавҷуд нест.

 

Мазори Имом Ҳасани Аскарӣ куҷост?

Имом Ҳасан с.873-874 мелодӣ дар синни 28-29 солагӣ аз олам чашм пӯшидааст. Баъди вафоти ӯ дар Бағдод овозае паҳн шуд, ки имом баъди истеъмоли таоми заҳролуд фавтид. Дарвоқеъ, мухолифони хонадони Пайғамбар (с) ба ҳар кор қодир буданд. Баъди вафот ҷасади ӯро дар хоки Ироқ ба хок супориданд. Ва писари 5-солаи ӯ Муҳаммад (лақабаш Маҳдӣ)-ро ба маснади хилофат интихоб карданд. Бо вуҷуди он ки Имом Ҳасан имоми 11-уми аҳли ташайюъ аст, байни пайравони аҳли тасаннун маҳбубияти хос дорад. Ҳатто аз рӯи ихлоси баланд болои кӯҳи баланди н.Ш.Шоҳин (Шӯробод)-и вил.Хатлон маконеро бо номи ин шахси фозил мақбараи Имом Аскарӣ ном гузоштаву ба зиёратгоҳ табдил доданд. 

 Мардуми зиёд тобистону тирамоҳ болои кӯҳ баромада, вориди ғоре мешаванд, ки дохилаш назди чашмаи мусаффо қабри хоксоронае ба чашм мерасад. Ва ин қабрро ба Имом Ҳасани Аскарӣ нисбат дода, зиёрат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмонон ҳангоми зиёрат дар сӯрохии кӯҳи торик дуқат шуда, тахмин 30 метрро тай карда, то қабри ифтихориие, ки Имом Аскарӣ нисбат дода шудааст, мерасанд. Ҳини вуруд ба дохили ғор аз болои сари зоирон чакраҳои оби мусаффо мечаканд. Аҷобаташ ин аст, ки аз ғор берун шудан замон дар либос осоре аз чакраҳои борон мушоҳида намешавад.

Ҳотам Асозода

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter